Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равшан Собиров: "Ин тавтеа аст"


Баъди мурофиаи додгоҳӣ Собировро дар дохили мошини КДАМ ба боздоштгоҳ интиқол доданд. 6 июли соли 2012, шаҳри Бишкек
Баъди мурофиаи додгоҳӣ Собировро дар дохили мошини КДАМ ба боздоштгоҳ интиқол доданд. 6 июли соли 2012, шаҳри Бишкек

Вазири тоҷиктабори рушди иҷтимоии Қирғизистон то 31 август дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ боқӣ мемонад.

Рӯзи ҷумъа додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек ҳукм кард, ки вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон то таърихи 31 август дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар бо ҷурми эҳтимолии гирифтани пора нигоҳ дошта мешавад. 5 июл Равшан Собиров аз ҷониби ходимони Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) ин кишвар боздошт шуд ва дар хонаву утоқи корӣ ва мошини ӯ тафтишу кофтукоб сурат гирифт.

Ниҳоди вижаи мубориза бо фасод дар назди КДАМ мегӯяд, ки вазири 41-сола гӯё ба ёвари худ амр додааст, ки пора гирад. Боздошти ёвари вазир рӯзи 30 июн ба
Асия Сасиқбоева
Асия Сасиқбоева
ҳангоми гирифтани ришва аз як ширкати хориҷӣ сурат гирифтааст, ки бо масъалаҳои фарзандхонии атфоли ятими Қирғизистон аз ҷониби хонаводаҳои хориҷӣ машғул аст. Равшан Собировро дар тамаъҷӯии 15 ҳазор доллар муттаҳам мекунанд. Худи Собиров гуфтааст, ки бегуноҳ аст ва ин иттиҳом “як тавтеа ва тӯҳмат” мебошад.


Додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек, ки рӯзи ҷумъа масъалаи тамдиди боздошти вазирро муҳокима мекард, паси дарҳои баста сурат гирифт. Муовини раиси парлумони Қирғизистон ва ҳамҳизби Равшан Собиров дар ҳизби “Ота Макон” Асия Сасиқбоева дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳам натавонист ба дохили толори додгоҳ роҳ ёбад, аммо мутмаин аст, ки вазир бегуноҳ аст:

- Вақте ки додрас ба утоқи машваратӣ рафт, ман бо Собиров сӯҳбат кардам. Рӯҳияи ӯ хуб аст. Вай гуфт, ки ин пулро нагирифтааст. Дар ҳангоми кофтукоби манзилу ҷои кораш ҳам дирӯз чизе пайдо накарданд. Вай мегӯяд, ки ин як тавтеаи зидди ӯ буд. Суханҳои ёвари ӯ, ки гуфтааст, гӯё бо амри мустақими вазир пора мегирифт, бояд аввал исбот шавад. Ҳар кас метавонад каси дигарро дар порагирӣ муттаҳам кунад, вале инро собит кардан даркор аст. Ҳоло масъала дар ин аст, ки барои боздошти нафар бояд бурҳони қотеъ бошад, аммо ингуна далел вуҷуд надорад.


Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар Бишкек вакили дифои Собиров – Қувонишбек Тошболтаев гуфт, ки шахси мавриди ҳимояти ӯ “ором” аст ва иттиҳоми
Хешу тарафдорони Собиров дар назди додгоҳ ҷамъ омаданд
Хешу тарафдорони Собиров дар назди додгоҳ ҷамъ омаданд
пешгузошташударо рад мекунад.

- Барои мо ин масъалаи норӯшан аст, ки чаро онҳо аввал Собировро ба унвони шоҳид даъват карда, нӯҳ соат ӯро бо ҳар баҳона нигоҳ доштанд, баъд зуд ба муддати 48 соат дастгир карданд ва дар ниҳоят гуфтанд, ки вай дар гирифтани пора муттаҳам мешавад. Рафтори муфаттишон машкук ва суолбарангез аст, ба назар менамояд, ки онҳо хеле саросема ҳастанд.


Аз рӯи иттилои коршиносони қирғиз, қазияи фарзандхонии ятимони Қирғизистон аз ҷониби хориҷиҳо, ки дар он исми Равшан Собиров олуда шудааст, аслан решаҳои амиқи чандинсола дорад. “Ин масъала ҳанӯз дар замони президентон Оқоев ва Боқиев бардошта мешуд ва дастандаркорони зиёд, шаҳрвандони хориҷӣ ва созмонҳои мухталиф, ки бо мо ҳамсӯҳбат мешуданд, эътироф мекарданд, ки ба ҳар як сохторе, ки дар ҷараёни таҳияи санадҳои фарзандхонӣ муроҷиат мекарданд, аз онҳо пора талаб мекарданд”, гуфт як хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ, ки ин масъаларо пайгирӣ кардааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки эҳтимолан Собиров қурбони тавтеаи гурӯҳҳое шудааст, ки ӯро чун як шахси нав дар сохторе бо “қоидаҳои нонавиштаи кӯҳна” қабул надоранд.

Равшан Собиров, ки декабри соли гузашта аз ҷониби парлумон ва ҳизби ҳокими “Ота Макон” ба мақоми вазири рушди иҷтимоӣ пешбарӣ шуд, айни замон як
Р. Собиров пеш аз боздошташ ним сол дар вазифаи вазирӣ кор кардааст
Р. Собиров пеш аз боздошташ ним сол дар вазифаи вазирӣ кор кардааст
соҳибкори бонуфуз ва доро буда, чун як тоҷик раҳбарии созмони фарҳангии тоҷикони Қирғизистон бо номи “Рӯдакӣ”-ро ба ӯҳда дорад.


- Вай ба ин пул ниёз надорад, чун худ як шахси сарватманду доро аст. Вай тавони таъмини панҷ фарзанд ва бисёр хешони дигарашро дорад, - гуфт муовини раиси парлумони Қирғизистон. – Вале агар ки гуноҳи вай дар гирифтани пора исбот шавад, мо, чун ҳизби муборизи зидди ришвату фасод, маҷбур мешавем, ки ӯро аз вазифаи вазирӣ бозхонем, - гуфт Асия Сасиқбоева. – Ман шахсан ӯро яку ним соли охир мешиносам ва бо эътимоди тамом мегӯям, ки ӯ як инсони поку баномус аст ва ҳеҷ гоҳ бовар намекунам, ки ба чунин кор даст зада тавонад.

Барно Собирова, хоҳари Равшан Собиров дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар муддати панҷ рӯзи наздик онҳо ният доранд ба додгоҳи шаҳри Бишкек аз болои ҳукми имрӯзаи додгоҳи ноҳияи Первомайскии пойтахт шикоят баранд. Боздошти Собиров мояи норизоияти сокинони ноҳия Қаросӯи вилояти Ӯш шуд, ки рӯзи ҷумъа ба нишони эътироз аз боздошти ӯ ба хиёбонҳо рехтанд.


САҲНАИ БОЗДОШТИ ЁВАРИ ВАЗИР БАЪДИ ГИРИФТАНИ ПОРА ДАР ИН НАВОР САБТ ШУДААСТ:


Ҷараёни боздошти ёвари вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG