Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: "Ҳамос" қатъномаи Шӯрои амниятро пазируфт


Навори Ғазза
Навори Ғазза

Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” ба қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи поёни ҷанг дар Навори Ғазза ризоят додааст. Дар ин бора хабаргузории “Рейтерс” бо такя ба роҳбарияти гурӯҳ иттилоъ дод.

Манбаъ аз қавли роҳбарони “Ҳамос” навишт, ин гурӯҳ омодааст, ки ҷузъиёти қатъномаи Шӯрои амниятро баррасӣ кунад.

Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико ин хабарро “аломати рӯҳбаландкунанда” номид. “Ҳамос” аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст.

Қатар ва Миср ҳам гуфтаанд, аз “Ҳамос” дар робита ба қатъномаи Шӯрои амният посухи расмӣ гирифтанд. Ба гуфтаи ин ду кишвар, ки миёнарави музокирот ҳастанд, “Ҳамос” ва муттаҳҳиди фаластинии он гурӯҳи “Ҷиҳоди исломӣ” рӯзи сешанбе дар як баёнияи муштарак "омодагии худро барои расидан ба тавофуқ барои хатми ҷанг дар Ғазза изҳор карданд”.

Шӯрои амнияти Созмони Милал рӯзи 10-уми июн қатъномаи пешниҳодии Амрикоро барои оташбас дар ҷанги байин "Ҳамос" ва Исроил бо 14 раъйи тарафдор қабул кард.

XS
SM
MD
LG