Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пойандоз"-и Рӯҳонӣ ва завлонаҳои Сипоҳ барои эрониҳои хориҷ


Ҳасани Рӯҳонӣ
Ҳасани Рӯҳонӣ

Даъвати Ҳасани Рӯҳонӣ аз эрониҳо барои бозгашт ба ватан то имрӯз то куҷо кор додааст? Бисёриҳо мегӯянд, баъди бозгашт ба ватан дучори дарди сар ва ҳатто боздошту зиндонӣ шудаанд.

Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар роҳи бозгашти эрониҳое, ки ба хориҷ кӯч бастанд, ба истилоҳ “пойандоз” партофт ва аз онҳо даъват кард, ки ба ватан баргарданд. Аммо дигарандешоне, ки даъвати раисиҷумҳурро пазируфтанд ва ба ватан баргаштанд, мегӯянд, ки онҳо дар инҷо ба дарди сар гирифтор шуданд.

Алӣ, яке аз бозгаштаҳо, ки исми воқеияшро ошкор накард, барои дигарандешон ва мухолифин, ки ҳавои бозгашт ба ватанро дар сар мепарваранд як пайғом дорад: “Ҳатто фикрашро накунед.”

Рӯзноманигорон ва афроди дигарандеши зиёде баъди саркӯбиҳои фарогир ба думболи эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи соли 2009 аз Эрон фирор карданд. Вақте ки интихоботи соли 2013 раисҷумҳури нисбатан мӯътадилро сари кор овард, Алӣ низ шонси бозгашт пайдо кард. Аммо бо он ки фазои сиёсӣ дар ин давлати исломӣ дар ҳукумати таҳти сарварии Рӯҳонӣ боз шудааст, боз ҳам барои ҷилавгирии озору азияти бозгаштаҳо кофӣ нест.

Баъзеҳо, монанди ҳамсӯҳбати мо Алӣ, соатҳо бозпурсӣ ва дигарҳо барои нақшашон дар ошӯбҳои баъд аз интихоботи даъвоии соли 2009 ҳатто боздошт шуданд. Ҳатто агар рӯҳияи раисиҷумҳур Рӯҳонӣ хуб ҳам бошад, вале ба назар мерасад, ки тундравҳои Эрон дигар нашудаанд.

Сипоҳи посдорони инқилоб ва додситонӣ дастбакоранд ва онҳо бозгашти дигарандешонро намехоҳанд. Вазорати умури хориҷӣ ва истихборот дар ин масъала ҳаққи овоз надоранд,”- мегӯяд Алӣ.

Сиёсати дарҳои боз

Гурӯҳе аз эрониҳо дар хориҷ
Гурӯҳе аз эрониҳо дар хориҷ
Моҳи сентябри соли гузашта Ҳасан Рӯҳонӣ, дар ҳоле ки бо эрониҳои муқими Амрико дар Ню-Йорк сӯҳбат мекард, гуфт, ҳеҷ кас ҳақ надорад ба сафари эрониҳо ба ватанашон монеъ шавад. “Эрониҳо соҳибони Эронанд. Эрон мутаалиқ ба ҳамаи эрониҳост,” – гуфта буд Рӯҳонӣ.

Алӣ мегӯяд, зиндагиаш дар ғурбат мисли “кобус” буд ва ӯ омода буд ба ҳар қиммате, ҳатто ба баҳои зиндонӣ шудан ҳам, дар Эрон зиндагӣ кунад. Аммо ҳоло бовар надорад, ки тасмими бозгашташ дуруст буд.

Рӯзноманигори дигар Ҳусейн Нуронинажод, узви ҳизби ислоҳотталаби “Мушорикат”, ки соли 2009 дар авҷи эътирозҳо зиндонӣ шуда буд, низ баъди бозгашт ба Теҳрон ба “дарди сар” афтод. Нуронинажод 21-уми апрел, ҳудудан як моҳ баъди бозгашташ аз Австралия боздошт шуд. Парасту Сармадӣ, ҳамсари Нуронинажод ба ИЛНО- хабаргузории наздик ба мақомоти Эрон гуфтааст, ки ҳамсарашро ба зиндони машҳури Эвин интиқол додаанд. Зиндоне, ки гуфта мешавад, таҳти назорати бахши истихборотии нерӯҳои посдори инқилоби Эрон қарор дорад. Мақомот сабаби ин боздоштро, ки табъан оташи ҳавасҳои бозгашти фаъолони дигарро сард мекунад, шарҳ надодаанд.

Ду дигарендаши дигар, ки ҳамчунон мехостанд ба Эрон баргарданд, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти истихборот ва адлия тавассути наздиконашон ба онҳо паём додаанд, дар ҳамон ҷойе, ки ҳастанд, бимонанд ва такон нахӯранд.

“Фитнагарҳо” иҷозаи бозгашт надоранд
Мӯҳсинии Эҷеӣ
Мӯҳсинии Эҷеӣ
Мӯҳсин Эҷеӣ, раҳбар ва сухангӯи қувваи қазоияи Эрон рӯзи 28-уми апрел гуфт, ки 4 “фитнагар” - ин истилоҳ маъмулан дар робита ба мухолифин истифода мешавад -, дар ғиёбашон мурофиа шуданд. Ин мақом бидуни додани ҷузъиёт гуфт, баъзе “фитнагарҳо”, ки ҳоло дар дохили кишваранд, мамнӯъхуруҷ шудаанд ва наметавонанд аз кишвар хориҷ шаванд. Арҷен де Волф, раҳбари радиои Замона, мақараш дар Амстердам мегӯяд, пайғом рӯшан аст: “Онҳо ба дигарандешони хориҷ аз кишвар аломат медиҳанд, ки қабл аз гирифтани тасмими бозгашт ба ватан хуб андеша кунед.”

Арҷен де Волф ҳамчунин мегӯяд, тундравҳои Эрон ин нигарониро доранд, ки бо истифода аз будани Руҳонӣ дар мақоми раисиҷумҳур, афроде, ки онҳо дар кишвар дидан намехоҳанд, дубора бармегарданд ва фаъол мешаванд.

Маълум нест, ки аз замони ба қудрат расидани Ҳасан Рӯҳонӣ чӣ теъдоде аз дигарандешон ба ватан баргаштааст. Арҷен де Фолф мегӯяд, бо қазияи чаҳор боздоштшуда ошно шудааст, ки ҳамагӣ аз тарафи ходимони сипоҳи посдорони инқилоб бозпурсӣ ва шиносномаҳои онҳо мусодира шудаанд.

Ризо Муинӣ, сухангӯи созмони “Хабарнигорони бидуни марз” мегӯяд, мақомоти Эрон хоҳони бозгашти мухолифин нестанд: “Вақте онҳо мегӯянд, эрониҳо ба ватан баргарданд, манзур сармоягузорон ва эрониҳои пулдор аст, ки бо эстеблишменти исломӣ дар тамос ҳастанд ва ба манфиати режим кор мекунанд.”
XS
SM
MD
LG