Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF хоҳони озодии рӯзноманигор Актилек Капаров шуд


Созмони байнулмилалии "Гузоришгарони бидуни марз" (RSF) бо нашри изҳороте аз мақомоти Қирғизистон даъват кардааст, ки рӯзноманигори боздоштшуда Актилек Капаровро озод кунанд.

Масъулони созмон ҳамчунин хоҳони раҳоии рӯзноманигорон Айке Бейшекеева, Азамат Ишенбеков ва Муҳаббат Тоҷибек-қизӣ шудаанд, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҳастанд.

Ин изҳороти созмон баъд аз нашри номаи Актилек Капаров дар расонаҳо, ки дар он гуфта буд, дар эътироз ба ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ шуданаш дар боздоштгоҳ раги дасташро буридааст.

Актилек Капаров, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Бишкек нигаҳдорӣ мешавад, дар номае ба расонаҳо гуфт, 5 моҳ мешавад ӯро ғайриқонунӣ дар боздоштгоҳ нигаҳ медоранд ва дар ин муддат боре ӯро барои гузаронидани чораҳои тафтишотӣ даъват накардаанд.

Ба гуфтаи Капаров, зидди ӯ барои нашри як видео дар саҳифаҳои тарҳи "Temirov LIVE" ва "Айт, Айт десе" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ҳоле ки вай аз соли гузашта ба ин сӯ дар ин расонаҳо кор намекунад.

Рӯзноманигори боздоштшуда ҳамчунин афзуда, ки дар эътироз ба ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ шуданаш дар боздоштгоҳ раги дасти худро буридааст.

Актилек Капаров яке аз 11 рӯзноманигоре аст, ки Додгоҳи ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистон 17 январи имсол онҳоро ба ҳабс гирифт.

Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфта буданд, ки зидди боздоштшудаҳо бо гумони "беназмии оммавӣ" ва "даъват ба итоат накардани фаъолона ба талабҳои қонунии мақомот, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Худи гумонбарон ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG