Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди 5 соли мактабсозӣ


Галия Рабиева
Галия Рабиева

Як вакили парлумон мегӯяд, дар ҷараёни боздидаш аз Рӯдакӣ ва Турсунзода мушоҳида кардааст, ки дар баъзе мактабҳо ба ҷои ду нафар дар як миз чаҳор нафар нишаста дарс мехонанд.

Галия Рабиева, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, тасмим дорад, то аз ҳукумату Вазорати маориф ва илм бихоҳад, ки панҷ соли ояндаро “панҷсолаи сохтмони мактабҳо” эълон кунанд. Хонум Рабиева рӯзи 26 сентябр дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз дидани аҳволи талабаҳои яке аз мактабҳои миёна дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба ҷои ду нафар дар як миз чаҳор нафар менишастанду дарс мехонданд, ба ин натиҷа расидааст.

Ин вакили парлумон дар оғози моҳи ҷорӣ дар қатори дигар намояндагони мардум барои суҳбат ба назди интихобкунандагон дар ноҳияҳои Рӯдакӣ рафта буд. “Аз як тараф афзоиши аҳолӣ ва аз сӯи дигар ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯч бастани мардум боис ба камбуди мактабу норасоии синфхона ва мизу курсиҳо шудааст. Масалан, дар мактаби рақами 59-и ҷамоати Чимтеппа дар як парта (миз) ба ҷои ду нафар чаҳор кӯдак нишаста, дарс мехонданд. Бисёр нороҳаткунанда аст. Дар ин вазъ чӣ гуна талаба метавонад дарсро ҳазм намояд?”,-суол гузошт ӯ.

Галия Рабиева дар идома гуфт, бештари хонандагон дар ноҳияи Рӯдакӣ орзу доштаанд, мисли мактаби рақами 8-и Душанбе ҷои дарсхонӣ дошта бошанд. Бинои нави ин мактаби миёна соли гузашта дар маркази пойтахт бунёд ва аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ба кор оғоз карду яке мактабҳои бузург ва муосир ба ҳисоб меравад.

“Ҳамаи талабаҳо ин мактаби навбунёди рақами ҳаштро аз тариқи телевизион дидаанд ва бо ҳавас мегӯянд, ки чунин мактаб дошта бошанд. Онҳо ба мактабҳои нав ва синфхонаҳои нав сахт ниёз доранд”,-мегӯяд вакили парлумон. Ӯ меафзояд, чунин вазъро дар баъзе аз мактабҳои шаҳраки Турсунзода ҳам дидааст: “Барои мисол, дар мактаби рақами 15-и ин шаҳрак, ки аслан барои якуним ҳазор талаба дуруст карда шудааст, дуним ҳазор талаба таҳсил мекунанд”,-гуфт вакили Маҷлиси Намояндагон.

Галия Рабиева, вакили парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон ва масъулони идораҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва Турсунзода нишон додааст, ки норасоии мактабу синфхонаҳо ба чашм мерасад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтааст, ба ҳукумат ва Вазорати маориф ва илм пешниҳод кунад, ки панҷ соли ояндаро “панҷсолаи сохтмони мактабҳо” эълон кунанд. “Агар мактаб набошад, мизу курсӣ нарасад, бачаҳо дар ҳолати вазнин ба дарс оянду раванд, мо аз онҳо чиро интизор хоҳем шуд? Мо бояд шароити тамоми мактабҳо дар куллия минтақаҳои кишвар хуб кунем ва баъд интизори онро дошта бошем, ки аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон донишмандон сар кашанд”,-хулоса кард Рабиева.

XS
SM
MD
LG