Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон натиҷаҳои мусбати ташхиси Роғунро интизор аст"


Мудири кулли сохтмони нерӯгоҳи Роғун Хайрулло Сафаров зимни сӯҳбат бо хабарнигорон. 14-уми ноябри соли 2012.
Мудири кулли сохтмони нерӯгоҳи Роғун Хайрулло Сафаров зимни сӯҳбат бо хабарнигорон. 14-уми ноябри соли 2012.

Мудири сохтмони «Роғун» рӯзи чаҳоршанбе дар мавриди натоиҷи ҳамоиши Алма-Ато бо хабарнигорон сӯҳбат кард.

Хайрулло Сафаров гуфт, Тоҷикистон натиҷаҳои мусбати ташхиси Роғунро, ки аз ҷониби ширкатҳои машваратӣ анҷом мешавад, интизор аст. Мудири сохтмони Роғун гуфт, мо бе тағйири нишондодҳои тарҳи нерӯгоҳ, метавонем аз мавқеи худ ҳимоят намоем.

Ба гуфтаи вай, агар баландии садди Роғунро коҳиш дода шавад, нерӯгоҳ аҳамияти иқтисодии худ аз даст медиҳад. Вай муътақид аст, ки лоиҳаи мазкур барои кишварҳои поёноб таҳдиде надорад ва кишварҳои поёноб набояд аз ин тарҳ нигарон бошанд. Баръаск, баъди мавриди истифода қарор додани ин нерӯгоҳ дастрасии онҳо ба нерӯи барқи арзон бештар хоҳад шуд.

Мудири кулли Роғун гуфт, ки мутаассифона дар кишварҳои поёноб, ба вижа дар Узбакистон аз раванди корҳои омӯзишӣ дар майдони сохтмони Роғун иттилои андак доранд.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон хостори мушорикати мутахассисони узбак дар раванди ташхиси лоиҳаи мебошад, то онҳо иттилои бештареро дар бораи ин нерӯгоҳ дошта бошанд. Аммо намояндагони ҳукумати Узбакистон ду ҷаласаи баррасии ташхиси Роғунро ки моҳи май ва ноябри соли ҷорӣ баргузор шуданд, сарфи назар намуданд.

Сафаров аз натиҷаҳои муқаддамотии ташхиси Роғун розӣ аст. Ба гуфтаи вай мавқеи интихобшудаи Роғун барои сохтмони нерӯгоҳи бузург мувофиқ мебошад, ки ин барои Тоҷикистон нишонаи мусбат мебошад. Вай гуфтааст, ки бо ширкатҳои машваратӣ дар ин замина сӯитафоҳуме вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG