Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони имсола маълум шуд? "Истиқлол"-"Равшан" 0:1


Тими "Равшан"-и Кӯлоб дар бозии асосии даври даҳуми мусобиқоти лигаи олии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бар тими "Истиқлол"-и Душанбе ғолиб омад.

Ин бозӣ шоми 7 сентябр ба иллати омода набудани майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистондар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури тақрибан 6 000 тамошобин доир шуд. Тӯби ягонаро дар ин бозӣ легионери ганагии "Равшан" Саломон Течӣ дар дақиқаи шашуми қисми аввали бозӣ зад.

Талошҳои "Истиқлол" барои тағйир додани натиҷаи бозӣ ба ҷое нарасид, чунки бозигарони "Равшан" тавонистанд бо рӯҳбаландие, ки аз ин голи зуд ба дарвозаи рақиб гирифтанд, аз ин натиҷа то поёни бозӣ дифоъ кунанд ва ҳатто чанд вазъияти дигари голзаниро худ аз даст доданд.

Нарзуллоҳи Латиф аз варзишгоҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00
Линки мустақим


Федератсияи футболи Тоҷикистон раҳбарони бошгоҳҳои футболи «Истиқлол» ва«Равшан»-ро аз қабл вазифадор карда буд, ки рафтори мухлисони дастаҳоро таҳти назорати қатъӣ бигиранд. ФФТ онҳоро ҳушдор дод, ки дар мавриди ба варзишгоҳи «Металлург» аз ҷониби мухлисон зиён расонидан, бошгоҳҳо муҷозоти молӣ мешаванд.

Сардовари ин бозӣ Сергей Гороховодатский ва ёваронаш - Серик Кошкаров ва Самат Тергеусизов аз шаҳри Алматии Қазоқистон даъват шуданд.

Ба бозии давраи аввали мусобиқот миёни «Равшан» ва «Истиқлол» низ, ки 15-уми июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт, гурӯҳи ҳакамон аз Қирғизистон бо раҳбарии Дмитрий Машенсев доварӣ карда буданд.

Баъди ин бозӣ дар ҷадвали мусобиқот «Равшан» бо 30 имтиёз мавқеъаш дар мақоми аввалро тақвият дод ва «Истиқлол» бо 24 имтиёз ҳамчунон дар ҷойи дувум қбоқӣ монд. Ҳарду даста ва шояд боз "Регар-ТадАЗ" муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ як рӯз пеш бо бозии дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва ССКА «Помир»-и Душанбе шурӯъ шуд.«Регар-ТадАЗ» дар ин бозӣ, ки шоми ҷумъа, 6-уми сентябр, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо гардид, бар ҳарифаш бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

Сафаралӣ Каримов, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 12-ум ҳисобро боз кард. Голи дувуми «Регар-ТадАЗ»-ро Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 26-ум зад. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 54-ум, Ҷеймс Адди, легионери африқоии ССКА «Помир» аз Гана, ҳисобро тағйир дод. Голи севуми мизбононро Комил Саидов дар дақиқаи 84-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Дар замони изофӣ (90+2) Ҷеймс Адди голи дувуми меҳмононро вориди дарвозаи «Регар-ТадАЗ» кард.


Даври 12-ум
6-уми сентябр, ҷумъа.

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе) – 3-2. Ваврзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 12 (1:0). Хуршед Маҳмудов, 26 (2:0). Ҷеймс Адди, 54 (2:1). Комил Саидов, 84 – аз пеналтӣ (3:1). Ҷеймс Адди, 90+2 (3:2).


7-уми сентябр, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 16.30

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) 2:1. Варзишгоҳи «Хайр»-и Ваҳдат. Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа). Ёваронаш: Некрӯз Умаров, Сайвалӣ Турдиев (ҳарду аз Қӯрғонтеппа). Довари эҳтиётӣ: Алимирзо Хоҷаев (Турсунзода).
Голҳо: Мирзобек Мирзоев(4б 1:0, 38(2:0), Фарҳод Тоҳиров, 61(2:1)

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «РАВШАН» (Кӯлоб) - 0:1. Варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода. Сардовар: Сергей Гороховодатский. Ёваронаш: Серик Кошкаров, Самат Тергеусизов (ҳама аз Қазоқистон). Довари эҳтиётӣ: Акмал Бӯриев (Турсунзода).
Гол: Саломон Течӣ(6)

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд) 1:2. Варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак). Ёваронаш: Ҳасан Каримов (Норак), Мустафо Исломов (Восеъ). Довари эҳтиётӣ: Ҷамшед Гирдаков (Душанбе).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 10 10 0 0 16-2 30
2. «Истиқлол» (Душанбе) 10 8 0 2 28-4 24
3. «Хайр» (Ваҳдат) 10 6 2 2 19-11 20
4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 10 6 1 3 13-10 19
5. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 3 3 4 9-10 12
6. «Энергетик» (Душанбе) 10 3 2 5 10-13 11
7 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 9 3 1 5 7-16 10
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 10 0 3 7 5-15 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 10 0 2 8 5-26 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 7 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 4 тӯб.
XS
SM
MD
LG