Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уқоби кӯҳӣ - дар "дом"-и технологияҳои навин


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб барои наҷоти паррандаҳо аз вазъияти фавқулодда як гурӯҳи махсус таъсис додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб як гурӯҳи чорнафариро барои наҷоти асосан ҷонварону ҳайвонот ташкил додааст. Ҷобир Шарифов, раҳбари идораи ҳолатҳои фавқулода дар Кӯлоб гуфт, ин гурӯҳ дар моҳи сентябри соли гузашта тавонистааст уқоби шомили “Китоби сурхи Тоҷикистон”-ро аз марг наҷот бидиҳад.

Ба қавли Шарифов, пойҳои ин уқоб дар сими антенна ё мавҷпарокани ширкати “Тоҷиктелеком” дармонда, танҳо пас аз ёрии гурӯҳи вижа аз марг наҷот ёфтааст. “Ин антенна қариб 150 метр баландӣ дорад. Уқоб се рӯз натавонистааст аз симҳои мавҷпарокан раҳо шавад. Мо баъд аз муроҷиати раҳбарияти ширкат аз қазия огоҳ шуда ва барои халосаш рафтем. Агар онро наҷот намедодем, як ҷонвари нодир аз байн мерафт,” -- афзуд ӯ.

Ҷобир Шарифов
Ҷобир Шарифов

Баъд аз наҷоти уқоб дар Кӯлоб як сокини дигари ин минтақа барои берун кашидани сагаш аз дохили ташноб ба гуруҳи вижаи Кумитаи ҳолатҳои фвақулода муроҷиат кардааст. Ба қавли Ҷобир Шарифов, ин ҳодиса моҳи октябри соли гузашта иттифоқ уфтода ва гурӯҳи вижа аз уҳдаи наҷоти саг низ баромадааст.

Баҳодур Зуҳуров, нафаре, ки уқоб ва сагро аз вазъи вазнин берун оварда ва ба қавле ба онҳо умри дубора бахшидааст, 18 январ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, солҳои гузашта мардум барои наҷоти ҷони ҳайвоноташон ба онҳо муроҷиат намекарданд. Вале ҳоло шароит то ҳадде тағйир кардааст.

Уқоби кӯҳӣ-дар "доми" технологияи навин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Зуҳуров дар идома аз наҷоти уқоб ёдоварӣ кард ва гуфт: “Вақте рафта расидем, аз пояш дар антенна дармонда буд. Ҳарчанд мегуфтам бидорамаш , вале намегузошт. Билохира коре карда ӯро доштам ва ба поин овардам. Дидем, ки қаноташ шикастааст ва захмдор буд. Дар идора ӯро табобат кардем ва баъди як моҳе, ки сиҳҳат шуда, ба ҳаво сар додем.”

Ҳоло Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Кӯлоб миёни сокинон таблиғотеро ба роҳ мондааст, ки бояд дар сурати ба мушкил дучор шудани парандаҳо ва ҳайвонот ба онҳо муроҷиат кунанд. Ин идора мегӯяд, ки солҳои охир баъд аз сафари сокинон ба Русия ва кишварҳои дигар муносибати афрод бо ҷонварон тағйир ёфтааст.

Вале коршиноси маҳаллӣ Ҷаҳонгири Рустамшоҳ мегӯяд, мардум ҳанӯз ба пуррагӣ аз пуҳлӯҳои мусбати ин кор хабар надоранд ва бояд дар маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат бигирад. Ӯ гуфт, мисли ин ки дар баъзе аз маҳаллаҳо ба ҷои даъвати оташнишонҳо худи сокинон бо сатил сӯхторро хомӯш карданӣ мешаванд, дар наҷоти ҳайвонот низ асосан сокинон вориди амал мешаванд.

Бо ин ҳол, гурӯҳи чорнафарии наҷотбахшон дар Кӯлоб барои ёрӣ ба сокинон ва ҷонварону ҳайвонот камар бастаанд ва мегӯянд, ки мунтазири тамосҳои сокинонанд.

XS
SM
MD
LG