Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони Душанбеи расмӣ: гуруҳҳои тақлидкунандаи мубориза ё муддаиёни эҳтимолии қудрат


Қасри Миллат дар шаҳри Душанбе
Қасри Миллат дар шаҳри Душанбе

Баъд аз интихобти ахири президентии соли 2013 режими сиёсӣ дар Тоҷикистон ба шакли қобили таваҷҷуҳе тағйир ёфт. Талошҳои тақвияти қудрат дар ҳамаи зинаҳо аз боло то поён иҷро шуд, вале аз сӯйи дигар он шумораи гуруҳу неруҳои мухолифи ҳукуматро афзоиш дод. Наздик шудани интихоботи президентӣ дар кишвар ғайриихтиёр таваҷҷуҳро ба чунин неруҳои сиёсии дохил ва берун аз низоми мавҷуда ҷалб мекунад ва ҳам ба ояндаи онҳо, хоставу тавоноии онҳо барои сарбасарӣ бо ҳукумат, рақобат бо он ва ё ҳатто ҷойгузини он шудан.

Дар 28 соли фаъолияти президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсӣ шумораи рақибони ошкорои ҳукумат дар дохили кишвар тақрибан ба сифр баробар шуд. Ҳизбҳои сиёсии машруъ ба истиснои ҲСДТ, тақрибан аз рисолати аслии худ – мубориза барои қудрат даст кашидаанд. Интиқод аз Душанбеи расмӣ ба ҳаққи истисноии нафароне табдил шуд, ки бо далелҳои гуногун дар берун аз кишвар қарор доранд ва дар гуруҳу ҳаракатҳои сиёсие гирди ҳам омаданд.

Намояндаҳои ин гуруҳҳо ҳадафҳои худро пинҳон намедоранд ва мегӯянд, ки ният доранд муборизаи ғайрихушунатомезро бо Душанбеи расмӣ до ниҳояти пирӯз шудан идома бидиҳанд. Вале коршиносон мегӯянд, ки неруҳо бисёр нобаробаранд ва таъсиргузории гуруҳ ва шахсони алоҳида ба ҳукумат андак боқӣ мемонад.

Шумора ва сифати неруҳои сиёсӣ

Дар фазои сиёсии Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ ҳузур дорад, ки шаштои он бино ба натиҷаҳои интиихоботи ахири порлумонӣ ба курсиҳои ниҳоди қонунгузор роҳ ёфтанд. Ҳизби ҳокими халқии демократӣ 42 курсиро аз 63, Ҳизби аграрӣ – 7, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 5, Ҳизби коммунистӣ – 2, Ҳизбҳои демкоратӣ ва сотсиалистӣ яктоӣ курсиро соҳиб шуданд.

Танҳо Ҳизби состисиал-демкоратӣ, ки коршиносон онро мухолифи воқеӣ медонанд, ба порлумон роҳ наёфт ва бино ба натиҷаи интихоботи ахир ҳамагӣ 0,32% раъй овард.

Қобили зикр аст, ки дар чаҳор моҳи кори порлумон комилан ҳамаи ҳизбҳои ба он роҳёфта якдилона ҳамаи лоиҳаҳои қонунгузории воридшуда аз сӯйи ҳукуматро, бо шумули қонунҳое, ки вокуниши ҷомеаи шаҳрвандиро ба бор оварданд, пуштибонӣ карданд. Масалан, тағйирот ба қонун дар мавриди пешбинӣ намудани ҷазо барои рӯзноманигороне, ки иттилооти дурӯғ дар бораи ҳамагирӣ паҳн мекунанд.

Миёни неруҳои берун аз низом, ки сиёсатҳои Душанберо интиқод мекунанд мешавад “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст ном бурд, ки ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломӣ, “Ҳаракати ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешони Тоҷикистон” ва “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо” шомили он мешаванд. Ба сифати неруи мустақили мухолиф худро “Гуруҳи 24”, ҳаракати “Озодӣ ва адолат” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” муаррифӣ мекунанд.

Неруҳои берун аз низом чӣ мехоҳанд?

Ҳамаи созмонҳои номбурда аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба гуруҳи террористиву ифротгаро шомил карда шудаанд ва ҷонибдориву майл ба онҳо таъқиботи ҷиноӣ дар пай дорад. Намояндагони ин гуруҳҳои мегӯянд, ки онҳо бо ҳадафи эҷоди шароит барои тағйири режими қудратгаро (авторитарӣ) дар кишвар муборизаи ғайрихушунатомез мебаранд.

Темур Варқӣ, мудири депортумони иттилоот ва расонаҳои “Паймони миллии Тоҷикистон”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст, мегӯяд, ки ин иттиҳодия дар фаъолмандии иҷтимоӣ нақши як ҳушдоркунанда ва катализаторро мебозад. “Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба василаи расонаҳои худ дар хориҷ лаҷомро аз даҳони мардум берун меоварем, муҳосираи иттилоотиро мешиканем, ба ҷомеа мисол медиҳем, ки ба таври мусолиматомез ва бидуни хушунат мешавад масоили муҳимеро мартаҳ кард ва ба онҳо посух дод. Мардуми мо таҷрибаи муборизаи сиёсии мусолиматомезро надорад. Мо бо ҳам меомӯзем ва ба ин тафаккур ҳастем, ки хушунат набояд такрор шавад ва ба он роҳ дод”,- мегӯяд Варқӣ.

Ба гуфтаи вай, ҳадаф ва вазифаи паймон мубтанӣ ба ҳифзи низоми Қонуни Асосӣ (сохтори конститутсионӣ) таҳдидҳои табдил шудани ҷумҳурӣ ба як салтанати хонаводагӣ мебошад. “Мо мехоҳем брои ивазшавии сулҳомез, қонунӣ ва мунатазаи қудрат дар кишвари дунявӣ ва демкоратии худ шароит эҷод кунем, ки ҳеч қишре аз ҷомеа натавонад диктоутра роҳ бияндозад ва танҳо дидгоҳҳо ва тасаввурҳои худхоҳонаи худро ҷойгузини манофеи умумишаҳрвандӣ кунад. Танҳо ҳукумати қавии қонунии ивазшаванда метавонад мансабдоронро мудирият кунад ва нагузорад, ки фасод кишварро нафасгир кунад”,-тавзеҳ медиҳад сиёсатмадори мухолиф.

Интихоботои пешорӯйи президентӣ дар Тоҷикистонро ӯ “саҳнасозие” ном мебарад, ки онҳо мехоҳанд ифшо кунанд.

Андешаҳои ба ин монандро ҳамчунин сухангӯйи ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон мамнуъи “Гуруҳи 24” Сайидалӣ Ашӯров низ дорад. Ба сифати талошҳои асосии ҳаракат Ашӯров ҷалби таваҷҷуҳи мардумро ба равандҳои сиёсӣ ва боло бурдани фарҳанги сиёсӣ ном мебарад.

“Тарзи кор асосан тариқи зарфиятҳои расонаҳо, интернет ва дар умум технологияи муосир истифода мешавад. Илова бар ин, барои барқарор намудани иртибот нишастҳои мустақим бо мардум тавассути бахшҳои гурӯҳ дар кишварҳои гуногун анҷом медиҳем. Ин ҳама зери барномаҳои ҳаракат дарҷ мегарданд, ки ҳадаф аз он фароҳам сохтани шароит ва сохтани таҳкурсӣ барои иваз намудани системаи авторитарии кунунӣ ба як системаи мардумсолор бидуни истифодаи хушунат мебошад. Феълан мо барои марҳилаи оянда бо кадрсозӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва дигар соҳаҳои муҳими кишварсозӣ машғул мебошем”, - тавзеҳ медиҳад Ашӯров.

Баргузории интихоботи шафоф дар Тоҷикистон, ба гуфтаи Ашӯров номумкин аст, зеро ин обрӯйи бисёр ками ҳизби ҳоким ва президентро бармалло мекунад. Бо ин вуҷуд, “Гуруҳи 24”, мегӯяд ӯ, стратегия ва тарҳи мушаххасе барои интихобти пеширӯ дорад, ки баъдтар эълон мешавад.

Фаъолияти гуруҳҳои ёдшуда, умдатан маҳдуд ба фазои интернет аст. Вале намондаҳои онҳо борҳо дар ҳамоишҳои эътирозӣ дар кишварҳои аврупоӣ алайҳи сиёсатҳои Душанбеи расмӣ хестаанд, ҳамчунин дар конфронсҳои солонаи САҲА дар умури ҳуқуқи башар ширкат мекунанд.

Мухолифини дохили кишвар

Дар ҳамин ҳол, мухолифини ошкоро дар дохили кишвар, ба андешаи худи онҳо,маҳдудияти бештаре барои фаъолият доранд. “Сарфи назар аз ин ки ҳизби мо дар баробари мухолифон ва рақибони сиёсии худ, хусусан нисбат ба ҲХДТ ҳамчун мухолифини сиёсии созанда, на чун мухолифини радикали идеологӣ ба андозаи лозим таҳаммулпазир аст, вале ҳукумат бар далели сатҳи пасти фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ дар баробари ҳизби мо ҳамеша рафтори номуносиб мекунад. На танҳо ҳуқуқҳои шаҳрванди аъзои ҳизби моро, балки ҳуқуқи имконоти иҷтимоиву иқтисодияшонро низ маҳдуд мекунад”,-мегӯяд муовини Ҳизби состсиал-демкоратӣ Шокирҷон Ҳакимов.

Ин сиёсатмадор изҳор мекунад, ки ҳизби онҳо ба расонаҳои расмӣ дастрасӣ надорад ва аъзои он мувофиқи тахассусашон кор карда наметавонанд, ки ин имконоти иқтисодӣ ва моливу фании ҳизбро заъиф мегардонад.

Новобаста аз ин, ба гуфтаи вай, агар дар интихоботи пешорӯ, кафолати амнияти номзадҳои эҳтимолӣ аз сӯйи ниҳодҳои масъул таъмин шавад ва агар барои онҳо шароиту имконоти баробар фароҳам шавад, ҲСДТ ин фурсатро истифода мекунад.

Гумонзаниҳои коршиносон

Як сиёсатшинос аз Душанбе, ки ба далоили амниятӣ нахост номаш бурда шавад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ба далели фаъолият накардани ниҳодҳои демкоратӣ ва вазъи инҳисории ҳукумат ҳеч кадом аз гуруҳҳои мухолиф имкони таъсир ба ҷомеаро надоранд”.

Ин баҳогузориро қисман рӯзноманигор Иршод Сулаймонӣ ҳам ҷонибдорӣ мекунад:

- Гуруҳҳои сиёсии дохили кишвар ба истиснои ҳизби ҳоким барои қудрат мубориза намебаранд. ҲСДТ имкониати иштирок дар интихобот(ҳо)-ро ҳамчун як ҳизби муосир надорад ва наметавонад корзори густардаи пешазтихоботӣ роҳандозӣ кунад, мешавад гуфт, ки танҳо фаъолиятӣ фейсбукӣ дорад. Кори ҳизбҳо ва гуруҳҳои дигар бештар шабеҳи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои тадқиқотиро дорад. Дар баробари ин Сулаймонӣ инро истисноъ намедонад, ки бо рушди фанновариҳо имкониати кори ин гуруҳҳо муассиртар мешавад.

Қобили гуфтан аст, ки дар давраи мубориза бо ҳамагирии коронавирус изҳороти мақомот ва чораҳои андешидаи онҳо дар пасманзари норизоятии ҷомеа ва интиқоди мухолифини берун аз низом мушоҳида шуд.Оё ин як тасодуф буд ё посухе ба интиқодҳо - гуфтан душвор аст.

Неруи аз ҳама бонуфузи сиёсӣ дар дохили кишвар Ҳизби халқии демкоратии Тоҷикистон, ки раҳбараш президент мебошад, дониста мешавад. Ҳизб ҳам дар ҳукумати қонунгузор ва ҳам иҷроия мақоми ҳокимро дорад. Ҷонибдорони ҲХДТ ба ин нукта розӣ нестанд, ки ҳизб ба ин мақом бо роҳи зарфиятҳои маъмурӣ расидааст. Муваффақиятҳои ҳизбро онҳо ба стратегияи мушаххас доир ба рушди ҷумҳурӣ марбут медонанд.

Тирамоҳи соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи Қонуни Асосӣ ҳақ дорад то охири умр барои мақоми президентӣ рақобат кунад. Интригаи асосии ин интихоботро коршиносон дар иштирок кардан ё накардани писари калони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе ва раиси маҷлиси болоии парлумон Рустами Эмомалӣ мебинанд.

XS
SM
MD
LG