Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон гуфт, Раббонӣ мехост, дар Тоҷикистон зудтар сулҳ шавад


Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми суҳбати онлайнӣ дар бораи Бурҳониддин Раббонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар барномаи онлайнӣ ба хотири нуҳумин солгарди даргузашти Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳурии пешин ва раҳбари Шӯрои сулҳи Афғонистон ҳузур пайдо кард.

Бурҳониддин Раббонӣ, ки замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон президенти Афғонистон буд, барои нахустин музокираи Эмомалӣ Раҳмон ва мухолифини мусаллаҳаш дар Хусдеҳи ин кишвар шароит фароҳам оварда буд. Ӯ моҳи сентябри соли 2011 кушта шуд.

Ҳамоиши бузургдошти Раббонӣ, ки онро Азиз Бориз, дипломати собиқи Афғонистон баргузор кард, шоми 19 сентябр тариқи барномаи Zoom мустақим сурат гирифт, вале дар он навори аз пеш сабтшудаи Эмомалӣ Раҳмон пахш шуд.

Азиз Бориз, дипломати собиқи афғонистонии муқими Бритониёи Кабир рӯзи 20-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Эмомалӣ Раҳмон бо далели серкорӣ ва банд будан натавонист мустақим ҳузур дошта бошад, вале бо эҳтироме, ки ба “Шаҳиди сулҳ” доштанд, суханронии худро сабт карда фиристоданд”.

Дар ин ҳамоиши онлайнӣ, ки намояндагони дипломатии кишварҳо ва коршиносони масоили Афғонистон ширкат доштанд, сӯҳбати аз пеш омодашудаи Эмомалӣ Раҳмонро, намояндаи Тоҷикистон дар Бритониё пахш кард.

Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Бурҳониддин Раббонӣ барои сулҳ дар Тоҷикистон тавсиф кард ва гуфт, “бо талоши Бурҳониддини Рабонӣ нахустин музокираи намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бо Иттиҳодияи пешини мухолифини тоҷик дар соли 1995 дар Кобул сурат гирифт ва роҳҳро барои гуфтушунидҳои баъдӣ боз намуд”.

Ҷанги панҷсолаи Тоҷикистон пас аз музокироти тӯлонӣ бо имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 ба поён расид.

Расонаҳои давлатӣ ҳамеша таблиғ мекунанд, ки сулҳи Тоҷикистон бо талошҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 сол боз сари қудрат аст, ба даст омадааст.

Мунтақидон мегӯянд, саҳми ҷониби дигари сулҳ ҳамеша фаромуш мешавад, ки аз рӯйи адолат нест.

Онҳо мегӯянд, агар Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари вақти Иттиҳоди мухолифини мусаллаҳ, ки дар Афғонистон қарор доштанд, ба музокирот розӣ намешуд, ҷанг солҳо давом мекард.

Аммо ҳарду тарафи сулҳ бар ин назаранд, ки Бурҳониддин Раббонӣ дар расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон саҳм доштааст.

Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин сӯҳбаташ гуфт, ки номи Бурҳониддин Раббонӣ барои мардуми Тоҷикистон азизу гиромӣ аст ва ӯ барои тоҷикон некӣ кардааст.

Бурҳонуддини Раббонӣ, яке аз сиёсатмадорони машҳури Афғонистон дар солҳои ишғоли Афғонистон ба ҳаракати муқовимат раҳбарӣ карда, Ҷамъияти исломии ӯ нерӯҳои таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъудро зери чатри худ дошт. Вай дар сахттарин давра раҳбари Афғонистон буд ва талоши зиёде кард, то як кишвари ҷангзадаро ба сӯи салоҳ ва осоиш пеш барад.

Толибон дар соли 1996 ҳукумати ӯро аз Кобул берун ронданд ва кишварро ба ҷанги давомдор кашонданд. То ба қудрат расидани ҳукумати Ҳомид Карзай аксари кишварҳои ҷаҳон Бурҳонуддини Раббониро раҳбари қонунии Афғонистон мешумурданд. Пас аз оғози ҷанги зидди ваҳшатафканӣ бо ширкати эътилофи байнулмилалии таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида низ Раббонӣ яке аз пешвоёни маънавии Афғонистон буд.

Бурҳониддин Раббониро моҳи сентябри соли 2011 як узви Толибон, ки худро қосиди сулҳи онҳо муаррифӣ карда буд, дар хонааш дар шаҳри Кобул кушт. Мақомоти амниятии Афғонистон гуфта буданд, ки ҳамла ба Бурҳониддин Раббониро Толибон дар шаҳри Кветтаи Покистон тарҳрезӣ намуда ва онро Ҳамидуллоҳ ҳамоҳанг кардааст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG