Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Криштиану Роналду – барандаи секаратаи ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"


Криштиану Роналду ҳангоми гирифтани "Тӯби тиллоӣ" ҳамроҳ бо модару писараш
Криштиану Роналду ҳангоми гирифтани "Тӯби тиллоӣ" ҳамроҳ бо модару писараш

Криштиану Роналдуи португалӣ барандаи “Тӯби тиллоӣ”-- ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014 эълон шуд.

Криштиану Роналду, ҳамлагари тими "Реал"-и Мадриди Испания ва мунтахаби миллии Португалия, барандаи “Тӯби тиллоӣ”-- ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014 гардид. Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои соли 2014 рӯзи 12-уми январ дар шаҳри Сюрихи Швейтсария баргузор шуд.

Ба ҷуз Криштиану Роналду боз ду нафар - аргентинӣ Лионел Месси, ҳамлагари “Барселона” ва Мануэл Нойер, дарвозабони «Бавария»-и Мюнхен ва мунтахаби Олмон муддаиёни ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” буданд.

Ин ҷоиза соли 2010 баъди ба ҳам омехтани «Тӯби тиллоӣ»-и France Football ва «Бозигари соли ФИФА» таъсис ёфтааст. Соли гузашта низ “Тӯби тиллоӣ” ба Криштиану Роналду, ҳамлагари португалӣ, супурда шуда буд ва ӯ барои севумин бор соҳиби ин ҷоиза гардид. Пеш аз ӯ Месси чаҳор бор пайиҳам ин ҷоизаро ба даст овардааст.

Ёдовар мешавем, Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, Мануэл Нойерро ва Алишер Тӯйчиев, капитани мунтахаби миллии кишвар, Лионел Мессиро беҳтарин бозигари соли 2014 ном бурдаанд.

Мануэл Нойер, Лионел Месси ва Криштиану Роналду
Мануэл Нойер, Лионел Месси ва Криштиану Роналду

Бояд гуфт, барои унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014 дар даври аввал 23 бозигар муддаӣ буданд: Гарет Бэйл (Уэлс), Карим Бензема (Фаронса), Диего Коста (Испания), Тибо Куртуа (Белгия), Анхел Ди Мария (Аргентина), Криштиану Роналду (Португалия), Марио Гетсе (Олмон), Эден Азар (Белгия), Златан Иброҳимович (Шветсия), Андрес Инеста (Испания), Тони Кроос (Олмон), Филипп Лам (Олмон), Хавер Маскерано (Аргентина), Лионел Месси (Аргентина), Томас Мюллер (Олмон), Мануэл Нойер (Олмон), Неймар (Бразилия), Пол Погба (Фаронса), Серхио Рамос (Испания), Арен Роббен (Нидерланд), Хамес Родригес (Колумбия), Бастиан Швайнштайгер (Олмон), Яя Туре (Кот-д'Ивауар).

Йоахим Лёв, ки мунтахаби Олмонро барандаи Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Бразилия кардааст, беҳтарин мураббии сол аз рӯи ривояти ФИФА гардид. Мутахассиси олмонӣ бар рақибонаш – итолиёвӣ Карло Анчелотти, сармураббии «Реал»-и Мадрид ва аргентинӣ Диего Симеоне, сармураббии Атлетико»-и Мадрид пирӯз шуд.

XS
SM
MD
LG