Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе пул ба сӯи "давлати пирӣ"


Ҳуқуқи шумораи қобили мулоҳизаи занони хатлонӣ ба кор ва ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷониби корфармоён нақз мешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин нуқта, Маърифат Зоирова, раиси кумитаи занон ва оилаи вилояти Хатлон, гуфт, теъдоде аз бонувон дар ҷануби Тоҷикистон ғайрирасмӣ - бе сабти фаълият дар дафтарчаи меҳнатӣ дар муассисаҳои хусусӣ заҳмат мекашанд. Онҳо феълан маош мегиранд, аммо азбаски фаъолияташон расмӣ нест, имкон дорад, ки дар оянда аз маоши бознишастагӣ маҳрум шаванд.

Хонум Зоирова мегӯяд: «Дар назар дорам он занҳоеро, ки масалан, дар ошхонаю дигар муассисаҳои хусусӣ кор мекунанд барои рӯзгузарониашон. Аммо аксаран дафтарчаи меҳнатӣ надоранд, дар ҷое корашон сабт намешавад ва гӯё онҳо бекор ҳастанд. Аз ҳисоби маоше, ки мегиранд, андози иҷтимоӣ намесупоранд ва ин боиси он мешавад, ки онҳо дар оянда, вақте бознишаста шуданд, бо мушкили нафақапулӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Агар онҳо бо корфармои худ шартнома дошта бошанд, маоши муайян, ҳуқуқ ба табобату истироҳат пайдо карда, собиқаи кориашон сабт мешавад, ки ба фоидаи худашон аст».

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои соҳибназарон, бештар аз ҳама занони машғул ба умури кишоварзӣ аз сӯйи кордиҳандаҳои худ ҷабри беҳуқуқӣ мекашанд. Занон дар Хатлон дасти кории арзон маҳсуб гардида, қисмати зиёди умури кишоварзиро маҳз онҳо анҷом медиҳанд.

Раҷабгул Тағоева, сокини ноҳияи Хуросон, мегӯяд, дар хоҷагии деҳқоние, ки кор мекунад, даҳҳо зани деҳотӣ машғули кишоварзӣ ҳастанд, аммо ҳақмузди онҳо саривақт дода нашуда, бо корфармои худ қарордоди корӣ надоранд. Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, занон ҳатто аз ҳуқуқи худ барои гирифтани суди молӣ аз саҳмияҳои худ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ истифода карда наметавонанд.

Ба иддаои таҳлилгарони маҳаллӣ, дар ҳоле ки 85 дарсади занони хатлонӣ саҳмдори хоҷагиҳои кишоварзии маҳаллӣ ҳастанд, натанҳо ба замин ва манобеи сармоягузорӣ дастрасии маҳдуд доранд, балки аз ҳуқуқу манофеи кории худ ҳам ҳимоят карда наметавонанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Райҳона Ҳақбердиева, раҳбари созмони ҷамъиятии мавсум ба «Дилафрӯз», дар ин иртибот мегӯяд: «Баъзе занҳои мо намедонанд, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ саҳм доранд. Маоши доимӣ намегиранд, кори зиёда аз меъёрро анҷом медиҳанд. Бисёр вақт дар ивази маош ғӯзапая мегиранд ва бо ин қаноат мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо занон нафақат дар қитъаи замини худ, балки ҳатто дар қитъаи замини бригадири худ ҳам кор мекунанд».

Бо таҷдиди собиқ колхозҳо ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, мушкили санадгузорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ афзуда, ҳамзамон истифодаи ғайрирасмӣ аз меҳнати занони рустоӣ дар кори саҳро низ рӯ ба афзоиш аст. Назира Сафарова, муовини сардори идораи кишоварзии вилояти Хатлон, ҳарчанд дар зикри шумораи занони машғул ба кишоварзӣ дар ҷануби Тоҷикистон мушкилӣ кашид, аммо гуфт, бахши аъзами кори саҳроро маҳз занон иҷро менамоянд.

Вай афзуд: «Онҳо метарсанд талаби ҳақ кунанд, чун корфармо метавонад нафари дигареро ба ҷояшон ба кор пазирад. Ҳоло шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ афзудааст, табиист, ки контроли кори онҳо ҳам мушкил аст, аз ин рӯ, ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи кормандон, аз ҷумла занони деҳқон, зиёд ба мушоҳида мерасад. Баъзан аз камсаводии занони рустоӣ сӯйистифода ҳам мекунанд».

Хонум Сафарова афзуд, ки бо пешниҳоди идораи кишоварзии минтақа, ҳукумати вилояти Хатлон ба раҳбарони тамоми хоҷагиҳои кишоварзӣ дастур додааст, ки бо кормандони худ шартномаҳои корӣ баста, аз ҳуқуқашон риоят кунанд. Аммо то ҳанӯз аз 46 ҳазор адад хоҷагии кишоварзии мавҷуд дар вилояти Хатлон танҳо камтар аз 4 ҳазор ададаш бо деҳқонон қарордод бастаасту халос.

Абдуҷаббор Қличев, раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон, гуфт, то 90 дарсади роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ натанҳо маълумоти махсуси кишоварзӣ, балки ҳатто маълумоти олӣ надоранд ва як сабаби поймолшавии ҳуқуқи меҳнатии занони деҳқон дар камсаводии онҳост.

Ҳоло раҳбарии шумораи бисёр кам, ҳатто камтар аз 10 дарсади хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлонро занҳо ба зимма доранд.

Хайриннисо Сариева, раиси хоҷагии деҳқонии «Холтӯра»-и ноҳияи Қубодиён, мегӯяд, тайи як соли охир наметавонад аз бонкҳои тиҷоратӣ маблағи қарзӣ дарёфт кунад. Вай афзуд, ба хотири рушди хоҷагии кишоварзӣ ба дастикам 8 ҳазор доллар ниёз дорад, аммо бонкҳо аз ироаи қарз ба ӯ худдорӣ мекардаанд. Ба иддаои хонум Сариева, иллати аслии парҳези бонкҳо аз ҳамкорӣ бо хоҷагии ӯ танҳо дар зан будани роҳбари он аст.

«Хоҷагии мо садҳо мушкил дорад. Азбаски мо ба истеҳсоли пахта сарукор дорем, бароямон сараввал трактор лозим аст, аммо бе дарёфти қарзи бонкӣ онро харида наметавонем. Масъулони бонкҳо мегӯянд, ки зан ҳастӣ, моликият надорӣ, кафолат нест, ки маблағи қарзиро баргардонида тавонӣ. Аз ин рӯ, худдорӣ мекунанд. Мо 4 гектар замин дорем ва ҳоло танҳо бо сарфи нерӯ ва маблағҳои худӣ кори хоҷагии кишоварзиро пеш мебарем», - афзуд ӯ.

Як намояндаи «Агроинвестбонк», ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, дар миёни мизоҷони ин бонк занони соҳибкор низ кам нестанд. Аммо вай иқрор кард, ки бонкҳои тиҷоратӣ санадҳо, дороиҳо ва тавонмандии занонеро, ки мехоҳанд қарз бигиранд, бештару дақиқтар мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Зеро дар аксар маврид маълум мешавад, ки занон соҳибмулк нестанд ва барои дарёфти маблағи қарз моликияте надоранд, ки ба гарав гузоранд.

Мукаррама Эгамназарова
Мукаррама Эгамназарова
Мукаррама Эгамназарова, раиси созмони ҷамъиятии «Занони деҳот» аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, мегӯяд, дар аксар маврид ташаббусҳои занони рустоиро барои таъсиси хоҷагиҳои кишварзӣ саркӯб мекунанд:

«Мисол, зане, ки собиқаи зиёди корӣ дорад, бо замин сарукор мегирад, агар хоҷагии деҳқонӣ ташкил карданӣ шавад, баъзе мақомоти маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳо монеа эҷод мекунанд. Ба хотири ин ки зан аз ин тасмимаш даст кашад, баҳона пеш меоранд, ки гӯё хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле қарздоранд, дар сурати ҳамчун роҳбар интихоб шудан, аз ҳама пеш бояд қарзҳои собиқ хоҷагиро супоранд. Бо чунин суханҳо занонро ба қавле тарс медиҳанд».

Ба иддаои созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи занон, дар ҳоле ки бахши аъзами умури кишоварзии Тоҷикистон ба дӯши занон аст, давлатро мебояд, занони кишварзон таҳти сарпарастӣ ва ҳимоят қарор бидиҳад, то ки онҳо низ шароити рушди кору фаъолияти худро дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG