Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Муқоисаи деҳқони тоҷик бо кишоварзи исроилӣ


Рофеъ Раҳмонов, кишоварзе аз ноҳияи Ҳисор
Рофеъ Раҳмонов, кишоварзе аз ноҳияи Ҳисор

Як таҳқиқ нишон додааст, як деҳқони тоҷик 4 нафарро мехӯронад, аммо деҳқони исроилӣ - 97 нафарро. Хабарнигорони Озодӣ барои рӯшан кардани ин вазъ ба сари замини яке аз сокинони Ҳисор рафтанд.

Рофеъ Раҳмонов, сокини 76-солаи Ҳисор, имсол бо умеди бештар ба замин менигарад ва сахттар каланд мезанад, то ҳосили зиёдтар ҷамъоварӣ намояд. Зеро ду фарзандаш, ки даромади асосии хонаводаро аз Русия мефиристоданд, ба қавли худаш "депортатсия" шуда, ба гарданаш бор гардидаанд.

Ин пирамард мегӯяд, таъмини рӯзгор танҳо бо кори деҳқонӣ душвор аст ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон, ба қавли ӯ, даромади чандон надорад: "Писаронам дар Русия кор карда, пул мефиристоданд. Имсол депортатсия шуданд. Акнун бо шаш фарзанд заминро бо даст коркард мекунем, чунки бо трактор ҷуфт кунем, гарон меафтад."

Раҳмонов, ки тамоми умрашро ба деҳқонӣ сарф кардааст, мегӯяд, агар техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ медошт ва нурии минералӣ дастрас мекард, метавонист харҷи оилаашро ба танҳоӣ бипӯшонад. "Солҳои Шӯравӣ мо дар замин кор мекардем, ҳамаро мехӯронду мепӯшонд. Трактор буд, дигар техникаҳо ва нуриҳои минерлӣ буд. Ҳоло дар вақти зарурӣ техникае намеёбӣ, ки заминро шудгор кунӣ,"-афзуд сокини 76-солаи Ҳисор.

Репортаж аз замини Рофеъ Раҳмонов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Рофеъ Раҳмонов аз таҷрибаи соли гузаштааш ёдовар шуд, ки дар се гектар замин гандум кишт кард, вале ҳосилаш ҳамагӣ 1,5 тонна шуд. Ин дар ҳоле буд, ки ӯ барои кишти гандум, бо шумули пули ҷуфти замин ва нуриҳои минералӣ, тақрибан 2 ҳазор сомонӣ сарф кард, вале якуним ҳазор сомонӣ ба даст овард ва ҳатто харҷашро пӯшонида натавонист. Ӯ мегӯяд, агар ӯ трактор медошт, ҳосили бештар мегирифт ва пули хубе ба даст меовард. Нархи трактор дар Тоҷикистон аз 8 ҳазор доллар сар мешавад.

Аммо ин танҳо Рофеъ Раҳмонов нест, ки бо вуҷуди заҳмати зиёд аз замин ҳосили зарурӣ ба даст намеорад ва харҷи оилаашро пурра таъмин карда наметавонад.

Рустам Латифзода
Рустам Латифзода

Рустам Латифзода, номзади илмҳои кишоварзӣ ва ҳамакнун роҳбари ҳизби аграрии Тоҷикистон, мегӯяд, самаранокии кори кишоварз дар Тоҷикистон паст аст ва деҳқонон ҳосили дилхоҳ ба даст оварда наметавонанд. Ӯ дар пайи як тадқиқот муайян кардааст, деқони тоҷик ба ҳисоби миёна 4 нафарро хӯронда метавонад, дар ҳоле ки кишоварзи исроилӣ ин тавонро дорад, ки зиндагии 97 нафарро таъмин кунад.

Ин пажуҳиши олими тоҷик дар ҳолест, ки беш аз 60 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар русто зиндагӣ мекунанд ва шуғли аксари онҳо кишоварзӣ аст.

Виорел Гутсу, роҳбари Барномаи озуқавории Созмони Милал дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қимати озуқа (ғизо) дар Тоҷикистон хеле гарон аст, вале деҳқон, парваришгари маҳсулот аз ин фоида намебинанд: "Нархи озуқаворӣ дар Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои минтақа ва ҳатто шаҳрҳои калони дунё гаронтар аст. Аммо аз ин деҳқон чандон фоида намебинад. Чунки нархи воситаҳои истеҳсолот қимат аст. Ман дар назар дорам нуриҳои минералӣ, тухмӣ ва ғайраро. Чунки дар Тоҷикистон намояндагии ширкатҳои калони кишоварзӣ вуҷуд надоранд, дар ин бозор рақобат ҷиддӣ нест ва нархҳо хеле гарон аст."

Ворел Гутсу
Ворел Гутсу

Ҷаноби Гутсу афзуд, ин далел ки деҳқони тоҷик аз кори худ самараи хуб намегирад, сабабҳои дигар ҳам дорад. Аз як сӯ, ба гуфтаи ӯ, кишоварзон дониши кофӣ надоранд ва аз тарафи дигар барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ инфраструктураи зарурӣ мавҷуд нест. Ӯ гуфт, барои мисол қисми зиёди меваҳои Тоҷикистон бинобар набудани яхдонҳои махсус зуд вайрон мешаванд ва боғпарварон аз корашон фоидаи хуб ба даст намеоранд.

Ин намояндаи Созмони Милал илова кард, дар пасманзари манъи воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Аврупо ба Русия ва боз шудани ин бозор ба рӯи ба Тоҷикистон, арсаи кишоварзии кишвар барои сармоягузорӣ хеле ҷаззоб шудааст. "Ҳоло Тоҷикистон барои ҷалби ширкатҳои бузурги кишоварзӣ шанси хуб пайдо кардааст ва ниҳодҳои кишвар бояд дар ин самт талош кунанд,"-таъкид кард Гутсу.

Тоҷикистон баъди азҳампошии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) низоми колхозу совхозҳоро барҳам дод ва ба ҷои он хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил кард. Ҳоло тибқи омори охир дар Тоҷикистон 62 ҳазор хоҷагии хурди деҳқонӣ сабти ном шудааст, ки барои хариди техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ маблағи кофӣ надоранд ва аз заҳмати худ фоидаи ночиз ба даст меоранд. Ин аст, ки кишвар солҳои охир ҳатто картошкаву нок ва дигар анвои меваҳоро аз Чину Покистон ва Афғонистону Эрон ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG