Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як дипломати украиниро дар ғайбаш 6 сол зиндонӣ кард


Петр Врублевский, сафири пешини Украина дар Қазоқистон
Петр Врублевский, сафири пешини Украина дар Қазоқистон

Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав қарори ҳабси сафири пешини Украина дар Қазоқистон Петр Врублевскийро содир ва ӯро дар ғайбаш ба 6 сол зиндон маҳкум кард.

Мақомоти Русия дипломати украиниро ба барангехтани бадбинӣ гунаҳкор донистанд.

Ба зидди Врублевский барои як изҳороташ дар соли 2022 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Ӯ дар моҳи августи соли 2022 дар мусоҳиба бо блогер Диас Кузаиров дар шарҳи ҳамлаи низомии Русия ба Украина гуфт, "талош мекунад, ҳар чи бештар русҳоро бикушад”.

“Ҳар қадаре, ки мо ҳоло мекушем, фарзандони мо ҳамон қадар камтар хоҳанд кушт", -- изҳор дошта буд сафири вақти Украина дар Остона.

Дертар масъулони Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар доданд, ки бо Врублевский суҳбат карданд ва ӯ барои ин суханҳояш маъзарат хостааст.

Ҷониби Русия аз Қазоқистон хост, Петр Врублевскийро ихроҷ кунад, вале Остона дар посух гуфт, ки дипломати украинӣ ба рухсатӣ меравад.

Президенти Украина Владимир Зеленский Петр Врублевскийро дар моҳи октябри ҳамон сол аз мақоми сафирии кишвараш дар Қазоқистон озод кард.

XS
SM
MD
LG