Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳиби "Қуръон"-сӯз ба орзуяш мерасад?


Роҳиби моҷароҷӯ Террӣ Ҷонс
Роҳиби моҷароҷӯ Террӣ Ҷонс

Тарҳи нави зиддиисломии роҳиби амрикоӣ, Террӣ Ҷонс, дар посух ба озурдагии мусулмонон аз сӯзонидани Қуръон.

Дар гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон, ки дар посух ба сӯзонида шудани китоби муқаддаси мусулмонон -- "Қуръон" аз сӯи роҳиби амрикоӣ ба вуқӯъ пайваст, зиёда аз сад нафар кушта, даҳҳо нафар, аз ҷумла, кӯдакону наврасон дар ин тазоҳурот захмӣ шуданд.

ҲАЛОКАТИ БЕГУНОҲОН

Рӯзи якшанбе тазҳоркунандагони хашмгин талош карданд, ки вориди бинои намояндагии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва ҳукумати вилояти Қандаҳор шаванд. Онҳо як афсарро ба латукӯб кашиданд ва, ба гуфтаи мақомоти Қандаҳор, кормандони полис ба ҷуз оташ кушодан сӯи эътирозгарон илоҷе надоштанд.

Рӯзи шанбе тақрибан 20 ҳазор нафар дар шаҳри
Ҷурми аъмоли мо бештар аз амалест, ки он роҳиб кардааст...
Мазори Шариф ба бинои дафтари СММ дар шаҳри Мазори Шариф ҳамла ва чаҳор муҳофизи непаливу се корманди масеҳӣ - афсари нерӯҳои зиддиҳавоии Норвегия хонум Сирӣ Скэр, шаҳрванди Руминия Филарет Мотко ва швед Иоаҳим Дунгелро эъдом карданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ин ҳодиса фақат дипломати рус Павел Ершов ҷон ба саломат бурд, ки худро мусалмон муаррифӣ кардааст.

Коршиносони афғон ба он нукта ишора мекунанд, ки бар асари эътирозҳо асосан одамони бегуноҳ кушта шуданд, одамоне, ки ба хотири кӯмак ба мардуми Афғонистон омада буданд. Аз нигоҳи онҳо, барои ин гуна вокуниш мардумро афроди тундрав ва пуштибонҳои ҷунбиши Толибон таҳрик медиҳанд.

ВОКУНИШҲОИ ДИЛХОҲИ ҶОНС


Намоишҳои эътирозӣ дар манотиқи гуногуни Афғонистон – вокуниш ба сӯзонидани "Қуръон" дар шаҳраки Гейнесвилли аёлати Флорида аз сӯи роҳиб Уэйн Сапп аст, ки рӯзи 20 март бо ибтикор ва ҳузури рӯҳонии дигар, Террӣ Ҷонс, сурат гирифт.

Тазоҳуроти рӯзи 1-уми апрел дар Кобул зидди сӯзонда шудани нусхаҳои "Қуръон"
Аз пайомадҳои сангини ба оташ афкандани нусхаҳои Қуръон ва имкони сар задани эътирозҳои густардаву ҳамла ба хориҷиёни масеҳӣ дар кишварҳои исломӣ сиёсатмадорону таҳлилгарон ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта ҳушдор дода буданд. Он вақт роҳиб Ҷонс эълом дошт, ки 11 сентябр, дар солгарди ҳамлаҳои террористӣ ба Иёлоти Муттаҳида нусхаҳои "Қуръон"-ро ба коми оташ меафканад. Ин хабар боиси сару садо ва мавриди нигарониву интиқоди раҳбарони ИМА, ходимони сиёсиву мазҳабии кишварҳои гуногун шуда буд.

Дар Афғонистон вокуниш ба сӯзондани "Қуръон" ва шурӯъи бенизомиҳову кушори масеҳиён якхела нест.

ВОКУНИШИ МУТАФОВИТ


Қозӣ Муҳаммад Ҳасани Ҳақёр, донишманди улуми исломӣ дар Кобул, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сӯзонидани "Қуръон"-ро маҳкум кард ва аммо гуфт, ки “ба бовари ман, ҷурми рехтани хуни мусалмонҳо бештар аз сӯзондани "Қуръон" аст. Пас дар ин замина мо бояд аз эҳтиёти зиёд кор бигирем. Мо набояд коре кунем, ки шарри он беш аз хайраш бошад».

Донишманди афғон афзуд, «бидуни шак, зиёну нуқсони вокунишҳое, ки дар ин замина дар Афғонистон рӯ зад, бештар аз фоидаи он аст. Дар ин ҷо ҳам "Қуръон"-и карим сӯзонида мешавад ва ҳам хуни даҳҳо мусалмон мерезад.»

Ба гуфтаи Муҳаммад Ҳасани Ҳақёр, «мафоди ин кор ба ҳамон рӯҳонии амрикоӣ мерасад, ки мехост мусалмонозорӣ кунад. Аз ин рӯ ҷурми аъмоли мо бештар аз амалест, ки он роҳиб кардааст».- изҳор намуд донишманди улуми исломӣ.

ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ МЕГӮЯНД?


Абдунабӣ Сатторзода, таҳлилгари Маркази
Абдунабӣ Сатторзода, таҳлилгари Маркази пажӯҳишҳои стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.
пажӯҳишҳои стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мутмаин аст, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон "аъмоли зишти роҳиби амрикоӣ"-ро бидуни вокуниш боқӣ нахоҳанд гузошт ва аммо вокунише чун дар Афғонистонро набояд интизор шуд.

Ҳанӯз дар моҳи сентябри соли гузашта, замоне, ки Террӣ Ҷонс қасди сӯзонидани китоби муқаддаси мусалмонҳоро дошт, бо ибтикори Тоҷикистон, раиси даврии Созмони Конфаронси Исломӣ, сафирони кишварҳои узви ин ниҳод дар СММ изҳороте нашр ва қасди Террӣ Ҷонсро маҳкум карда буданд.

Темур Зулфиқоров, адиби тоҷики муқими Маскав ҳам аз сӯзонидани "Қуръон" сахт нороҳат аст ва онро “пайомади марази шадиди рӯҳӣ” мехонад. Ӯ мутмаин аст, ки аз пахшу тарғиби ин гуна ҳаводис парҳез бояд кард.

Темур Зулфиқоров, нависандаи тоҷик
Ба гуфтаи Зулфиқоров, “дар матбуоти ҷаҳонӣ баъзе чизҳои мамнӯъ мавҷуданд ва инро шумо хубтар медонед – масалан, дар навор нишон надодани афроди кушташуда ё одамони оғуштаи хун. Ва вақте, ки ин гуна рафтор аз сӯи як роҳиби мариз сурат мегирад, чаро он бояд аз сӯи матбуот пахш карда шавад? Пахши ин гуна хабар масъулият дорад. Дар олам ҳодисаҳое ҳастанд, ки пахш кардан ва ё тарғиби онҳо мумкин нест.»

Зимнан, роҳиб Террӣ Ҷонс худро дар ҳалокати даҳҳо нафар айбдор намехонад ва ахиран эълом дошт, ки рӯзи 22 апрел дар рӯ ба рӯи масҷиди шаҳри Дирборни аёлати Мичиган амали нави зиддисломиро роҳандозӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG