Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: Раъйпурсии 22 май "интригаи сиёсӣ" надорад


Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки дар маъракаи таблиғи ислоҳи Қонуни асосӣ фақат онҳое иштирок мекунанд, ки ҷонибдори ин ислоҳот ҳастанд ва дигарандешон ба ин баҳсҳо роҳ намеёбанд.

Маъракаи таблиғотӣ дар раъйпурсии Тоҷикистон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ ба марҳилаи ниҳоии худ наздик мешавад ва акнун мақомоти интихоботии ин кишвар вуруди нозирони интихоботиро интизор ҳастанд. Бар асоси маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, барои назорат бар ҷараёни раъйдиҳӣ бештар аз 500 нозир ба Тоҷикистон меоянд ва вуруди онҳо аз 19 май оғоз ёфта, то 24 май, яъне то ҷамъбасти натиҷаҳои раъйпурсӣ дар Тоҷикистон хоҳанд буд.

Ин нозирон дар таркиби ҳайатҳои нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои муштаракулманофеъ ва созмонҳои дигари паҳнои Шӯравии пешин бар ҷараёни раъйдиҳӣ назорат хоҳанд кард.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба матбуот изҳор доштааст, ки нозирон аз ниҳодҳои нозири САҲА ва Иттиҳодияи Аврупо аз назорат бар ҷараёни раъйпурсии 22 май худдорӣ кардаанд.

Чунин тасмими ниҳодҳои нозири САҲА ва кишварҳои ғарбӣ метавонад ба эътибори байналмиллалии Тоҷикистон асар гузорад. Ин ниҳодҳо то ҳол ягон интихобот ё раъйпурсии Тоҷикистонро дар гузоришҳои худ ҷавобгӯи меъёрҳои демократӣ арзёбӣ накардаанд, дар ҳоле, ки нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шонгҳой аз ҳар интихоботу раъйпурсӣ дар кишварҳои узв ҷонибдорӣ кардаанд ва онҳоро демократӣ хондаанд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, “чун табиати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шонгҳой демократӣ нест ва ба хусус онҳо аз равандҳои демократӣ меҳаросанд, дар асоси умумияти манфиатҳо маъмулан барои таъмини машруияти интихоботу раъйпурсиҳо онҳо нозирони худро ба кишварҳои якдигар мефиристанд. Чунин раванд дар солҳои истиқлоли ин кишварҳо ба назар мерасад”.

РАҲПАЙМОИҲО ВА МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАРОИ РАЪЙПУРСӢ

Дар рӯзҳое, ки маъракаҳои таблиғотӣ идома дошт, дар минтақаҳои гуногун мусобиқаҳои варзишӣ ба раъйпурсии 22 май ихтисос дода мешуд. Мусобиқаи миллии шоҳмот бо ташаббуси вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи он ба шумор меравад. Ба ин муносибат ҳамчунин мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштингирӣ дар ноҳияи Ванҷ барномарезӣ шуда буд. Ҳадафи ин мусобиқот низ ба наҳве боло бурдани огаҳии мардум аз раъйпурсӣ ба шумор меравад.

Раҳпаймоӣ ба пуштибонӣ аз раъйпурсӣ. Шаҳри Хуҷанд.
Раҳпаймоӣ ба пуштибонӣ аз раъйпурсӣ. Шаҳри Хуҷанд.

Гузашта аз ин, тақрибан дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ҷавонон ба ҷонибдорӣ аз раъйдиҳӣ раҳпаймоиҳо анҷом доданд. Нерӯҳои сиёсии мухолиф ин раҳпаймоиҳоро созмонёфта медонанд, чун дар ин раҳпаймоиҳо бештар донишҷӯён ширкат доштанд, ки дарсҳои худро канор гузоштанд ва ба раҳбарии устодони худ ба хиёбонҳо баромада буданд.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ иддаоро дар бораи созмонёфта будани ин раҳпаймоиҳо рад намекунад, вале мегӯяд, “онро худи созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон бо номи “Созандагони Ватан” ҳамроҳ бо Иттифоқи ҷавонон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ташкил кардаанд. Ман фикр намекунам, ки аз ҷониби сохторҳои болоӣ ё мақомоти ҳукуматӣ ин раҳпаймоиҳо ташкил шуда бошад. Бо ин раҳпаймоиҳо ҷавонон нишон медиҳанд, ки ин тағйиру иловаҳо кори зарурӣ аст”.

Оқои Солеҳ мегӯяд, барои ҳамаи неруҳои сисёсӣ, аз ҷумла барои ҳизбҳо имкону шароити яксон фароҳам шудааст, вале ҳар яки он бо назардошти тавонашон ҳадафҳои худро дар робита бо ин раъйпурсӣ пиёда мекунанд. “Шояд баъзе ҳизбҳо маҳдудияти молӣ ё сабабҳои дигар доранд. Вале Ҳизби халқӣ-демократӣ бо 450 ҳазор нафар аъзои худ дар саросари Тоҷикистон имконоти густарда дорад ва дар нашрияҳои маҳалии худ низ ҳадафҳои раъйпурсиро ташвиқ мекунад.

“ҲУКУМАТ МЕТАВОНИСТ РАЪЙПУРСИИ ДЕМОКРАТИРО НИШОН ДИҲАД

Дар ҳоле, ки марҳилаи таблиғотӣ ба поёни худ наздик мешавад, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, сӯҳбатҳое ки дар гирдиҳамоиҳо, мулоқотҳо ё мизҳои гирд баргузор мешаванд, хоҳ хусусияти илмӣ дошта бошад ва хоҳ хусусияти сиёсӣ, фақат ононе ширкат мекунанд, ки ҷонибдори қабули тағйироту иловаҳо дар Қонуни Асосӣ ҳастанд. Барои ҳамин сӯҳбатҳо якҷониба ҳастанд ва ширкаткунандагони он бояд ҳатман ба ҷонибдорӣ аз ин тағйиру иловаҳо сӯҳбат кунанд. Дар матбуоти ҷумҳуриявӣ дигарандешон ба ин сӯҳбатҳо роҳ намеёбанд. Вале ин имкон ҳам вуҷуд дошт, ки дар чунин сӯҳбатҳо як ё ду нафар шахсиятҳое ҳам ширкат мекарданд, ки мавзеъгириашон фарқ мекунад.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Мусаллам аст, ки бо истифода аз имконот ва технологияи муосире, ки дар ихтиёри ҳукумат аст, тағйиру иловаҳо дар раъйпурсӣ қабул мешаванд, вале ҳатмӣ нест, ки ҷонибдорони ин тағйиру иловаҳо беш аз 90 дарсадро ташкил диҳанд ва чунин натиҷа шаку шубҳаҳоро дар дохилу хориҷ ба вуҷуд орад. Бо бештар аз 60 ё ҳатто 70 дарсад ҳам ин тағйирот қабул мешаванд. Дар чунин ҳолат қадамҳо дар самти таҳкими ниҳодҳои демократӣ бардошта мешуд.

Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, агар дар марҳилаи таблиғотӣ гуногунандешӣ риоят мешуд, таваҷҷуҳи мардум ба раъйпурсӣ бештар мегардид ва ба қавле “интригаи сиёсӣ” ба вуҷуд меомад. Вай мегӯяд, “воқеияти фарҳанги сиёсӣ, имконияту шароит ва тавоноии давлатро дар назар бигирем, (чун раҳбарияти сиёсии кишвар дар қабули масъалаҳои раъйпурсӣ бештар манфиатдор аст), ҳадди ақал 20-30 дарсад ҷониби дигар ҳам раъй мегирифт ва ин аз нуқтаи назари стратегӣ, сабаби забондарозии давлати Тоҷикистон низ мешуд ва дар минтақа мо баъд аз Қирғизистон кишвари дуввуме мебудем, ки моил ба арзишҳои демократӣ ҳастем. Дар он сурат меъёрҳои байналмиллалӣ низ риоят мешуд. Бисёрҳизбӣ ва рақобати сисёсӣ собит мешуд. Вале технологҳои сиёсии наздик ба ҳукумат моҳияти ин мавзӯъро дарк накарданд”.

Ин бад-он маъност, ки то ҳол аз усули давраи коммунистӣ истифода ва бо такя ба таҷрибаи давлатҳои худкома интихобот ё раъйпурсӣ баргузор мекунанд. Дар давраҳои раҳбарии Ҳизби коммунист дар Иттиҳоди Шӯравӣ раъйдиҳандагон ба таври дастаҷамъӣ ба қитъаҳои раъйдиҳӣ меомаданд ва ҳатто дар ҳавои мусиқӣ бо раъйи худ “хушҳолиашон”-ро нишон медоданд. Мақомоти маҳаллӣ барои ширкат дар раъйпурсӣ аҳолиро ташвиқ мекарданд.

Исмоил Талбаков.
Исмоил Талбаков.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз шеваи раъйдиҳӣ дар даврони коммунистӣ мегӯяд, “ташвиқи раъйдиҳандагон аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ба ин маъно нест, ки онҳо оянд ва ҳатман ба ҷонибдорӣ аз масъалаҳои раъйпурсӣ раъй диҳанд. Ҳоло ҳам Ҳизби коммунист аз аъзои худ хостааст, ки дар раъйпурсӣ ширкат кунанд. Вале мо онҳоро маҷбур карда наметавонем, ки аз ин тағйирот ҷонибдорӣ кунанд ва ё накунанд. Дар маҷмӯъ, аз ҳамон оғоз мо ҷонибдори сиёсати имрӯзаи раҳбари давлат ҳастем, ин сиёсат бо ҳадафҳои ҳизби мо созгор аст ва мо аз ин тағйиру иловаҳо ҷонибдорӣ мекунем.”

Дар раъйпурсӣ бештар аз 40 тағйиру илова дар назар дошта шудааст ва барои қабули ҳамаи он ва ё инкори он бояд фақат ҷавоби “ҲА” ё “НЕ” дода шавад. Коршиносон мегӯянд, агар раъйдиҳанда баъзе аз ин тағйиротро ҷонибдорӣ накунад, сардаргумӣ ба вуҷуд меояд ва намедонад, ки ҷавоби “ҲА” бидиҳад ё ҷавоби “НЕ” .

XS
SM
MD
LG