Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғеви ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ба кори як корхонаи коркарди ғалла оғоз бахшид. Ин коргоҳ, ки дар як шабонарӯз 60 тонна ғалларо орд мекунад, дар масоҳати 1 гектар бо харҷи 13 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Ба иттилои Хадамоти матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси коргоҳи нав 30 нафар аз сокинони маҳаллиро бо кор таъмин кард.
Ин манбаъ мегӯяд, ҷаноби Раҳмон дар идомаи сафараш дар ноҳияи Шуғнон аз маҳалли обхезии ахир дидан намуд. Дар ин ҷо ӯ бо бинокороне, ки барои осебдидагон манзил ва роҳи нав месозанд, мулоқот кард. Сипас ӯ дар маркази деҳаи Боғев бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон суҳбат дошт. Дар ин деҳа дирӯз маросими дафни вазири собиқи умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадаёз Навҷувонов, ки дар синни 73-солагӣ дар Душанбе даргузашт, баргузор шуда буд.
Дар паёмаш ба мардуми Шуғнон раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори рушди иқтисодии ин минтақа шуд ва махсусан ба густариши қутоспарварию сайёҳӣ даъват намуд. Ҷаноби Раҳмон ҳамчунин бо нигаронӣ аз ҷалб шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро гуфт: "ҷавононе, ки фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ шуда, ба созмонҳои террористӣ шомил мегарданд ва боиси бадбахтии оилаҳои худ мешаванд, бояд андеша кунанд, ки пушаймонӣ суд надорад ва онҳо бо чунин рафторашон танҳо ояндаи худро доғдор месозанд."
Пеш аз сафари Шуғнон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рушон бинои нави Кохи Фарҳангро боз намуд. Абдуфаттоҳ Шарифзода сухангӯи президенти Тоҷикистон субҳи 29 июл ба радиои Озодӣ гуфт, президенти кишвар ин субҳ аз ноҳияи Дарвоз ба Рушон омад ва дар инҷо бинои нави Кохи фарҳангро ифтитоҳ кард. Вай афзуд, ҳамчунин раисиҷумҳур тагсанги бинои нави ҳокимияти давлатии ноҳияро гузошт.
Аксҳо аз сафҳаи Хадамоти матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.