Дар ҳоле, ки ҳизбҳои дигари сиёсии Тоҷикистон дар фикри интихоби номзади шоиста барои курсии холишудаи Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ноҳияи Восеъи минтақаи Кӯлоб ҳастанд, ҳизби демократии Тоҷикистон мушаххасан бо номзади худ журналисти шинохта Раҷаби Мирзо вориди корзор хоҳад шуд.
Саидҷаъфар Исмонов раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон 7 март ба радиои Озодӣ гуфт, ки номзади онҳо мушаххас шудааст ва онҳо Раҷаби Мирзо, сухангӯи ҳизб ва журналисти шинохтаро ҳамчун номзад дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи ноҳияи восеъ пешниҳод хоҳанд кард.
Саидҷаъфар Исмонов мутмаин аст, ки исми Раҷаби Мирзо тавассути мақолаҳояш барои сокинони Восеъ хуб ошност. Исмонов таъкид кард, ки Раҷаби Мирзо аз ҷумла роҷеъ ба вазъи риққатбори мардуми деҳоти гирифтори сил дар ин ноҳия гузоришҳо таҳия кардааст.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки Ҳизби демократӣ бо омодагии тамом номзади худро пирӯз хоҳад кард. Худи Раҷаби Мирзо ҳам дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ барои ширкат дар ин сабқати сиёсӣ изҳори омодагӣ кард. Вай гуфт, ки бо ҳадафи мубориза дар ин корзор аллакай гуруҳи корӣ таъсис додаст, ки ба он намоянадагон аз ноҳияи Восеъ ҳам шомил шудаанд.
Вай гуфт, ки барномаи номзадиашро низ мушаххас кардааст ва «бо фаро гирифтани масъалаҳои сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, вазъи беҳдоштии ин ноҳия, аз ҷумла, гирифторони бемории сил» бахши аслии барномаи кории ӯ дар сурати пирӯзиаш дар интихобот хоҳад шуд.
Зимнан, Раҷаби Мирзо дар интихоботи порлумонии соли 2005 аз тариқи худпешбарӣ дар ҳавзаи Шоҳмансур номзад шуда буд, аммо дар ниҳоят номзади ҳизби ҳокими халқӣ — демократ пирӯз гардид.
Раҷаби Мирзо 39 сол дошта ва ҳоло раҳбарии Маркази сотсиологии «Бозтоб» -ро бар дӯш дорад.
Қарор аст, ҳизби демократии Тоҷикистон дар ҳафтаи оянда ҷаласаи худро дар масъалаи пешниҳоди номзад ба интихоботи миёндавраӣ ба ҳавзаи ноҳияи Восеъ баргузор кунад.
Дар ҳамин ҳол, Ҳизби ҳокими Халқӣ-демократӣ ва ҳизби сотсиал-деморатии Тоҷикистон низ иҳор доштанд, ки дар ҳафтаи оянда номзади худро эълон хоҳанд дошт.
Радиои Озодӣ

Комисияи раъйпурсӣ ва интихоботи Тоҷикистон рӯзи 1 март дар ҷаласаи ахири аъзои ин ниҳод қарор кард, ки 5 майи соли равон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 интихоботи миёндавраӣ баргузор шавад. Қарор аст, интихобот барои ҷойгузинии курсии Рустам Латипов дар Маҷлиси намояндагон барпо шавад. Ин номзад аз ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба мақоми раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ таъйин шуд. Баъди таъйиноти ӯ ба ин вазифа, рӯзи 27 феврал дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ваколати депутатиаш қатъ карда шуд.
Радиои Озодӣ