Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносон: "Дар инзивои иттилоотӣ будани мардум ҳеҷ вақт ба суди ҳукумат нест". ВИДЕО


Болоравии нархи Интернет баҳси доғест, ки давоми қариб як моҳ аст дар ҷомеаи Тоҷикистон идома дорад ва як сардаргумиеро ҳам байни мақомот ва ширкатҳои мобилӣ ба миён овардааст.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз ширкатҳои мобилӣ талаб кард, ки сар аз 27-уми март арзиши як гигабайт Интернетро аз 33 сомонӣ то ба 63 сомонӣ боло баранд, аммо ширкатҳо то ҳол ин корро иҷро накарданд.

Боло рафтани нархи Интернет пеш аз ҳама ҷомеаи шаҳрвандии кишварро нигарон кардааст. Коршиносони Радиои Озодӣ дар як мизи гирд дар Душанбе тасмими Хадамоти зиддиинҳисориро "нодуруст" ва "ғайриқонунӣ" номиданд.

​Коршиносон: Тасмими боло бурдани нархи интернет "нодуруст" аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:11 0:00

"Зарар ба саломатии мардум ё ҷайби онҳо?"

Мақомоти тоҷик аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо вуҷуди баҳсҳои зиёд то ҳол ҳозир нашуданд расман тасмими худро шарҳ диҳанд. Масъулини ин ниҳод рӯзи 28-уми март барои шарҳи қарори худ ба мизи гирди Радиои Озодӣ ҳам наомаданд.

Дар ин миён танҳо Раҷабалӣ Маҷидов, намояндаи Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шарҳи кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, сабаби аслии боло бурдани нархи интернет ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳлӯҳои зараровари он, азҷумла зарар ба саломатии мардум мебошад.

Бештар кардани андоз аз ширкатҳои мобилӣ далели дигари мақомоти тоҷик барои боло бурдани нархи Интернет мебошад. Аммо коршиносони мизи гирди Радиои Озодӣ мегӯянд, феълан ягон далели собите вуҷуд надорад, ки ба хотири он нархи Интернет дар Тоҷикистон бояд ду баробар гарон карда шавад.

Фариштамоҳ Гулова, коршиноси бахши мухобирот
Фариштамоҳ Гулова, коршиноси бахши мухобирот

Фариштамоҳ Гулова, коршиноси бахши мухобирот ва роҳбари маҷаллаи "ТИК Баҳри рушд" мегӯяд, боло бурдани арзиши Интернет баръакс ҳаҷми андози ширкатҳои мобилиро кам мекунад. Ба таъкиди хонум Гулова, ин қоидаи бисёр содда аст, ки вақте нарх боло рафт, теъдоди истифодабарандагон кам ва ҳамин тавр ҳаҷми даромад коҳиш меёбад.

"Тарс аз куҷост?"

Гаронии Интернет ягона мушкили истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон нест. То ин вақт ҳар сари чанд вақт дастрасӣ ба баъзе сомонаҳо дар кишвар маҳдуд мешавад ва дар ҷаласаҳои паси дарҳои бастаи мақомот Интернетро як чизи хатарнок арзёбӣ карданд.

Мақомот барои исботи иддаои худ рафтани наздики ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Ховари Миёнаро далел меоранд, ки ба гуфтаи онҳо тариқи Интернет мағзшӯӣ шудаанд. Иштирокдорони мизи гирди Радиои Озодӣ инчунин ба он ишора карданд, ки вақтҳои ахир ҳукумат аз густариши таблиғоти мухолифон тариқи Интернет нигарон аст.

Ёқуби Саид, хабарнигор
Ёқуби Саид, хабарнигор

Ёқуби Саид, хабарнигори тоҷик мегӯяд, ҳарчанд мақомоти давлатӣ дар ин бора изҳори назар накардаанд, вале ҳадс зада мешавад, ки як қисме аз тасмимҳояшон ба ин самт равона шудааст.

Ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо, "гарон кардани нархи Интернет шояд тавонад мардумро дар дохили Тоҷикистон аз иттилои алтернативӣ маҳрум кунад, вале дар хориҷ аз Тоҷикистон чӣ? Он қишри мардуми Тоҷикистон, ки дар Русия ва Қазоқистон муҳоҷир ҳастанд, дастрасӣ доранд ва он чизеро, ки дар Интернет диданд, метавонанд дар ниҳоят бо роҳҳои дигар ба наздиконашон расонанд. Яъне дар ниҳоят ин як тасмими боақлона нест".

"Аз интиқоди ҳукумат дар Интернет набояд ҳаросид"

Таҳлилгарони мизи гирди Радиои Озодӣ таъкид карданд, ки боло бурдани нархи Интернет ба хотири камтар истифода шудани он наметавонад пеши роҳи интиқодҳоро бигирад. Ба гуфтаи коршиносони барнома, таъмини амнияти иттилоотӣ набояд ба садде дар роҳи рушди технология табдил ёбад, балки баръакс рушди онро таъмин кунад.

Парвина Ибодова, коршиноси соҳаи мухобирот
Парвина Ибодова, коршиноси соҳаи мухобирот

Парвина Ибодова, коршиноси соҳаи мухобирот гуфт, мушкил дар онҷост, ки дар Тоҷикистон ин масъаларо нодуруст мефаҳманд. Ба таъкиди хонум Ибодова, ҳарчи беҳтар маҳдуд кардани дастрасии мардум ба Интернет маънои он надорад, ки "мардум дигар аз ҳукумат танқид намекунанд".

"Интернет танҳо як техника аст. Соли 1905 инқилоб сар зад ва ин на аз он хотир буд, ки онҷо телеграф кор мекард ва инро паҳн кард. Балки вазъият ҳаминхел буд. Аз ин гуна вазъият бояд фирор кард ва набояд аз он тарсид, ки мардум аз тасмимҳои ҳукумат дар Интернет танқид кунанд",-гуфт Парвина Ибодова.

Коршиносони мизи гирд ҳамчунин гуфтанд, дар инзивои иттилоотӣ будани мардум дар Тоҷикистон ҳеҷ вақт ба суди ҳукумат нест.

"Вақте мардум дигар роҳи баёни норозигӣ надоранд"

Бо ин ҳама коршиносон таъкид мекунанд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ натавонист бархӯрди лозимро ба тасмими боло бурдани нархи Интернет анҷом диҳанд. Азҷумла ҳамсуҳбати мо гуфтанд, чунин таҷриба дар мисоли гарон кардани нархи симкорт буд, ки дар пайи норозигии шадиди мардум бекор шуд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва ҳуқуқшиноси тоҷик тасмими Хадамоти зиддиинҳисориро муғойир ба қонунгузории кишвар мехонад. Чун ба таъкиди ҷаноби Ҳакимов, мақоми ваколатдори давлатӣ ҳақ надорад, ки нархро таин кунад.

Бо ин ҳама ин профессори тоҷик гуфт, мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ то ҷое тавонист ба гаронии нархи Интернет муқобилият кард, вале бо назардошти "табу" будани дигар навъи норозигӣ дар кишвар, аз ин бештар амал карда наметавонад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори тоҷик
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори тоҷик

"Шаклҳои дигари эътирози мардумӣ вуҷуд доранд, ба мисли роҳпаймоӣ ва ё гирдиҳамоӣ. Вале чун баъд аз ҳодисаҳои маълум иродаи сиёсӣ барои ин вуҷуд надорад ва баргузор намудани он аз нуқтаи назари давлат пайомадҳои манфӣ дорад ва инчунин кафолати амнияти иштирокчиёни он нест, мардум аз он худдорӣ мекунад. Аммо ин чиз набояд боиси сӯистифода аз ҷониби давлат шавад",-таъкид кард Шокирҷон Ҳакимов.

Зимнан, то ҳол маълум нест, ки мақомот ва ширкатҳои мобилӣ бар сари боло бурдани нархи Интернет ба чӣ тавофуқ мерасанд. Ширкатҳои мобилӣ ҳадди имкон талош доранд, мақомотро мутмаин кунанд, ки ба 63 сомонӣ расондани нархи як гигабайт Интернет ба суди кишвар нест.

Дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои гуногун аз 15 то 40 дар сади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд. Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки дар кишвар тақрибан 3 миллион истифодабарандаи Интернет аст.

XS
SM
MD
LG