Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкории Тоҷикистон бо НАТО арҷ гузошт


Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, кишвараш аз ташаббуси НАТО барои таҳкими ҳамкории минтақаӣ ба хотири сулҳу эътидоли пойдор дар Афғонистон ҳимоят мекунад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кишвараш аз ташаббуси Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО барои таҳкими ҳамкории минтақаӣ ба хотири сулҳу эътидоли пойдор дар Афғонистон ҳимоят мекунад. Ин изҳорот ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар дидори Раҳмон бо ҳайати порлумони НАТО дар Душанбе садо додаааст. Дар мулоқот инчунин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо НАТО, аз ҷумла дар риштаи амнияти минтақаӣ ва ҳимоят аз ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон баҳс шудаанд.

Гуфта шуд, Тоҷикистон бо Паймони Атлантики Шимолӣ дар чаҳорчӯби барномаи "Ҳамкорӣ барои сулҳ" дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омӯзишу тамринҳои низомӣ, забономӯзӣ, мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, экстремизм, халъи силоҳ, амнияти марзҳо, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, рафъи офатҳои табиӣ ва ғайра ҳамкорӣ мекунад. Раҳбари Тоҷикистон хостори идома ва густариши ин ҳамкориҳо шуд.

Раҳбари ҳайати порлумонии НАТО Виталино Канас гуфт, "Тоҷикистон коршарики боварбахш ва содиқи НАТО боқӣ мемонад ва дар минтақа нақши муҳим мебозад." Вай афзуд, бо ҳадафи таҳкими субот ва амният дар кишвар ва минтақа муносибатҳои байни Тоҷикистон ва НАТО дар оянда густариши бештар хоҳанд ёфт. "Муносибатҳои байни Тоҷикистон ва НАТО бояд идома кунанд ва мустаҳкам шаванд. Мо мефаҳмем, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш мебарад ва бо чанд кишвару минтақаҳои ҷаҳон робита дорад," - гуфт Канас.

Баёнияҳои раҳбари Тоҷикистон ва раиси Кумитаи ҷанбаи башарии амнияти Маҷмуи порлумонии НАТО дар бораи таҳкими равобити дуҷониба ҳоле садо медиҳанд, ки вазъ дар шимоли Афғонистон рӯ ба ташаннуҷ дорад ва чанд моҳи охир нерӯҳои давлати Афғонистон бо гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар ин минтақа дар ҳоли даргириянд. Аз сӯи дигар Русия ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии кишварҳои пасошӯравӣ низ аз ин вазъ нигарон буда, даъват мекунанд, ки бояд ба Тоҷикистон дар таҳкими марзаш бо Афғонистон кӯмакҳо расонда шавад. Ҳамчунин сафари ҳайтаи порлумонии Паймони Атлантики Шимолӣ ба Тоҷикистон дар давраи сардии равобит байни Русия ва Ғарб зимни низои Украина ҷараён мегирад.

Бино бар хабари дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар дидори Раҳмон бо ҳайати порлумони НАТО дар Душанбе ҳамчунин таҳдиди эҳтимолии гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба минтақа ва вазъ дар Ховари Миёна низ баррасӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки Ғарб ба ҳузур пайдо кардани ин гурӯҳ дар Афғонистон бовар надорад ва мегӯяд, "Давлати исломӣ" дар Афғонистон танҳо дар пайи пайдо кардани пойгоҳ аст, вале муваффақ нагаштааст.

Дар чаҳорчӯби сафари худ ба Тоҷикистон ҳайати порлумонии НАТО ҳамчунин бо раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Аслов дидор ва гуфтушунид дошт.

XS
SM
MD
LG