Пайвандҳои дастрасӣ

Аз ҳайкалтароши Британия даъват шуд, ки муҷассамаи Каримовро насозад


Муҷассамаи Ислом Каримов дар Самарқанд

Гурӯҳи фаъолони узбактабор дар табъид аз ҳайкалтароши Британия Пол Дэй даъват карданд, ки аз сохтани муҷассамаи президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов дар назди сафорати ин кишвар дар Маскав даст кашад. Ин гурӯҳ гуфтааст, «агар муҷассамасоз ин тарҳро пиёда кунад, "хуни қурбониҳои Каримов эҷоди ӯро барои ҳамеша доғдор хоҳад кард".

Ҳукумати Узбекистон ва "Бунёди Ислом Каримов", таҳти сарварии духтари хурдии президенти пешин Лола Каримова, сохтани муҷассамаи Ислом Каримовро дар назди сафорат ба Пол Дэй супурданд.

"Садҳо нафар бо амри Каримов дар Андиҷон ба қатл расид"

Аммо Созмони ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, мақараш дар Париж рӯзи 5 феврал дар як номаи саркушода аз Пол Дэй даъват кард, ки тасмими худро бознигарӣ кунад ва ин тарҳро канор гузорад.

Ончи ман меофарам, хоҳу нохоҳ ба карераам таъсири мусбат ё манфӣ дорад. Зиндагӣ ба ман имкон пешниҳод мекунад ва ман бо ин маҷро пеш меравам, тавре, ки ҳамеша буд

Муаллифони нома Ислом Каримовро ба додани фармони куштори садҳо нафар дар Андиҷон дар соли 2005 муттаҳам карданд ва гуфтанд, ҳукумати Каримов онҳоеро, ки мехостанд теъдоди воқеии кушташудаҳои Андиҷонро ба ҷаҳон ошкор намоянд, хомӯш кард.

«Шумо бояд бидонед, ки ӯ қабл аз маргаш дар соли 2016 миллонҳо нафар, бо шумули кӯдаконро дар саҳрои пахта ҳамчун ғулом истифода кард», - омадааст дар нома.

«Ӯ ҳазорҳо мухолифини воқеӣ ва сохташударо зиндонӣ кард», - гуфтааст ин гурӯҳ. «Ӯ онҳоро гирифтори шиканҷа кард..баъзеҳоро то ҷонашон аз рақам берун шудан... ӯ ба наққошоне ҳамла мекард, ки ба сиёсат ворид мешуданд, дар матбуот сензура ҷорӣ кард, садои ҷомеа, ҳунар, адабиётро хомӯш кард».

"Дар 27 соли раҳбарии Каримов мо азизони худро аз даст додем"

Муаллифони нома мегӯянд, «дар замони Каримов бинобар саркӯби нерӯҳои амниятии таҳти назорати ӯ мо азизони худро аз даст додем, оилаҳои худро гум кардем".

Пол Рей дар назди муҷассами ахиран сохтааш истодааст. Ин муҷассама ба ёди қурбониёни ҷанг дар Ироқ ва Афғонистон бунёд шуда дар беруни сохтмони вазорати дифои Бритониё қарор дорад
Пол Рей дар назди муҷассами ахиран сохтааш истодааст. Ин муҷассама ба ёди қурбониёни ҷанг дар Ироқ ва Афғонистон бунёд шуда дар беруни сохтмони вазорати дифои Бритониё қарор дорад

Муаллифон ба Пол Дэй гуфтаанд, маблағе, ки барои сохтани муҷассамаи Каримов медиҳанд, пулҳое «чиркин»-е ҳастанд, ки президенти пешин ва хонводаи ӯ солҳо аз мардуми оддӣ дуздидаанд".

Вокуниши расмии Пол Дэй ба ин даъват то ҳол маълум нест.

Пол Дэй - ман танҳо як ҳайкалтарошам, на сиёсатмадор

Аммо моҳи декабр, ба думболи изҳороти созмони Ҳюман Райтс Вотч, ки Дэйро барои қабули тарҳи ҳайкал танқид карда буд, муҷассамасоз ба нашрияи The Guardian гуфт, ки ӯ “як ҳунарманд аст, на сиёсатмадор”.

“Ончи ман меофарам, хоҳу нохоҳ ба карераам таъсири мусбат ё манфӣ дорад. Зиндагӣ ба ман имкон пешниҳод мекунад ва ман бо ин маҷро пеш меравам, тавре, ки ҳамеша буд”, - гуфт Пол Дэй ба нашрияи Guardian.

Ислом Каримов - раҳбари пешини ҳизби коммунист, 27 сол ба Узбекистон раҳбарӣ ва дигарандешонро бераҳмона саркуб кард. Марги ӯ рӯзи 3 сентябри соли 2016 эълон шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG