Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» бо «Равшан» дар Турсунзода вориди набард мешавад


Бозии марказии даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб - рӯзи 7 сентябр баргузор мешавад.

Ин бозӣ соати 16:30 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Қарор буд ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешуд, вале ба иллати омода набудани майдони иншооти асосии кишвар, бо қарори бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ин бозӣ дар варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода барпо мегардад.

Доварони ин бозӣ аз Қазоқистон даъват шудаанд. Сергей Гороховодатскийи 36-сола аз шаҳри Алматӣ сардовари ин бозӣ таъин шуда, ёварони ӯ ҳамшаҳриҳояш - Серик Кошкарови 40-сола ва Самат Тергеусизови 27-сола мебошанд.

Сергей Гороховодатский бозиҳои суперлигаи Қазоқистонро аз соли 2007-ум доварӣ мекунад. Вай соли 2007-ум бозиҳои интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо миёни наврасони то 16-сола, инчунин, соли 2008-ум бозиҳои Ҷоми Иттиҳодро дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доварӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, бозии давраи аввали мусобиқот миёни «Равшан» ва «Истиқлол»-ро, ки 15-уми июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфта буд, гурӯҳи доварон аз Қирғизистон бо раҳбарии Дмитрий Машенсев доварӣ карда буданд.

Дар айни ҳол дар ҷадвали мусобиқа «Равшан» бо 27 имтиёз дар ҷойи аввал ва «Истиқлол» бо 24 имтиёз дар ҷойи дувум мебошанд.

Бозии "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) - ССКА "Помир" (Душанбе), ки мувофиқи тақвими мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, бояд дар варзишгоҳи "Металлург" рӯзи 7 сентябр баргузор мешуд, як рӯз пеш, 6 сентябр барпо мегардад.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 9 9 0 0 15-2 27
2. «Истиқлол» (Душанбе) 9 8 0 1 28-3 24
3. «Хайр» (Ваҳдат) 9 5 2 2 17-10 17
4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 5 1 3 10-8 16
5. «Энергетик» (Душанбе) 9 3 2 4 9-11 11
6. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 9 3 1 5 7-16 10
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 2 3 4 7-9 9
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 9 0 3 6 3-12 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 9 0 2 7 4-24 2


Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр», “Истиқлол”) – 7 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Александр КУДРЯШОВ, Виллер Соуза ОЛИВЕЙРА, Юҷин СЕПУЙЯ (ҳарсе - «Истиқлол»), Нӯъмонҷон ҲАКИМОВ («Равшан»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр»), Муҳаммад ГУЛИПУР («Хуҷанд»), Ғайрат АБДУРАЗЗОҚОВ («Истаравшан») – 3-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG