Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони деҳаи марзии Шипади ноҳияи Рӯшони Бадахшони Кӯҳиро корҳои сохтмони роҳ дар марзи кишвари ҳамсояи Афғонистон, ба ташвиш овардааст. Ин сокинон мегӯянд, ҳеҷ ихтилофе бо барномаҳои роҳсозии ҳамсояҳо надоранд, вале таркишҳои сохтмонӣ, ки барои васеътар кардани роҳҳои кӯҳӣ анҷом мешаванд, мояи ташвиши сокинони мулкии деҳае дар Тоҷикистон шудааст.

Шипадиҳо мегӯянд, ки дар давоми ду моҳи охири шурӯи корҳои сохтмонӣ дар Рӯшони Афғонистон, 15 манзили сокинони маҳаллӣ осеб дида, як хонандаи мактаб захмӣ шудааст. Мақомоти ноҳияи Рӯшон бо ирсоли нома ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки дар музокирот бо ҷониби Афғонистон, масъалаи бехатар пеш бурдани корҳои сохтмониро, дар миён гузоранд.

Cокинони деҳаи Шипади Рӯшони Тоҷикистон мегӯянд, ҳеҷ ихтилофе бо барномаҳои роҳсозӣ дар Рӯшони Бадахшони Афғонистон надоранд, вале таркишҳо барои бунёди роҳ дар он тарафи дарё, мояи ташвиши онҳо шудааст.

Деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшон дар 62-километрии маркази ин ноҳия қарор дошта, дар он 47 хонавода ба сар мебарад. Ин русто бо деҳаи Ғумайи ноҳияи Рӯшони Афғонистон ҳамсоя аст. Миёни ин ду деҳа ва марзи давлатӣ рудхонаи Панҷ ҷорӣ аст, вале фосилаи миёни ду деҳ чандон зиёд нест ва аз ҳамин хотир ҳам, осори корҳои сохтмонӣ дар минтақаи кӯҳии Бадахшони Афғонистон дар фосилаи даҳҳо километр дар ҳудуди Тоҷикистон ҳам эҳсос мешавад.

Сокинони рустои Тоҷикистон мехоҳанд, ки кори сохтмончиёни афғон бо риояи меъёрҳои бехатарии сохтмон сурат гирифта, дар сурати таркиш дар пуштаҳои кӯҳӣ, ҷониби Тоҷикистон пешакӣ огоҳонида ва тадбирҳои бехатарӣ дар ин сӯи дарё ҳам андешида шавад.

“... набояд хонаҳои мо хароб шаванд”

Зубайда Алимуҳамедова, директори мактаби рақами якуми деҳаи Шипеди ноҳияи Рӯшон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар авоили ҳамин ҳафта дар вақти супоридани имтиҳон, як сангпора парида аввал тирезаи мактабро хароб кард ва сипас ба дасти як талаба бархӯрд. Вай гуфт, дасти тифл хуншор шуд ва ҷароҳат бардошт. Вай мегӯяд, агар Худо нахоста ба хонандагони мактаб ҳодисаи нохуш рух диҳад, масъулияти онро кӣ ба зимма хоҳад гирифт?

“Мо ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардем, вазъи ташвишоварро фаҳмонидем, вале то ҳол ҳеҷ тадбире на аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва на дигар мақомот гирифта нашудааст. Мо метарсем, ки вақте талабаҳо ба хона мераванд ва ё ба кӯча мебароянд, ҳар лаҳза ҳама гуна ҳодисаи нохуш шуданаш имкон дорад. Мо мефаҳмем, ки барои Афғонистон ҳам роҳ даркор аст, вале набояд хонаҳои мо ҳам хароб шаванд. Тирезаҳои шикастаро селофанпӯш кардем, ҳеҷ кас дар фикри кӯмак нест”.

Роҳсозони Афғонистон дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон моҳи марти соли равон барои тахту ҳамвор кардани роҳ ба тарконидани кӯҳҳои атроф, шурӯъ карданд. Корҳои сохтмончиёни афғон дар фурсати барои онҳо муносиб сурат гирифта, ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамсоякишвар аз ин барномаҳо пешакӣ огоҳонида нашуданд.

Ҳоло ба гуфтаи Хуҷаназар Лутфуллоев, раиси ноҳияи Рӯшон, масъала хеле ҷиддӣ шудааст ва ба баррасии ҳукумати сатҳи ҷумҳурӣ баррасӣ бардошта шуд. Лутфуллоев рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамроҳ бо дигар аъҳои ҳукумати Рӯшон аз вазъи сокинони Шипад аз наздик ошно шуд.

“Мо бо мардум мулоқот кардем ва аз тариқи ҳукумати вилоят ба вазоратҳои дахлдор нома навиштем, ки сафорати Афғонистон дар ҷараён гузошта шавад. Ҳоло масъалаи ҷуброни хонаҳоеро, ки тирезаву бомашон осеб дидааст, ҳисоб карда истодаем ва дар пайи таъмиру тармими хонаҳо хоҳем шуд”,-афзуд раиси ноҳияи Рӯшон.

Дар ҳамин ҳол, дипломатҳои сафорати Афғонистон мегӯянд, дар иртибот ба мушкили сокинони деҳаи Шипед бояд вазорати умури хориҷии ин кишвар назар диҳад. Як дипломат дар сафорати Афғонистон гуфт, тарҳе, ки аз рӯи он корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад, бахше аз лоиҳа роҳсозӣ дар миёни рустоҳои дохили Афғонистон аст. Иттилои аз ин беш дастрас нашуд.

Дар ҳамин ҳол Зубайда Алимуҳамедова, директори мактаби деҳаи Шипад мегӯяд, замоне, ки намояндаҳои маорифи ноҳия барои ошноӣ бо вазъ ба ин ҷо омаданд, дар як маврид санги калоне ба тирезаи як синфхона асобат кард ва акси Қаҳрамонҳои Тоҷикистон, ки дар девори мактаб насб шуда буданд, хароб шуд.

Вай гуфт, баъди шикастани сурати Мирзо Турсунзода дар девори мактаб, мақомоти ноҳия санги афтодаро, ки хеле сангин буд, ҳамроҳ бо худ бурданд. Алимуҳамедова гуфт, ки маъмурияти мактаб феълан худ аз чораҳои имконпазири амниятӣ кор гирифта, ба ҳангоми шурӯи корҳои таркиши кӯҳ дар он сӯи марз, талабаҳоро аз синф берун ба макони амн мебаранд, ки то дар дохил аз шикастани тиреза ё расидани санг, осеб набинанд.

Нурулло Оламов, сокини деҳаи Шипад мегӯяд, таркишҳо аслан рӯзона дар соатҳои корӣ ваё дарси мактаб рух медиҳанд ва мояи нигаронии онҳо мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG