Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия маҳбусони узбакро ба Узбакистон бармегардонад


Русияву Узбакистон тарҳи созишномаеро таҳия кардаанд, ки аз зиндонҳои Русия ба кишвари зодгоҳашон фиристодани ҳудуди 7000 маҳбуси узбакро пешбинӣ мекунад.

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев тарҳи созишномаи Русияву Узбакистон дар бораи табодули маҳбусонро тасвиб кардааст. Гуфта мешавад, тарҳи ин созишнома аз сӯи вазорати адлияи Русия таҳия ва бо дигар идороти зидахли давлатии ин кишвар ва ҳамчунин бо ҷониби Узбакистон мувофиқа шудааст.

Тарҳи “Созишнома миёни Федеросиюни Русия ва Ҷумҳурии Узбакистон дар бораи интиқоли афроде, ки ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд” рӯзи 4 май дар сомонаи иттилооти ҳуқуқии ҳукумати Русия чоп шудааст.

Дар тарҳи созишнома сабук кардани ҷараёни реабилитатсияи маҳкумшудаҳо” ва “зарурати таъмини эҳтироми ҳуқуқи инсон дар мавриди маҳбусон”-ро аз далелҳои аслии интиқоли онҳо ба кишварҳои зодгоҳашон барои идомаи адои ҳукм гуфта мешавад.

Дар банди шашуми тарҳи созишнома гуфта мешавад, ки интиқоли маҳбусон аз Русия ба Узбакистон танҳо бо ризоияти хаттии худи маҳбус ва дар сурати нотавонии ӯ ба далели син ё вазъи ҷисмониву равонӣ, бо ризоияти хатти намояндаи расмиаш сурат мегирад.

Бино ба омори расмии як сол пеш нашркардаи ФСИН – Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия, ки масъулияти умури боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои ин кишварро бар ӯҳда дорад, аз 564 ҳазор маҳбусони зиндонҳои Русия ҳудуди 28 нафарашро хориҷиҳо ташкил медиҳанд.

Дар маҳбасҳои Русия аз ҷумла 6 786 шаҳрванди Узбакистон, 2 964 шаҳрвади Украина ва 2 846 нафар аз Озарбойҷон адои ҳукм мекунанд.

Аммо дар байни маҳбусони хориҷии зиндонҳои Русия аз ҳама бештар – 7 786 нафар – шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки асосан бо ҷурмҳое, чун қочоқи маводи мухаддир, ғоратгарӣ, куштор ва тақаллуби аснод маҳкум шудаанд.

Наимҷон Ёқубов, коршиноси Ҷунбиши ҳуқуқи инсони Русия, ки вазъи зиндониён аз Осиёи Марказӣ дар маҳбасҳои Русияро пайгирӣ мекунад, рӯзи 4 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди нисбатан гӯё беҳтар будани шароити маҳбасҳои Русия аксарияти кулли маҳбусони хориҷӣ мехоҳанд ҳукми худро дар зодгоҳҳояшон адо кунанд. Аз ҷумла аксари маҳбусони тоҷику узбак.

Наимҷон Ёқубов
Наимҷон Ёқубов

​Наимҷон Ёқубов мегӯяд: “Ин чанд далел дорад. Аввал аз ҳама, дар сурати интиқолаш ба кишвари зодгоҳ маҳбус имкони мулоқотҳои бештар бо хешу табори худ ва гирифтани кумакҳои ғизоӣ аз наздиконашро пайдо мекунад. Далели дигар ин аст, ки аксари маҳбусони, барои мисол, тоҷик дар Русия бар асоси моддаи 228, яъне барои қочоқи маводи мухаддир, зиндонӣ шудаанд ваё барои ҷиноятҳои сангини дигаре, чун ғоратгарӣ. Ва имкони мавриди афв қарор гирифтани онҳо дар Русия назар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки қариб ҳар сол ягон қонуни афв қабул мекунанд, хеле камтар аст. Сабаби сеюм, албатта, бархӯрд нисбат ба хориҷиҳо дар зиндонҳои Русия аст. Онҳо ба далели мансубияти қавмӣ ва динӣ дар зиндонҳои ин кишвар аз сӯи маҳбусони бумӣ ва маъмурияти зиндонҳо таҳти озору бадрафторӣ қарор мегиранд.”

Тоҷикистон бо Русия созишнома дар бораи табодули маҳбусонро алакай имзо кардааст. Санади дигаре, ки масоили табодули маҳбусон байни кишварҳои Шӯравии собиқро танзим мекунад, Паймони Минск аст, ки ҳанӯз соли 1992 ба имзо расида буд ва Русия дар соли 2010 онро тасвиб кард.

Наимҷон Ёқубов мегӯяд, раванди интиқоли маҳбусон аз Русия ба Тоҷикистон орӣ аз фасод нест. Харҷи интиқоли маҳбусони тоҷик аз зиндонҳои Русияро маъмулан ҷониби Тоҷикистон ба ӯҳда мегирад. Ҳаҷми боҷи давлатӣ барои интиқоли як маҳбус, ба гуфтаи Наиимҷон Ёқубов, дар Тоҷикистон муодили 2400 доллар муқаррар шудааст. Вале дар асл, меафзояд ин ҳомии ҳуқуқ, хешовандони маҳбус бояд харҷи интиқоли ҳам ӯ ва ҳам ду посбони конвойро, ки барои овардани маҳбус ба Русия фиристода мешаванд, низ ба дӯши худ бигиранд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон соли гузашта дар парлумон гуфт, бо вуҷуди имзо шудани созишномаи табодули маҳбусон, дар як сол аз Русия ба Тоҷикистон танҳо аз 50 то 100 маҳбус барои идомаи адои ҳукм оварда мешаванд. Бо чунин суръат, ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, дастикам 150 сол лозим аст, ки Душанбе ҳамаи маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба Тоҷикистон баргардонад.

XS
SM
MD
LG