Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро баъди соати 6-и бегоҳ дӯконҳо баста мешаванд?


Соҳибкорони пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, мехоҳанд пас аз соати 6-и бегоҳ дари дӯкону фурӯшгоҳҳояшон ба рӯи муштариён боз бошад. Аммо барои идомаи фаъолият баъди соати 6-и бегоҳ иҷозаи хоси мақомоти маҳаллӣ зарур будааст, ки на ҳамаи соҳибкорон имкони ба даст овардани онро доранд.

Усмон Боймуродов, як тоҷири пойтахт, ки дар маҳаллаи Гулистон дӯкони фурушӣ таҷҳизоти маишӣ дорад, рӯзи 5 август дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, тибқи реҷаи коре, ки мақомот барои вай тасдиқ кардаанд, бояд то соати шаш дари дӯконҳояшро баста, кори савдоро қатъ кунад.

“Аксари одамон соати 5-5:30 аз кор фориғ мешаванд. То рафтан ба хона бисёриҳо мехоҳанд ягон чиз харид кунанд. Аммо моро иҷоза намедиҳанд, ки дар ҳамин вақт савдо кунем. Реҷаи корие, ки бо нозирони минтақавии милиса мувофиқа шудааст иҷоза медиҳад, танҳо то соати 6 кор кунему бас,” – гуфт ӯ.

Ин тоҷири тоҷик мегӯяд, агар мақомот ба онҳо иҷоза диҳанд, ки чанд соате пас аз торик шудани рӯз ҳам фаъолият кунанд, шумораи муштариёни онҳо зиёд мешавад. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар ин сурат даромади онҳо бештар шуда, давлат ҳам аз ин ҳисоб фоида хоҳад дид.

Айни чунин шикоятро ҳадди ақалл панҷ соҳибкори дигар дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт дар суҳбат бо мо иброз доштанд.

Реҷаи хоси фаъолияти дӯкону фурушгоҳҳо ва маконҳои хидматрасонии маишӣ дар Душанбе бештар таҷрибаи боқимонда аз солҳои ноороми 90-ум аст, ки мақомот ба далели амниятӣ фаъолияти онҳоро маҳдуд карда буданд. Аммо сокинони Душанбе мегӯянд, аз субҳ то шом машғули кор ҳастанд ва пас аз кор зарурати харидории ин ё он ашё ба миён меояду онҳо дари бисёре дӯкону фурӯшгоҳҳоро баста меёбанд.

Абубакр Ҳомидов, сокини Душанбе, гуфт, «пас аз соати 6 шаш маъмулан аз кор мебароям. Аммо дар ин вақт дари аксарияти фурӯшгоҳҳо баста аст, ҳатто «ЦУМ» ҳам. Боре мехостам пас аз кор баромада як даста гул ва туҳфа харам, аммо дари дӯконҳо аллакай баста буд”.

Ҳомидов мегӯяд, борҳо дар сафарҳои хориҷӣ буд ва дидааст, ки дар аксар шаҳрҳои бузург, ошхона, фурӯшгоҳ ва дигар иншооти маишӣ, баръакс, пас аз фаро расидани шом фаъолтар мешаванд ва муштариён ҳам ба истилоҳ машғули “шопинг” мешаванд. Аммо чаро масъулони мақомоти пойтахт фаъолияти дӯкон, фурӯшгоҳ ва марказҳои хидматрасониро маҳз дар авҷи “шопинг тайм” ва ё соатҳои харид маҳдуд мекунанд?

Аз Раёсати иқтисод ва савдои ҳукумати шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки “барои идомаи фаъолият пас аз соати 5-и бегоҳ соҳибкорони пойтахт бояд аз мақомоти маҳҳали тиҷораташон иҷозаи махсус гиранд. Аммо агар соҳибкор хоҳиши фаъолияти шабонарӯзиро дошта бошад, бояд ба ҳукумати шаҳри Душанбе ба таври хаттӣ муроҷиат кунад. Фаъолияти ӯро ҳамаи идораҳо, аз ҷумла додситонӣ санҷида, баъд ба ин кор иҷоза медиҳад.”

Бино ба иттилои мақомоти шаҳри Душанбе, барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият то соати 11-и шаб соҳибкор ва ё моликони фурӯшгоҳу марказҳои маиширо зарур аст, ба ҷуз аз аризаи хаттӣ, инчунин, 8 ҳуҷҷати дигарро ба унвони мақомоти маҳаллӣ пешниҳод кунанд. Танҳо пас аз ин мақомоти маҳаллӣ реҷаи кори шабонаи ин соҳибкор ва ё ширкатро тасдиқ мекунад.

Аммо соҳибкорон мегӯянд, ба даст овардани ин иҷозатнома давутози зиёд ва коғазбозии изофиро талаб мекунад. Соҳибкорон мегӯянд, суботу оромӣ кайҳост ҳукмфармост ва беҳтар аст агар ҳукумати шаҳр ин талаботро аз миён бардорад ва соҳибкорон имкони озоди интихоби реҷаи кори дилхоҳашонро пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG