Тасмими барканории раҳбарияти собиқи яке аз маъруфтарин оҷонсиҳои хабарии Русияро бо чопи гузоришҳо дар бораи дороиҳои офшории Путин рабт медиҳанд.
Ҳайати умумии таҳририяии оҷонсии РБК-ро Елизавета Голикова ва Игор Тросников ба ӯҳда гирифтанд. Ин ду нафар аз оҷонсии давлатии ТАСС барои кор ба РБК таъйин шуданд. Дар ин бора рӯзномаи «Ведомости» бо такя ба мазмуни як номаи дохилие хабар медиҳад, ки дар миёни коргарони ин оҷонсӣ рӯзи 7 июл пахш шудааст. Дар ин санад гуфта мешавад, ки Голикова ва Тросников ҳарду раҳбарии редаксияро ба ӯҳда мегиранд ва аз 14 июл ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ хоҳанд кард.
Раҳбарияти собиқи ҳайати муштараки таҳририяи РБК-ро сармуҳаррир Роман Баданин, мудири рӯзнома Максим Солюс ва сардабир Елизавета Осетинская ба ӯҳда доштанд. Ин нафарон рӯзи 13 май аз вазифаҳояшон барканор шуданд. Баъди ин бисёр дигар коргарон ҳам аз кор дар ин оҷонсӣ даст кашиданд.
Осентинская баъдан гуфт, ки барканории онҳо бо тасмими чопи «бойгонии Панама» рабт дода шуд, ки вуҷуди сармояҳои пинҳонии президенти Русия дар ҷазираҳои офшории Панамаро фош мекард.
Бо пахши як изҳорот моҳи апрели имсол созмони байналмилалии "Гузоришгарони бидуни марз" барканории раҳбарияти РБК-ро ҳамчун «иқдоме барои фурӯ нишондани» матбуоти мустақил дар Русия маҳкум кард. Дар Кремл даст доштани мақомоти Русия ба ин амалро шадидан рад карданд.
Иттиҳоди байналмилалии хабарнигорони пажӯҳишгар, як созмони таҳқиқотии байналмилалӣ рӯзи 3 март дар расонаҳои чанд кишвар ҳуҷҷатҳои мавсум ба “Mossack Fomseca”-ро чоп кард. Дар ин ҳуҷҷатҳо бар асоси омӯзиш ва фошсозии 11 миллион санад дар бораи ташкили ширкатҳои офшории доираҳои ҳокими чандин кишвар, хешовандони онҳо, тоҷирон, варзишгарон ва санъаткорон гузориш шудааст. Яке аз бахшҳои муҳими ин санадҳо Русия ва дороиҳои президент Владимир Путинро дар бар мегирад.
Аз ҷумла, иддао шудааст, ки нафарони наздик ба президент Владимир Путин тавассути бонки “Русия” ва ширкатҳои офшорӣ беш аз 2 миллиард долларро “шустаанд”. Дар Кремл гуфтанд, ки ба ном “ҳуҷҷатҳои панамагӣ” ба “сару садоҳо асос ёфтаанд” ва ҳадафи онҳо Владимир Путин дар робита ба интихоботи ояндаи Русия аст.
Ин номанависхо камтар шарм кунен тамоми бизнесхои ругани дасти шумодахай монен ами мардак камтар барои халк кор кунад. Ё барои хешу табораш Рохбар интихоб кард халки бечора. Маълум аст ки 17 ширкат бо ном ширкат аст дар мачмуъ як нафар ё ду нафар рулит мекуна. Хела чамш кен то соли 2500 мераса пули чамкардагитон. Озоди нашр кун ки хонагд то донанд ки офтобро бо доман пушонида намешава агар пушони хама чи дар майдон мемона
Ачиб! Ин миллати мо кай аз гайбат даст мекашида бошанд. Точикои мо зуранд бахудо фариштаро хам хатоашро меёбанд ( манзури ман на хама) Бас куненд гайбатро. Бехтарин шахс буд ягона кори бехтаринаш ин буд ки динро бо сиёсат омехта намекард ба мисли дигархо. Рухат шод боду чоят чаннат. 🤲
Hej goh tarafdori siesatu din nabudam , lekin ohi bined, dar garmii 45 daraja, ki dehkonon aknun asosan zanon hastand , bo in koraahon, hama kasali dil meshavand, Janobi oli mardvor, natarsida guftand, aknun diga in farz kori shakhsii har kasi alohida, leki be choplusi, gapi sardori davlat ham jon dorad.
Мухтарам монополисто нархи нафт 40 дрллар буд чиба бензин 3 сом нашид???
Аз шарҳои зерин бармеояд, ки ҳанузам Салафиҳо "падполный" алови кафошон хомуш нашудааст ва Пули хоҷагонашонро ҳалол карда истодаанд...