Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия, Ироқ ва Мексико - хатарноктарин кишварҳо барои журналистон


Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders - RSF) мегӯяд, дар давоми соли 2017 дар саросари ҷаҳон 65 журналисти касбӣ, журналистони шаҳрвандӣ ва кормандони матбуот кушта шуданд. Ин нишондод 18 дарсад камтар назар ба нишондодҳои соли 2016 будааст. Ин созмони мудофеи ҳуқуқи журналистон, ки дар Париж қароргоҳ дорад, мегӯяд, дар миёни онҳо 50 журналисти касбӣ кушта шудаанд.

Макони хатарноктарини кор барои журналистон Сурияи ҷангзада мебошад. Дар ин кишвар дар давоми як соли охир 12 хабарнигор кушта шуд.

Таҳлилгарон бо нашри гузориши нав мегӯянд, ки қурбонии камтар дар миёни журналистон ба тамрину омӯзиши беҳтари меъёрҳои бехатарӣ аз ҷониби онҳо ва ҳам худдорӣ аз сафар ба манотиқи ҷангзада бастагӣ дорад. Журналистон дар соли 2017 аз сафар ба кишварҳое, ки “барои ҷони онҳо шадидан хатар доранд”, худдорӣ карданд. Аз миёни 65 журналисти кушташуда, 39 нафар ҳадафмандона кушта шуданд ва дигарҳо “қурбонии як ҳолати пурхатари мисли ҳамлаи ҳавоии мушакӣ ваё таркиши бомба ваё маргталабе” шудаанд.

Сурия - хатарноктарин макон барои журналистон

Макони хатарноктарини кор барои журналистон Сурияи ҷангзада мебошад. Дар ин кишвар дар давоми як соли охир 12 хабарнигор кушта шуд. Дар Ироқи ҳамсоя 8 журналист ҷони худро аз даст доданд.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар кишвари Мексика, ки аслан дар ҳолати ҷанг қарор надорад, соли 2017 ёздаҳ журналист кушта шуд ва ин кишвар дар садри рекорди давлатҳои хатарноки бидуни ҷанг қарор гирифт. Ин журналистон барои пӯшиши масоили фасод ваё ҷинояти созмонёфта “пайваста мавриди ҳадаф, таҳдид қарор гирифта, аз тири туфанг ба қатл расидаанд”.

Дар Афғонистон ду журналисти касбӣ ва ҳафт коргари матбуот дар се ҳамлаи ҷудогона ҷон доданд. Як ҳамла моҳи май дафтари радиову телевизиони маҳаллиро дар шаҳри шарқии Ҷалолобод ҳадаф қарор дод. Ду ҳамлаи дигар дар моҳҳои маю ноябр дар Кобул рух дод.

Чин -- "зиндон"-и хабарсозон

Созмони Гузоришгарони бидуни марз мегӯяд, дар маҷмӯъ то 1 декабри имсол 326 журналисти касбӣ, журналистони мардумӣ ва кормандони матбуот дар саросари ҷаҳон ба ҳангоми иҷрои масъулиятҳои касбии худ боздошт шуданд. Соли гузашта шумори онҳо 348 нафарро ташкил додааст.

Созмон мегӯяд, ки Чин “зиндони” калонтарин барои ҳама гуна хабарсозон боқӣ мемонад ва давлат мисли гузаштаҳо шумори зиёди хабарнигорон ва блогнависҳоро пушти панҷара меандозад. Вале Туркия “зиндони калонтарини журналистони касбӣ” ном гирифтааст, чунки феълан 42 журналист ва коргари матбуот пушти панҷара боқӣ мемонанд.

Дар миёни фаъолиятҳои пурхатар барои журналистон интиқоди ҳукумат, ҳамкорӣ бо матбуоти аз назари давлат машкук, кор бо манобеи ҳассос ва дигар корҳо бисёр журналистонро бо иттиҳоми террорризм пушти панҷара андохтааст. Сурияву Эрон ҳам дар садри кишварҳои зиндоникунандаи журналистон қарор доранд ва феълан дар маҳбасҳои ин кишвар мутаносибан 24 ва 23 журналист қарор доранд.

Дар як пажӯҳиши Кумитаи дифоъ аз журналистон, ки дар Ню-Йорк нашр шуд, гуфта мешавад, ки шумораи журналистони пушти панҷара то 1 декабри соли ҷорӣ ба рекорди нав баробар шуд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки 262 журналист дар саросари ҷаҳон барои иҷрои кори касбии худ пушти панҷара рафтанд.

Ҳабси ду журналист дар Тоҷикистон

Хайрулло Мирсаидов.
Хайрулло Мирсаидов.

Соли 2017 дастикам ду журналист дар Тоҷикистон ҳам мавриди ҳабс қарор гирифтанд: оғози моҳи декабр сардабири нашрия “Ҳуқуқ” Ойбек Алиев бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва падари 70-солаи ӯ –Турсуналӣ Алиев барои ҷиноятҳои марбут ба “қаллобӣ” ва “тамаъҷӯӣ” муҷрим дониста шуда, мутаносибан ба 8 солу 10 моҳ ва 6 соли ҳабс маҳкум шуданд. Бархе ҳамкасбони Алиев гуфтанд, ки ҳукми ӯ ба кори журналистиаш рабт надорад.

Рӯзи 5 декабр дар Хуҷанд журналисти мустақил ва пешвои гурӯҳи КВН-чиҳо Хайрулло Мирсаидов аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла, “барангехтани кинаву адовати миллӣ” боздошт шуд ва феълан дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Падари Мирсаидов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздошти писараш ба шӯхиҳои саҳначаҳои КВН бастагӣ дорад, ки аз саҳнаҳои калони Маскав ва барномаҳои телевизионии шабакаи аввали Русия пахш мешуданд.

XS
SM
MD
LG