Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

38 млн. $-и EBRD барои сохтмони роҳи дуошёна дар Душанбе


​Интизор меравад, соли оянда бунёди нахустин роҳи дутабақа дар пойтахти Тоҷикистон бо сармоягузории Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд оғоз ёбад. Ин тарҳ аз сӯи як ҷавон пешниҳод шудааст.

Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ё EBRD барои татбиқи тарҳи сохтмони нахустин роҳи дутабақа ё дуошёна дар Душанбе, ки аз ҷониби як ҷавони 25-сола таҳия шудааст, 38 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст. Сафар Шарифзода, муаллифи ин тарҳ, ки соли 2014 Донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммад Осимиро хатм кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз соли 2-юми донишҷӯияш сари таҳияи чунин як лоиҳа кор кардааст ва ахиран онро ҳукумати шаҳри Душанбе пазируфта, барои амалишавиаш Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд сармоягузорӣ кардааст.

Ӯ гуфт: "Вақте донишҷӯ будам, нақшакаширо шурӯъ кардам. Идеяҳои дигар ҳам буд, аммо кӯшиш кардем, лоиҳаеро интихоб кунем, ки онро тариқи буҷети шаҳр сохтан мумкин бошад, яъне харҷаш камтар бошад. Ба ин хотир, барои бартараф шудани танбашавии мошинҳо дар роҳҳои пойтахт макети чорроҳа дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанберо пешниҳод кардем, ки дастгирӣ ёфт."

Ин ҷавон, ки ҳоло дар муассисаи роҳсозии шаҳри Душанбе ба ҳайси муҳандиси роҳҳои нақлиётгард фаъолият мекунад, мегӯяд, дастгирии пешниҳодаш ӯро рӯҳбаланд кардааст ва боз тасмим дорад, барои беҳ сохтани ҳаракати нақлиёт сари дигар лоиҳаҳо низ кор кунад.

Аммо ӯ мегӯяд, пешниҳод дорад, то дар сохтмони ин чорроҳа мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шаванд: "Мехоҳам, ин роҳро мутахассисони худамон созанд, зеро онҳо низ таҷрибаи хуб доранд. Бисёр вақт дар чунин лоиҳаҳо хориҷиён ҷалб мешаванд, ки на хубтар аз мутахассисони маҳаллӣ кор мекунанд."

Тасмим аст, соли 2016 сохтмони лоиҳаи ин роҳи дутабақа оғоз шавад. Дар сурати бунёдаш ин аввалин роҳи дутабақа дар Тоҷикистон ва аввалин лоиҳаи бузургест, ки бо пешниҳоди як ҷавон амалӣ мешавад.

Аввалин роҳи дуошёна дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

XS
SM
MD
LG