Пулиси Теҳрон ҳамзамон бо коҳиши шадиди қурби риёл дар баробари асъори хориҷӣ, рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми феврал ба нуқтаҳои мубодилаи доллар дар маркази пойтахти Эрон юриш бурд ва наздик ба "сад саррофи ғайриқонунӣ"-ро боздошт кард.
Як навори видеоӣ, ки рӯзи 14-уми феврал шабакаи телевизионии IRINN пахш кард, нишон медиҳад, ки даҳҳо саррофӣ дар яке аз хиёбонҳои марказии Теҳрон аз сӯи пулис баста мешаванд. Ин чораҷӯии пулиси Теҳрон дар пасманзари коҳиши шадиди қурби пули миллии Эрон дар баробари асъори хориҷӣ рӯи даст гирифта шуд.
Созишномаи атомии Эрон дар соли 2015 бо шаш қудрати ҷаҳонӣ, ки лағви таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Теҳронро дар назар дошт, ин умедвориро ба миён оварда буд, ки қурби доллар ба давраи қабл аз таҳримҳои ҷаҳонии соли 2012, бар хоҳад гашт.
Генерал Ҳусейн Раҳимӣ, раиси пулиси шаҳри Теҳрон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки ҳудуди 90 сарроф дар Теҳрон боздошт, 10 нуқтаи мубодилаи асъор баста ва 16 нуқтаи дигар ҳушдор гирифтаанд. Ӯ дар хусуси ин афрод гуфтааст, "боздоштшудаҳо ба хотири суду фоидаталабӣ, дар низоми иқтисодии кишвар халал ворид карданд ва бояд ниҳодҳои додгоҳӣ бархӯрди қотеъ бо онҳо дошта бошад."
Оқои Раҳимӣ бо ишора ба ин, ки дигар дастгоҳҳо аз пулис "дархост кардаанд" вориди амал шавад, гуфт, "ғайр аз ин боздоштҳо, ба 16 саррофӣ ҳам ҳушдори расмӣ дода шудааст.
Бо вуҷуди ваъдаҳои ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ барои контроли асъор дар бозори Эрон, қимати як доллари амрикоӣ ба 5 ҳазор туман наздик шуд. Таҳлилгарони иқтисодӣ коҳиши қурби риёлро ба чанд омил, аз ҷумла ба таҳдиди берун рафтани Амрико аз созишномаи атомӣ, рабт медиҳанд. Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп моҳи гузашта таҳдид кард, ки кишварашро аз созишномаи ҳастаӣ маъруф ба БАРҶОМ, хориҷ мекунад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки коҳиши шадиди риёл дар моҳҳои ахир, сабаби норизоятии мардум дар Эрон шудааст -- ҷое, ки мақомот ахиран эътирозҳои мардумӣ алайҳи фасоди молӣ ва мушкилоти иқтисодиро саркӯб карданд. Коҳиши асъори миллӣ дар Эрон боиси таваррум дар он кишвар шудааст. Афзоиши қимати маводи аввалия дар Эрон, моҳи гузашта сабаби эътирозҳои хиёбонӣ шуд, ки сар то сари Эронро фаро гирифт.
Коҳиши арзиши риёл чанд моҳ қабл оғоз шуд буд ва дар рӯзҳои ахир ба авҷи худ расид. Валиюллоҳ Сайф, раиси Бонки марказии Эрон ҳафтаи гузашта ба бозори асъор ҳушдор дода буд, ки ба гуфтаи ӯ "дар муқобили риёл ҳаракат накунанд". Бо ин ҳол, қимати доллар дар бозори Эрон боз ҳам боло рафт ва пас аз он коҳиши қимати риёл шиддат гирифт.
Созишномаи атомии Эрон дар соли 2015 бо шаш қудрати ҷаҳонӣ, ки лағви таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Теҳрон дар назар дошт, ин умедвориро ба миён оварда буд, ки қурби доллар ба давраи қабл аз таҳримҳои ҷаҳонии соли 2012, бар хоҳад гашт.
Аммо пули миллии Эрон ба таври давомдор ва ба қавли таҳлилгарон ба вижа дар пасманзари сиёсатҳои шадиди Доналд Трамп дар қиболи Теҳрон, қимати худро аз даст дод. Таҳлилгарон мегӯянд, ки талошҳои Амрико барои ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Эрон бинобар барномаи ҳастаиаш ва низ мудохилаи Теҳрон дар низоъҳои минтақа, бисёре аз бонкҳо ва ҳалқаҳои тиҷоратӣ дар Аврупо ва Осиёро водоштааст, ки дар муомила бо Эрон аз эҳтиёт кор бигиранд.
Дар порлумони Эрон ҳам рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми феврал масъалаи коҳиши қурби асъори миллӣ, яке аз мавзӯъҳои меҳварии баҳсҳо будааст. Беҳрӯз Неъматӣ, сухангӯи ҳайати раҳбарии порлумон дар нишасти маҷлис гуфтааст, "90 намоянда дар бораи мавзӯи асъор ба раиси ҷумҳур ёддошт додаанд. Мо намедонем бояд ба чӣ касе дар бораи қимати асъор ва нобасомонии бозори асъор ёддошт бидиҳем."
Оқои Неъматӣ аз раиси порлумон хост то ин масъаларо дар дастури кор қарор диҳад. Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумон ҳам дар посух аз ҳайати раҳбарикунанда хост ин масъаларо пайгирӣ кунанд. Мустафо Кавокибиён, як узви порлумон аз ҳайати давлат дархост кард чораҳои вижа биандешанд.
Ба гуфтаи ин вакили порлумони Эрон "аз ибтидои инқилоб (соли 1979) нархи доллар аз ҳафт туман ба беш аз 4900 туман расидааст, ки ин масъала нишон медиҳад, арзиши пули миллӣ беш аз 20 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳоле аст, ки қимати доллар дар кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ ва Кувайт собит аст."
Ташвиши бозори асъор ҳамчунин вобаста ба вазъияти норӯшани созишномаи ҳастаи атомии Эрон ва Ғарб аст. Доналд Трамп, президенти Амрико ба ин созишнома мувофиқ нест ва ин эҳтимол, ки мумкин аст бори дигар бархе аз таҳримҳо алайҳи Эрон ҷорӣ шавад, фаъолони иқтисодии Эронро нигарон кардааст.
Тоҷикистон низ дар чанд соли ахир таҷрибаи коҳиши чашмгири долларро паси сар кард. Сар аз соли 2015 дар пасманзари ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия пас аз тасарруфи Қрим, интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфт. Ба дунбол қурби асъори миллӣ дар баробари доллар коҳиш ёфт ва қимати сомонӣ дар баробари як доллар ба 8,80 расид. Дар ин росто ҳукумати Тоҷикистон ҳама саррофиҳои хусусиро баст ва ҳоло мубодилаи асъор танҳо дар бонкҳо ва саррофиҳои расмӣ сурат мегирад.