Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмону Пизишкиён ҳамкориро баррасӣ кардаанд


Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён

Раҳбарони Тоҷикистону Эрон бахшҳои гуногуни ҳамкориро баррасӣ кардаанд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён рӯзи 24-уми сентябр баргузор шуд.

Ҳарду барои ширкат дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар Амрико ҳастанд.

Тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон “аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Эрон” ёдовар шудааст.

“Ба густариши муносибатҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, тақвияти равобити илмию омӯзишӣ ва таълимии ду кишвар ва рушди ҳамкории фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид,” – навишт торнамои президенти Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз хабаргузориҳои Ҷумҳурии Исломӣ навиштанд, ки дар ин мулоқот мавзӯи Афғонистон ва кумак ба Кобул барои рафъи мушкилоташ ҳам матраҳ буд. Тафсилот дастрас нест.

Масъуд Пизишкиён дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Эрон пирӯз шуда, 30-юми июли имсол савганд ёд кард.

Робитаҳои Тоҷикистону Эрон то аввали соли 2021 бисёр печидаву сард буд ва дар остонаи хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон дар моҳи августи ҳамон сол тағйир ёфт ва рӯ ба беҳбудӣ овард.

XS
SM
MD
LG