Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент: Амалиёти боздошти ҳамлагарон рӯзҳои наздик анҷом мешавад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Ваҳдат. 6 сентябри 2015
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Ваҳдат. 6 сентябри 2015

Раисиҷумҳур дар ҳоле ки аз сокинони Ваҳдат барои кумакашон дар боздошти баъзе аз ҳамлагарон изҳори сипос мекард, гуфт, амалиёти боздошти боқимондаҳо рӯзҳои наздик анҷом мешавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки амалиёти боздошти ҳамлагарони бомдоди 4-уми сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат рӯзҳои наздик анҷом мешавад. Эмомалӣ Раҳмон ин ҳарфҳоро рӯзи 6 сентябр, ҳангоми сӯҳбаташ бо сокинони шаҳри Ваҳдат, баён дошт ва аз онҳо барои кумакашон дар боздошти бархе аз ҳамлагарон изҳори сипос кард. Оқои Раҳмон гуфт, давоми ду рӯз сокинони Ваҳдат 9 тан аз ҳамроҳони Абдуҳалим Назарзодаро, ки дар ҳамлаи чоруми сентябр муттаҳам мешавад, боздошт ва ба мақомот таслим намудаанд.

"Рӯҳафтода нашавед. Онҳое, ки мақсади нопок доранд, ҳеч гоҳ ба мақсадашон намерасанд. Агар ман Шуморо иззату эҳтиром намекардам, имрӯз дар байни Шумо набудам," -- таъкид дошт президент.

Э.Раҳмон дар бораи ҳамлаҳои 4 сентябр
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00
Линки мустақим

Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаҳои мусаллаҳонаи чоруми сентябр болои ШКД-и шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар пойтахтро "кори дасти шахсони нопоку ҷиноятпеша" номид ва гуфт, "қатъиян таъкид месозам, ки шахсони гунаҳкор ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегӯянд." Ба қавли ӯ, ҳамлаварон қасд доштаанд, ки зиндагии орому осудаи сокинонро халалдор созанд.

Вай дар идомаи суҳбаташ ба аҳли оилаи 9 корманди пулис ва дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳона ҷон бохтаанд, ҳамдардӣ баён кард. "Инчунин, ба сокинони шаҳри Ваҳдат, ки барои дастгир кардани ҷинояткорон ба мақомоти корҳои дохилӣ ва амният кумак расонданд, барои чунин амали хайрхоҳона ва ватандӯстонаашон миннатдорӣ баён менамоям," -- изҳор дошт ӯ.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин суҳбаташ аз иштироки 46 сокини шаҳри Ваҳдат дар саффи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва то ин дам кушта шудани 15 нафари онҳо ёдоварӣ карда, бори дигар сокинонро ба ҳушёриву зиракӣ даъват кард. Вай гуфт, "албатта, дар ҳаёти мо камбудиву норасоиҳо ҳоло ҳам зиёданд ва ба хотири бартараф кардани онҳо бояд бисёр заҳмат кашем. Таъкид месозам, ки рафъи мушкилоти мавҷуда боз ҳам аз сатҳи баланди маърифатнокӣ, кордонӣ ва эҳсоси гарми ватандории мо вобаста аст."

Президент Раҳмон субҳи 6 сентябр, баъди ду рӯзи ҳамлаҳои масаллаҳона ба дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ дар Душанбе ва Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар Ваҳдат, ки бар асоси иттилои расмӣ аз ду тараф беш аз 20 кушта бар ҷой гузошт, бо сафари корӣ ба Ваҳдат рафт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ҳадаф аз сафари оқои Раҳмон "шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоию саноатӣ ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар як зумра иншооти дигар аст".

Ба иттилои манбаъ, сокинони Ваҳдат раисиҷумҳурро дар даромадгоҳи ин шаҳр "бо эҳтироми хос ва гарму самимӣ истиқбол гирифтаанд".

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар лаҳзаҳои аввали сафараш ба Ваҳдат роҳи Ваҳдат-Файзбодро, ки тоза навсозӣ шудааст, мавриди истифода қарор дода, баъдан санги асоси бинои нави Шӯъбаи корҳои дохилиро гузоштааст. Ин бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, бо харҷи 30 миллион сомонӣ сохта хоҳад шуд.

Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдат дар ҳоле сурат мегирад, ки ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳанӯз амалиёти боздошт ва ё безарар кардани аъзои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим ва муовини собиқи вазири дифоъ дар Ромит идома дорад. Субҳи 6 сентяр сокинони атрофи "Теппаи Самарқандӣ" садои тирро шунидаанд, аммо то ҳол касе шарҳ намедиҳад, ки вазъ аз чӣ қарор аст. Танҳо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон субҳи 6 сентябр бо пахши як изҳороти расмӣ гуфт, ки вазъ дар Душанбе ва Ваҳдат ором буда, таҳти назорати мақомоти қудратӣ аст.

XS
SM
MD
LG