Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ба Колоколтсев дар бораи ҳуқуқи муҳоҷирон гуфтааст


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Колоколтсев. Душанбе, 27-уми майи 2024
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Колоколтсев. Душанбе, 27-уми майи 2024

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки баъзан барои хомӯшӣ дар қазияи муҳоҷирони корӣ танқид мешавад, бо вазири умури дохилии Русия дар бораи ҳуқуқи онҳо суҳбат кардааст. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору иқомат доранд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Колоколтсев рӯзи 27-уми май дар Душанбе гузашт. Вай ҳамроҳи як ҳайати ҳукуматии Русия барои ширкат дар музокироти “ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи муҳоҷират” омадааст.

Ба хабари дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбат ба "аҳамияти қабули чораҳои зарурӣ баҳри таҳкими ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар қаламрави Русия қарор доранд" таъкид кардааст.

Пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар Маскав дар моҳи марти имсол мавридҳои тафтиш, боздошт, ҳабс ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзуд.

Мақомоти Тоҷикистон дар аввал сукут ихтиёр карданд, аммо дертар дар эъломияҳои ҷудогона ва ёддошти эътирозӣ аз тарафи Русия хостанд, ба ҳуқуқи тоҷикон эҳтиром бигузоранд. Вазири умури хориҷии Русия тафтишу боздошти муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм дониста буд.

Дар ҳамла ба “Крокус”, ки масъулияташро шохаи “Хуросон”-и ДОИШ ба уҳда гирифт, зиёда аз 140 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Маъмурони амниятии Русия дар пайванд ба ҳамла беш аз даҳ зодаи Тоҷикистонро дастгир ва то моҳи август ба ҳабс гирифтаанд. Баъзеи онҳо гуфтанд, ки дар ин ҳодиса даст надоранд, вале додгоҳ шикояти онҳоро напазируфт.

XS
SM
MD
LG