Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” “Ал-Ярмук”-ро шикаст дод (ВИДЕО)


Бозии «Равшан»-и Кӯлоб бо “Ал-Ярмук”-и Яман дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи тими Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар нимаи аввали бозии қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон – «Равшан» дар плей-оффи Ҷоми АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2014 бо тими «Ал-Ярмук Ал-Равза», қаҳрамони секаратаи Яман, ҳисоб кушода нашуд.

Ҳарсе гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Муҳаммад Абдуллоҳ, бозигари яманиҳо, дар дақиқаи 62-юми ҳисобро боз кард. Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 81-ум аз пеналтӣ ҳисобро баробар намуд. Голи дувуми «Равшан»-ро Соломон Течи дар дақиқаи 85-ум ба ҳадаф расонд.

Бо вуҷуди ҳавои сарду барфӣ дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода барои тамошои рақобати «Равшан»-и Кӯлоб бо “Ал-Ярмук”-и Яман 5 ҳазор мухлис ҷамъ шуданд.

Ин бозӣ имрӯз, 2-юми феврал, бояд соати 13 ба вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода оғоз мешуд, вале боришоти зиёди барф боис шуд, ки оғози бозиро як соат ақиб андозанд.

Ҷовидон Бобоев, сухангӯи бошгоҳи футболи “Равшан”, рӯзи 2-юми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, “имрӯз се трактор майдонро аз барф тоза карданд ва охирин тасмим баъди тоза кардани майдон аз ҷониби комиссари бозӣ Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон гирифта шуд."

Ба ин тартиб, бозии «Равшан» бо «Ал-Ярмук» бо як соат таъхир шурӯъ шуд.

Дастаи “Равшан” бо чунин ҳайат ба майдон баромад: Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов, Мӯсо Содиқ, Алексей Неъматов, Бахтиёр Ҳасанов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Сайриддин Ғаффоров, Ҳасан Рустамов, Ҳикматулло Расулов, Давронҷон Тухтасунов, Соломон Течи.

Моҳд Амирулизвон Бин Ёқуб, ки аз соли 2012 довари ФИФА мебошад, хидмат расонданд. Моҳд Сабрӣ Бин Мат Довуди 44-сола ва Азмон Бин Исмоили 39-сола доварони марзи майдон мебошанд. Довари эҳтиётӣ Суҳайзӣ Бин Шукрии 34-сола таъин шуда будт. Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон комиссари ин бозӣ ва Масъуд Иноят аз Эрон нозири доваронанд.

Ба ҷуз бозии «Равшан» - «Ал-Ярмук», рӯзи 2-юми феврал дар бозии дигари интихобӣ “Ал-Зария»-и Фаластин дар майдони худ аз қаҳрамони Қирғизистон – дастаи «Олой»-и Ӯш аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 7-8 (замони асосӣ ва изофӣ-1-1) шикаст хӯрд.



«Равшан» акнун рӯзи 25 феврал дар марҳалаи алакай гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми АFC-2014 дар меҳмонӣ бо барандаи бозии байни ду тими уммонии «Сувайк» ё «Саҳом» бозӣ хоҳад кард. Ба ин гурӯҳ бошгоҳҳои «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон низ шомил шудаанд. Сабқати гурӯҳии Ҷоми АFC-2014 рӯзи 25-уми феврал оғоз меёбад.

“Равшан” барои бори дувум дар Ҷоми АФК ширкат меварзад. Соли гузашта “Равшан” дар сабқати гурӯҳи “D” ҳамаи 6 бозиро бохт ва бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 2-17) дар зинаи охирин - 4-ум ҷойгир шуд. Натоиҷи бозиҳои “Равшан” бо “Ал-Рамза” (Урдун) - 0:1, 0:5, “Ал-Шорта” (Сурия) – 0:2, 1:3, “Ал-Қудсия” (Кувайт) – 0:3, 1:3. Дар ин гурӯҳ тими “Ал-Қудсия” бо 13 имтиёз мақоми аввалро касб карда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта буд.

Ғ. Мираҳмадов: Боварии комил дорам, ки ғалаба ба даст меорем

Рӯзи 1-уми феврал дар меҳмонхонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода нишасти матбуотӣ оид ба бозии “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ал-Ярмук”-и Яман баргузор шуд.


Дар ин нишаст Ғайрат Мираҳмадов, сармураббии дастаи «Равшан», ба хабарнигорон гуфт, «мо дар бораи дастаи “Ал- Ярмук” ягон маълумот надорем. Танҳо медонем, ки онҳо бозии хуб мекунанд ва дастаашон пурқувват аст. Мо ба ин бозӣ омодагии хуб дидем ва сайъу кӯшиш мекунем, ки хуб бозӣ карда, натиҷаи дилхоҳ ба даст орем. Боварии комил дорам, ки иншооллоҳ ғалаба ба даст оварда, сарбаланд мешавем”.

Далер Тӯхтасунов, капитани дастаи «Равшан», иброз дошт, ки “ягона омодагии ҷиддии мо ин се бозии санҷишӣ буд. Кӯшиш мекунем, ки бозии хуб карда, пирӯз шавем. Мо танҳо фикри ғалабаро дорем.”

Вале Муҳаммад Салоҳ, мураббии дастаи «Ал-Ярмук», аз сардии ҳаво изҳори нигаронӣ карда, гуфт, “шояд сардии ҳаво ба бозигарони мо таъсири бад расонад. Мо низ мисли шумо дар бораи дастаи «Равшан» маълумот надорем. Вале умедворам, ки бозии хуб мешавад.”
XS
SM
MD
LG