Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси "Амонатбонк" аз кам шудани пули муҳоҷирон гуфт


Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк".
Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк".

Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" аз коҳиши интиқоли маблағи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба кишвар хабар дод. Аммо раиси ин бонки давлатӣ нагуфт, ки дар ин шаш моҳ чӣ қадар пул ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Тоҷикистон яке аз он кишварҳои ҷаҳон аст, ки иқтисодаш сахт пойбанди пули муҳоҷирони корӣ ва бахусус муҳоҷирон дар Русия аст. Миллиардҳо долларе, ки ҳар сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба Тоҷикистон ворид мешавад, дар пешрафти иқтисоди кишвар ва коҳиши фақру камбизоатӣ кӯмак мекунад.

Сироҷиддин Икромӣ рӯзи 21-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, баъди хуруҷи коронавирус ва баста шудани роҳҳо дар шаш моҳи имсол, интиқоли маблағи муҳоҷирон аз тариқи "Амонатбонк" кам шудааст. Ӯ афзуд, ки тариқи "Амонатбонк" ирсоли маблағи муҳоҷирон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз коҳиш ёфтааст, вале аз гуфтани ҳаҷми маблағҳои интиқолшуда худдорӣ намуд. Ӯ гуфт, ки коҳиши пули муҳоҷирон ба вазъи иқтисоди кишвар бе таъсир намонд: "Нақши маблағҳои интиқолии муҳоҷирон маълум аст, ки бо ин сатҳи зиндагии хонаводаҳои онҳо беҳтар мегардид, имкони харидории маҳсулоти хӯрока ва дигар маҳсулот пайдо мешавад ва дар натиҷа гардиши маблағ дар бозор зиёд мешавад ва ин ба дигар пардохтҳои буҷа вобаста аст. Яъне, ин як занҷири пайдарпай аст, ки ба иқтисодиёт маблағ, ки ворид шуд, ҳатман ба рушди дигар соҳаҳо низ таъсири худро мерасонад".

Чанд соли ахир мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон талош мекунанд ба расонаҳо дар мавриди ҳаҷми маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия ба кишвар маълумот надиҳад. Бархе коршиносон мегӯянд, бо ҳадафи ҷалби сармоя, ҳоло масъулон барои расонаӣ шудани коҳиши маблағи интиқолии муҳоҷирон зиёд пофишорӣ намекунанд, ҳарчанд оморҳои пешниҳоднамуда ба қавли таҳлилгарон, чандон ба воқеият наздик нест.

Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ 20 дарсад коҳиш ёфтани интиқоли маблағи муҳоҷиронро аз Русия ба кишвар тариқи "Амонатбонк" ба назари шубҳа менигарад ва мегӯяд, "дар ҳоле, ки аксари муҳоҷирони корӣ дар Ватан монданд ва онҳое ҳам, ки дар Русияанд, дар карантин қарор гирифтаанд, 20 дарсад кам шудани интиқол боварнокарданист".

Ӯ рӯзи 21-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бештари оморҳое, ки мақомоти кишвар дар мавриди интиқоли пули муҳоҷирон ироа мекунанд, мисли пешбинии рушди иқтисод аст, ки барои хориҷиҳо 2,5% ва барои дохил 4,7% гуфтанд: "Ҳарф задан аз коҳиши интиқол не, танҳо барои ҷалби кумакҳо метавонад бошад, билохира бояд омор гуфта шавад".

Қаблан Бонки Марказии Русия хабар дода буд, ки дар се моҳи аввали имсол муҳоҷирон ба Тоҷикистон 359 миллион доллар фиристодаанд ва ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 103 миллион доллар ва ё 22 дарсад камтар аст. Муҳоҷирони тоҷик соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 576 миллион доллар фиристодаанд, ки ба 33 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст.

Шавкат Валиев, сардори яке аз раёсатҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон моҳи июн дар як сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки кам шудани интиқоли пул аз Русия эҳтимол ба буҷаи хонаводаҳои муҳоҷирон таъсир расонад, вале иқтисоди кишвар мисли солҳои 2008 зиёд пойбанди ин маблағҳо нест.

Бонки Ҷаҳонӣ охири моҳи апрел дар гузорише коҳиши рекордии маблағҳои интиқолии муҳоҷиронро дар ҷаҳон пешбинӣ карда буд. Бино ба баҳогузории ин ниҳоди байнулмилалии молӣ, кам шудани маблағҳои интиқолӣ ба кам шудани маош ва корёбии муҳоҷирон рабт дорад, ки дар соли 2020, бист дарсадро дар бар мегирад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ моҳи апрели имсол дар номае ба Сандуқи Байнулмилалии Пул кам шудани интиқоли пули муҳоҷиронро эътироф кардааст. Ӯ гуфта, ки интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи март ва нимаи аввали апрел 50 дарсад ё 80 миллион доллар коҳиш ёфт.

Дар нома гуфта шудааст, кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон, мумкин аст, чанд моҳ давом кунад ва ин ба коҳиши сатҳи истеъмол ва афзоиши бекорӣ ба бозори асъор оварда расонад.

Русия як мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст ва ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар он кору иқомат мекунанд. Дар баробари таъсири коҳиши маблағҳои интиқолии муҳоҷирон, ҳоло бозгашти онҳо ба Тоҷикистон теъдоди бекоронро низ дар кишвар афзоиш додааст.

Гузориш такмил мешавад

XS
SM
MD
LG