Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии "Равшан" ба бозии Ҷоми АФК бо «Сувайк»


"Равшан" ҳангоми тамрин
"Равшан" ҳангоми тамрин

Тими футболи "Равшан”-и Кӯлоб ба бозии давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014 бо "Сувайк"-и Уммон омодагӣ мебинад.

Ҷамъомади таълимиву тамринии бошгоҳи «Равшан», ки рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд, як ҳафта идома меёбад. Ба иттилои Дилшод Шарифов, менеҷери «Равшан», даста то рӯзи 22-юми феврал дар меҳмонхонаи «Варзиш» ба сар мебарад. Рӯзи шанбе тими «Равшан» бо шумули 25 нафар, аз он ҷумла 18 футболбоз, ба Уммон сафар мекунад.

Дастаи «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, дар даври аввали гурӯҳи «А» рӯзи 25-уми феврал дар варзишгоҳи «Сиб Стэдиум»-и шаҳри Масқат бо тими «Сувайк», қаҳрамони секаратаи Уммон, вориди рақобат мешавад.

Ба ин бозӣ гурӯҳи ҳакамон аз Ироқ бо раҳбарии Муҳаннад Қосим Саррой доварӣ мекунанд. Ба ӯ доварони марзи майдон Наҷаҳ Раҳм Рашид Ал-Ҳамайда ва Муайяд Муҳаммад Алӣ кӯмак мерасонанд. Довари чаҳорум Ферас Тавил аз Сурия ва комиссари бозӣ Ҳамид Мӯъминуррӯҳӣ таъин шудаанд.

Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Сувайк» (Уммон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун)

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сувайк» (Уммон)

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Сувайк» (Уммон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Сувайк» (Уммон)

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сувайк» (Уммон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сувайк» (Уммон) - «Зат Рас» (Урдун)

Бояд гуфт, ки “Равшан” барои дувумин бор дар Ҷоми АФК ширкат меварзад. Соли гузашта “Равшан” дар сабқати гурӯҳи “D” ҳамаи 6 бозиро бохт ва бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 2-17) дар зинаи охирин - 4-ум ҷойгир шуд. Натоиҷи бозиҳои “Равшан” бо “Ал-Рамза” (Урдун) - 0:1, 0:5, “Ал-Шорта” (Сурия) – 0:2, 1:3, “Ал-Қудсия” (Кувайт) – 0:3, 1:3. Дар ин гурӯҳ тими “Ал-Қудсия” бо 13 имтиёз мақоми аввалро касб карда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта буд.
XS
SM
MD
LG