Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодиров ба Узбекистон рафтааст


Рамазон Қодиров дар фурудгоҳи Тошканд
Рамазон Қодиров дар фурудгоҳи Тошканд

Ҳайати Чеченистон ба раҳбарии президент Рамазон Қодиров барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои минтақаҳои Русия ва Узбекистон 26-уми май ба шаҳри Тошканд рафтааст.

Дар ин бора раҳбари Чеченистон дар Телеграм хабар дод.

Қодировро дар фурудгоҳи Тошканд шаҳрдори пойтахти Узбекистон Шавкат Умурзоқов, домоди хурдии президенти Узбекистон Отабек Умаров пешвоз гирифтаанд.

Рамазон Қодиров худи он рӯз бо сарвазири Узбекистон Абдулло Орифов дидору гуфтугӯ кард.

Қаблан хабар дода шуд, ки президенти Русия Владимир Путин ҳам 26-уми май бо сафари давлатӣ ба Узбекистон рафтааст.

XS
SM
MD
LG