Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои наздикони парвандаи "ёрӣ ба ҷиҳод" аз Омбудсмен


Оиша Эгамбердиева
Оиша Эгамбердиева

Наздикони муттаҳамон дар парвандаи "ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ", аз Омбудсмени Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки дар ҳалли мунсифонаи ин қазия мусоидат кунад.

Наздикони Олим Ғуломов ва Ҷӯрахон Икромов, ки барои ширкат дар иттиҳодияи ҷиноӣ ва узвият дар ҲИУ айбдор дониста шудаанд, дар назди идораи Омбудсмен ҷамъ омада, талаб доранд, ки барои бегуноҳии шавҳараш мусоидат кунад. Онҳо тақозо доранд, ки қазияи наздиконаш мунсифона баррасӣ шуда ва ҳамчунин ба масъалаи шиканҷаи онҳо дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии миллии Тоҷикистон расидагӣ шавад.

Оиша Эгамбердиева, ҳамсари Олим Ғуломов рӯзи 24 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ҳудуди 20 нафар аз ду хонавода ба хотири бегуноҳии шавҳараш ва айбгузориҳои беасоси додгоҳи Исмоили Сомонӣ, дар назди Омбудсен ҷамъ омадаанд. Оиша Эгамбердиева мегӯяд, "мо бо худ ариза дорем ва мехоҳем, ки бо Омбудсмен Зариф Ализода чашм ба чашм гап занем, ки парвандаи шавҳарам ва Ҷӯрахон Икромовро бозбинӣ кунад ва барои бегуноҳии онҳо мусоидат кунад."

Ба нақли вай, «шавҳараш Олим Ғуломов ва Ҷӯрахон Икромов ба Покистон рафтани домодҳояш ва дигарон ҳеҷ рабте надоранд ва додгоҳ онҳоро ғайриқонунӣ ва бе ҳеҷ асос айбдор кардааст.»

Ин дар ҳолест, ки Зафар Раҳмонов, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 22 июл дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфт, ки "Олим Ғуломов бо моддаи 36, қисми 5 ва 187, қисми 2, яъне иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ ва ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ ва Ҷӯрахон Икромов бо моддаи 307/ 3, қисми 2 барои узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон муттаҳам дониста мешаванд."

Ҷаноби Раҳмонов мегӯяд, тафтиши парванда мушаххас кард, ки Олим Ғуломов, аз соли 2004 то 2010 дар манзили истиқоматиаш дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ “ба тадриси ифротии динӣ” машғул шуда, инчунин дар ҷамъомадҳои аъзои ташкилоти террористӣ- экстремистии Ҳаракати исломии Узбакистон бо ҳамроҳии Дилшоди Косонӣ, Илолиддин Ғуломов, Ҷӯрахон Икромов, Абдуллохони Абдулаҳад ваАбдуҷаббор Зоҳиров фаъолона ширкат кардааст.

Аммо Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъи Олим Ғуломов гуфт, далели тафтишот дар мавриди даст доштани зерҳимояаш дар таълими ифротгароии ҷавонон саҳеҳ нест. Ба гуфтаи ҷаноби Ёров, Олим Ғуломов солҳои 2004 - 2010 дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ намекард. Ва Дилшоди Косонӣ низ ба духтари Олим Ғуломов дар соли 2005 хонадор шудааст.
XS
SM
MD
LG