Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастрасӣ ба сомонаи "Озодӣ" қисман мумкин шуд


Дастрасӣ ба сомонаи радиои «Озодӣ» дар Тоҷикистон сар аз шаби гузашта мумкин шудааст.

Як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон субҳи 25-уми феврал хабари боз шудани сомонаи «Оzodi.org ва ozodi.tj-ро тасдиқ кард ва гуфт, ки тақрибан шаби гузашта ворид шудан ба ин сомона имконпазир шуда буд. Хонандагони cомонаи «Оzodi.org ва ва ozodi.tj, ки аз чанд рӯз ба ин тараф аз мушкили ворид шудан ба сайтҳо аз тариқи провайдери ширкати Бабилон шикоят мекарданд, мегӯянд, субҳи сешанбе озодона ва бидуни филтршикан метавонанд вориди сомонаи «Озодӣ» шаванд.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастракунандагони интернет дар Тоҷикистон низ хабари боз шудани сайтҳои «Озодӣ»-ро тасдиқ кард ва гуфт, ки бидуни василаҳои махсус метавон вориди ин сомонаи хабарӣ шуд. Аммо масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон то ҳол сабаби аслии масдуд кардани сайти "Озодӣ"-ро шарҳ намедиҳанд.

"Вақте андешаҳо саркӯб мешаванд..."

Ба дунболи маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаи "Озодӣ", Сафорати Амрико ва раҳбарияти Радиои Озодӣ аз баста шудани дастрасӣ ба сомонаи Озодӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон шоми 24 феврал бо пахши як изҳороти вижа аз баста шудани сомонаи Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Сафорат мегӯяд, “мо пайваста нигаронии худро оиди маҳдудияти шабакаҳои интернетӣ ва баста шудани сомонаҳои хабарӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон матраҳ мекунем. Дар баҳси озодии интернет Иёлоти Муттаҳида ҷонибдори шаффофият аст. Вақте идеяҳо маҳдуд ва ё масдуд мешаванд, иттилоот аз байн меравад, андешаҳо саркӯб мешаванд, ҳамаи мо аз имконоти шунидан ва табодули назар кардан маҳрум мешавем.”

Нигарониҳо аз масдуд шудани сомонаи Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00
Линки мустақим

Изҳороти Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод

Президенти Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод аз мақомоти Тоҷикистон хост, то дастрасӣ ба сомонаи бахши тоҷикии Радиои Озодиро барқарор кунанд.
Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод(RFE/RL) дар як баёния дахолат ба Интернет дар Тоҷикистонро ба шиддат танқид кард. Дар ин баёния, ки шоми 24 феврал нашр шуд, аз ҷумла гуфта мешавад, ки "дар дохили Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод, ки дар инҷо ҳамчун Радиои Озодӣ маъруф аст, аз 15 феврал ба ин сӯ масдуд шудааст.
Кевин Клоз
Кевин Клоз
Ин масдудсозӣ, ки вуруд ба ин сомонаро аз сӯи 4 ширкат аз 6 ширкати бузурги дастраскунандаи Интернет қатъ кардааст, ҳамзамон бо пӯшиши ҳаводиси Украина аз тарафи Радиои Озодӣ бо шумули пахши зиндаи ҳодисот, ки барои аудиторияи маҳаллӣ аз тариқи матбуоти давлатии Тоҷикистон ва матбуоти русзабон имкон надошт, иттифоқ уфтодааст."

Президенти Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод Кевин Клоз аз мақомоти Тоҷикистон ва Хадамоти алоқа даъват кард, "то ҷиҳати бардоштани ҳар навъ мониа аз роҳи барномаҳои Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод ва эҳёи дастрасии бемамониати шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттилои мустақил тамоми чораҳои лозимро бияндешанд."

Дастури хаттии Б.Зуҳуров: «Оzodi.org ва ozodi.tj муваққатан қатъ карда шавад»

Саҳифаи бастаи Озодӣ дар Душанбе
Саҳифаи бастаи Озодӣ дар Душанбе
Як манбаи наздик ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, ба Озодӣ гуфт,ки имрӯз, 24 феврал ба ҳамаи провайдерҳои интернетӣ дастури раиси Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров ҷиҳати муваққатан масдуд кардани сомонаҳои ozodi.org ва ozodi.tj фиристода шудааст. Матни ин дастур, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ба таври зайл аст: «Бинобар гузаронидани корҳои профилактикӣ муваққатан дастрасӣ ба сомонаҳои ozodi.org ва ozodi.tj қатъ карда шавад.»

Ин манбаъ гуфт, ки дастури шифоҳии Бек Зуҳуров ба провайдерҳо дар мавриди бастани сомонаи ozodi.org ва ozodi.tj рӯзи шанбе дода шуд ва имрӯз ба таври катбӣ ирсол шудааст.

Дастрасӣ ба сомонаи интернетии радиои "Озодӣ" дар қаламрави Тоҷикистон чанд рӯз боз ба мушкил рӯбарӯ шудааст.Корбарони сомонаҳои оzodi.org (оzodi.tj) ва rus.ozodi.tj (rus.ozodi.org), ки аз тариқи провайдери "Вавилон" ва дигар ширкатҳо, ба мисли "Билайн" ва "Тоҷнет" ворид мешаванд, аз чанд рӯз ба ин тараф шикоят мекунанд, ки ба ин сомона дастрасӣ надоранд. Ин дар ҳолест, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз масдуд шудани сомонаи "Озодӣ" бехабарӣ мекунад. Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Рафиқҷон Шокиров масдуд шудани сайтҳои «Озодӣ»-ро тасдиқ ва ё такзиб накард, фақат гуфт, ки «мебинем, баъд гап мезанем.»

Асомуддин Атоев
Асомуддин Атоев
Вале Ассосиатсияи ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ки сомонаи "Озодӣ" бо проксия боз мешавад ва ин маънои баста будани онро дорад. Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастракунандагони интернет дар Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврал ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки аз тариқи провайдери Бабилон ворид шудан ба сомонаҳои оzodi.org”, оzodi.tj, rus.ozodi.tj ва rus.ozodi.org )имконнопазир аст ва танҳо аз тариқи прокси-серверҳо метавон ба сомонаи "Озодӣ" ворид шуд.

Бино ба шикояти корбарони сайти Ozodi.org ва Ozodi.tj, беш аз як ҳафта мешавад, ки онҳо аз тариқи провайдери "Вавилон" ва бархе дигар аз ширкатҳои дастраскунандаи интернетӣ, наметавонанд вориди ин сомона шаванд.

Барои бори аввал нест, ки дастрасӣ ба сомонаи интернетии "Озодӣ" дар Тоҷикистон ба мушкил рӯбарӯ мешавад. Дар авоили моҳи гузашта низ дастрасӣ ба сомонаҳои "Озодӣ" аз сӯи чанд провайдер, аз ҷумла "Вавилон" ва "Тоҷнет" маҳдуд шуда буд ва мақомот иллати онро ба корҳои профилактикӣ ва сабабҳои техникӣ, рабт дода буданд. Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир Тоҷикистон бо маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаю шабакаҳои интернетӣ зуд-зуд дар сархатти хабарҳои ҷаҳон қарор мегирад.

Ҳамин тавр, дар гузашта чандин сомонаи хабарӣ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои ҳассосе, чун амалиёти нирӯҳои давлатӣ дар водии Рашт(солҳои 2010-2011) ва дар Хоруғ (тобистони соли 2012) баста шуданд. Мақомот ҳар дафъа мегуфтанд, кадом амр ё қасди хосе барои бастани ин сомонаҳо дар миён нест, балки зарурати кадом як корҳои профилактикӣ пеш омадааст. Аммо созмонҳои ҳомии озодии матбуот бо ин ё он баҳонаи умдатан гӯё фаннӣ бастани сомонаҳои интернетиро як василаи саркӯби матбуоти мустақил дар Тоҷикистон меноманд.

Онҳое ки дар дастрасӣ ба сомонаҳои Озодӣ мушкил доранд, метавонанд муваққатан аз ин адрес истифода баранд: http://ozodi.tumblr.com/
XS
SM
MD
LG