Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Раҳмон унвони “Пешвои миллат”-ро қабул мекунад?


Оё президенти Тоҷикистон ба қонуне, ки ба ӯ унвони “Пешвои миллат” медиҳад, имзо хоҳад гузошт? Радиои Озодӣ бо ин суол ба чанд нафар дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон муроҷиат кард.

Қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- пешвои миллат", ки ибтидо аз сӯи Маҷлиси намояндагон ва инак аз сӯи Маҷлиси миллӣ – маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон низ тасвиб шуд, танҳо баъди имзои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми иҷро медарояд. Ин қонун ба раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман унвони “Пешвои миллат”-ро эъто мекунад.

Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба мақоми “Пешвои миллат” сазовор ва эътои чунин унвон ба оқои Раҳмонро “хоҳиши мардум” меноманд. Онҳо мегӯянд, маҳз Раҳмон дар саргаҳи бунёди давлатдории муосири тоҷикон истодааст ва ин кишварро дар солҳои ҷанги хунини шаҳрвандӣ аз парешонӣ наҷот дод.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ин унвон як намунаи дигари шахспарастист, ки дар Тоҷикистон авҷ мегирад.

Вале суол ин аст, ки оё худи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ин қонун имзо хоҳад гузошт ва ба ин тартиб, унвони “Пешвои миллат”-ро қабул мекунад? Ин суолро Радиои Озодӣ бо чанд нафар дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон дар миён гузошт.

Вокунишҳо аз дохил

Назари шореҳ Абдумалик Қодиров дар бораи "Қонуни Пешвои миллат"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон: "Пешакӣ гуфтани мо бисёр мушкил аст. Ман аслан намедонам, ки вай имзо мекунад ва ё не. Лекин ҳама мардуми Тоҷикистон ҷонибдори ин қонун ҳастанд ва ҳамаи вакилон бо як овоз онро дастгирӣ намуданд. Аз инҷо, ки намояндагони мардум дастгирӣ намуданд, пас тамоми мардум ин қонунро дастгирӣ менамоянд. Аммо худашон чӣ гуна муносибат доранд, дар ин маврид чизе ҳанӯз гуфта наметавонам."

Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик дар посух ба ин суол, ки оё Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- пешвои миллат" имзо мекунад ё на, бо табассум гуфт, ки «бояд имзо кунад». Ӯ аз шарҳи бештар дар ин бораи худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки «ҷои шарҳ додан надорад, ин қонун худаш ҳамин хел аст.»

Вокунишҳо аз хориҷ

Леонид Кравчук
Леонид Кравчук

Леонид Кравчук, раисиҷумҳури собиқи Украина: “Агар чунин қарорро сокинони Аврупо қабул мекарданд, ман хаёл мекардам, ки замин ҷунбидааст. Вале ин қонун дар кишваре қабул шудааст, ки бештар ба кишварҳои шарқӣ майл мекунад ва дар ин давлатҳо нақши раҳбар то ба ифрот бардошта мешавад. Зоҳиран, мардум ҳанӯз омода нест, ки мафҳуми озодиву демократия, интихоби президент, бозхонд ё импичментро дарк кунад. Вақте ман дар бораи қабул шудани чунин қонун хабар ёфтам, фикр кардам, ки чӣ хел шуд, ки мо, мардуму фарҳангҳои мухталиф, ки таърихи мухталиф доштем, дар чаҳорчӯби як СССР зиндагӣ кардаем? Ин ба он маъност, ки дар замири баъзеҳо ҳанӯз ҳам гузаштаи дури коммунистиву тоталитарии онҳо нуҳуфтааст.

Ман аз рӯзе дар интихобот пирӯз шудам, медонистам, ки рӯзе мағлуб мешавам. Вале агар шумо президент шудеду ба худатон бигӯед, ки “мехоҳам як умр президент монам”, дар ин сурат дигарҳо шуморо бештар таҳрик медеҳанд, тамаллуқ мезананд, ки шумо нобиғаед ва ба мо каси дигар даркор нест. Ҳамаи ин хости мардум нест, ин хости атрофиён аст, ки пеш аз ҳама дар фикри худ ҳастанд. Одами нав, ки омад, боз ҳаминҳо ба тамаллуқ шурӯъ мекунанд. Ин як фоҷеаи миллат ва пеш аз ҳама элитаҳои сиёсист.

Витаутас Ландсбергис
Витаутас Ландсбергис

Витаутас Ландсбергис, раҳбари собиқи Литва: «Ин ба маънои то ба мартабаи як шахси муқаддас бардоштани раҳбар аст. Дар ҳамсоягии Тоҷикистон Туркманбошӣ ҳам зиндагӣ мекард. Ин ҳама ба вазъи Русия хеле монанд аст. Ин модели Русия аст. Танҳо зоҳираш фарқ мекунад. Дар Русия ҳам раҳбар дигар ба эҳтимоли ғолиб якумрӣ шуд. Ин натиҷаи мантиқии ҳалношуда мондани баъзе масъалаҳо баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва тағйири режими тоталитарӣ аст. Русия як замоне мехост давлати демократӣ шавад. Ин кишвар метавонист ба унвони намуна барои ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна хизмат кунад. Вале вақте Русия ба тарафи диктатура ва ҳатто тоталитаризми нав рӯ гардонд, намунаи бади ибрат барои минтақа шуд. Дар асл ин тамоюл бозгашт ба низоми тоталитарӣ аст. Сталин дар гӯраш хеле хурсандӣ мекунад. Паёмадаш шакл гирифтани низоми ғуломдорӣ аст. Ин аллакай маълум аст. Шояд ин ба он маъност, ки Русия ва ҳамсояҳои шарқиаш аз ҳолати асримиёнагие ки доштанд, берун шуда натавонистанд.

XS
SM
MD
LG