Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Порлумони Аврупо бо мақомоти Тоҷикистон чӣ гуфтанд?


Вакилони Порлумони Аврупо ва намояндагони дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон. 1-уми ноябри соли 2019
Вакилони Порлумони Аврупо ва намояндагони дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон. 1-уми ноябри соли 2019

Вакилони порлумони Тоҷикистон аз намояндагони мардумии Аврупо хостаанд, ки мавқеи худро дар бораи ҳузури мухолифони тоҷик ва аъзои созмонҳои, ба гуфтаи онҳо, мамнуъ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бозбинӣ кунанд. Дар гузашта низ ба ин монанд пешниҳодҳо аз тарафи мақомоти Тоҷикистон садо дода буд. Қаблан Петр Ивашкевич, сафири Лаҳистон дар Тоҷикистону Узбекистон, гуфта буд, созмонҳое, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ ҳастанд, аз рӯи қонунҳои ин кишвари аврупоӣ чунин арзёбӣ намешаванд ва ба ҳамин далел аъзои онҳо дар хоки Лаҳистон ба таври озод ва қонунӣ ба сар мебаранд.

Як гуруҳ аз вакилони Порлумони Аврупо дар Душанбе ҳастанд ва онҳо рӯзи 31-уми октябр бо аъзои Маҷлиси Намояндагон ва рӯзи 1-уми ноябр бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардаанд. Мақомоти расмӣ дар баёнияе гуфтанд, ки раиси ҷумҳур Иттиҳоди Аврупоро "аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ" хондааст.

Ҳайати вакилони Порлумони Аврупоро, ки аз 3 нафар иборат буданд, Фулвио Мартучелло (Fulvio Martusciello) сарварӣ мекард ва ҳадафи сафари онҳо ширкат дар ҳаштумин иҷлоси Кумитаи ҳамкориҳои порлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон будааст.

Олимҷон Бобоев, вакили порлумон ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, гуфт, дар қатори масъалаҳои зиёди таҳкими ҳамкориҳо ва баррасии барномаи нави ИА барои минтақа, онҳо бо вакилони Иттиҳоди Аврупо "вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризм ва ҳузури мухолифини тоҷик"-ро дар миён гузоштаанд. Ӯ афзуд, ба вакилони Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, дар масъалаи ҳузури аъзои созмонҳое, ки дар Тоҷикистон мамнуъ шудаанд, "корбарӣ кунанд".

"Ба онҳо фаҳмондем, ки барои мисол ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эълон шудааст. Инҳо аъзои нави порлумон ҳастанд ва бисёр масъала барояшон равшан нест. Гуфтем, дар ин масъала корбарӣ кунед. Вакилони Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоб гуфтанд, ки масъаларо меомӯзанд," -- гуфт Олимҷон Бобоев.

Бобоев гуфт, вакилони Иттиҳоди Аврупо аз онҳо дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон пурсидаанд. "Мо ба онҳо посух додем, ки дар Тоҷикистон дар масъалаи ақаллиятҳои миллӣ ягон хел табъиз нест," -- гуфт ин вакили порлумон.

Маълум нест, вакилони Порлумони Аврупо ба ин дархости ҳамтоёни тоҷики худ дақиқан чӣ посух додаанд. Дар хабаре, ки дафтари матбуоти Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон нашр кард, ҷузъиёте дар ин бора дода намешавад.

Дар намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Порлумони Аврупо ниҳоди комилан мустақил аст ва онҳо ҳаққи додани тафсилот дар бораи мулоқоти намояндагони онро надоранд. Ба гуфтаи масъулони намояндагии Иттиҳоди Аврупо, барои гирифтани маълумот дар ин бора бояд ба котиботи Порлумони Аврупо муроҷиат кард.

Бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳузури мухолифин дар Аврупо норизоятии худро баён мекунанд. Дар чанд соли гузашта намояндагони ҳукумат борҳо талош кардаанд, ҷомеаи ҷаҳониро водор кунанд, ки созмонҳое ба моннади Ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24"-ро созмонҳои ифротӣ эълон ва аъзои онҳоро аз хоки худ берун кунанд.

Мақомоти тоҷик гуфтаанд, кишварҳои аврупоӣ ба аъзои ин ҳизбу гуруҳҳо паноҳгоҳ медиҳанд, ки истифода аз "меъёрҳои дугона" дар мубориза бо терроризм аст.

Сафири пешини Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссинг моҳи феврали имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон чанд дафъа масъалаи ҳузури мухолифони ҳукуматро дар кишвараш бо ӯ дар миён гузоштаанд. Вай гуфт, онҳо дар посух аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, "далелҳои собит биоранд, ки он афрод қонуншиканӣ кардаанд ва он вақт Олмон чора меандешад."

Мухолифони тоҷик ғолибан баъд аз соли 2015 рӯ ба Аврупо оварданд. Замоне ки Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро дар ташкили ба гуфтаи мақомот ошӯби нофарҷоми моҳи сентябри соли 2015 ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор ва ин созмонро мамнӯъ ва террористӣ эълон кард. Раҳбарияти ҳизб дар хориҷа ин иттиҳомотро рад карда ва беасос донистааст. Онҳо мегӯянд, ҳадафи мақомот аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ҳизби мухолиф буд.

Иттиҳоди Аврупо, ки 28 кишвари қораи Аврупоро дарбар мегирад, яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Ғарб ба шумор меравад. Иттиҳоди Аврупо тобистони имсол стратегияи нави худро дар Осиёи Марказӣ қабул кард, ки сармоягузории миллионҳо евроро ба иқтисоди ин кишварҳо дар назар дорад.

Солҳои ахир дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе борҳо саҳнаи эътирози як гуруҳ аз сокинони Тоҷикистон будааст, ки мақомот онро тазоҳуроти худҷӯш, вале созмонҳову коршиносони мустақил кори дасти мақомот номидаанд.

XS
SM
MD
LG