Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиров: "Баъди табобат ба хона баргаштам". ВИДЕО, САДО


Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал – демократ ва мушовири собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз бемористон мураххас шудааст ва мегӯяд, ки вазъи саломатиаш хуб аст. Мақомоти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буданд, ки Раҳматилло Зоиров панҷ рӯз қабл дар бемористон бистарӣ шудааст.

Раҳматилло Зоиров шоми сешанбеи 27-уми феврал дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки "ман сиҳату саломат ба хона расидам ва дар Душанбе мебошам."

Вай дар шарҳи бистари шудани худ навишт, ки пас аз ҳодисаи 9-уми ноябри соли гузашта аз ҷумла панҷаи дасти рост, китф, пои чапаш дард дард мекард ва сармоҳои имсолаи Қазоқистон низ ба саломатиаш таъсир расонд ва пои чапаш хунукӣ гирифт. Мегӯяд, ки пас аз бозгашт аз Қазоқистон дарди пои чапаш зиёд гашт ва ногузир ба табибон муроҷиат кард ва тавсия дода шуд, ки ба таври ҳатмӣ аз санҷиши тиббӣ гузарад.

Раҳматилло Зоиров мегӯяд, санҷиши тиббӣ муайян кард, ки ду нуқтаи пайвастшавии рагу гӯшти устухони пои чапаш зардоб гирифтааст ва эҳтимоли хавфи "гангрена" вуҷуд дорад. "Ғайр аз ин, "седалищний нерв"-ро хам хунук гирифтааст",-афзуд вай. Ба гуфтаи вай, қарор буд рӯзи 22-юми феврал дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо"-и Иброҳим Усмонов ширкат кунад, вале бинобар беморӣ натавонист ширкат кунад ва раҳбарони ҳизбашро дар ҷараён гузошт, ки барои 3-4 рӯз ба табобат машғул мешавад ва дастрас намебошад.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар охири ин паёми худ навиштааст, ки баъд аз панҷ рӯзи муолиҷа ва ҷарроҳии пойи чап, ки бомуваффақият анҷом шуд, таъсири хунукгирӣ пешгирӣ ва зардоб бартара шуда ва ҳоло ба Душанбе баргаштааст.

Муовини ӯ Шокирҷон Ҳакимов рӯзи 27-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "Раҳматилло Зоиров чаҳор рӯз боз дар бемористон аст".

"Гуфтанд, ки чанд рӯз дастнорас хоҳанд буд"

Раҳматилло Зоиров аз соли 1998, замони таъсиси ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон то кунун раёсати ин ҳизбро бар ӯҳда дорад.

Худи Зоиров ба Шокирҷон Ҳакимов гуфтааст, пизишкон тавсия доданд, то чанд рӯз дар бемористон бимонад. "Бори охир рӯзи 23-юми феврал бо Раҳматилло Зоиров телефонӣ суҳбат доштам. Он кас ба ман занг заданд. Ба як маҳфил ҳамроҳ даъват шуда будем. Гуфтанд, ки имкони рафтан надоранд. Вақте сабабашро пурсидам, гуфтанд, дар яке аз бемористонҳо қарор доранд ва шояд ин натиҷаи ҳамон зарбаҳои ҳамлаи ахир бошад", - нақл кард ӯ.

Видеои нақли Шокирҷон Ҳакимов дар бораи бемории Зоиров:

"Раҳматилло Зоиров дар бемористон бистарӣ шуд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:49 0:00

​Ба қавли Шокирҷон Ҳакимов, Зоиров дар гузашта низ мариз мешуд, вале бо истифода аз усулҳои мухталиф дар хона табобат мегирифт. “Зоиров дар ҳолатҳои истисноӣ ба табибон муроҷиат мекарданд. Аз бистарӣ шудан дар бемористонҳои дохили кишвар худдорӣ карда, чанд дафъа дар хориҷи кишвар табобат гирифтаанд. Шояд ин маротиб бемории Раҳматилло Зоиров ҷиддитар аст, ки дар дохили кишвар бистарӣ шудаанд. Чун зарбаи дасти росту китф ва пушт ва ҳатто дарди пойҳояш ҷиддӣ буд”, - афзуд Ҳакимов.

Ҳамсари Зоиров: Дар шифохонае берун аз шаҳр бистарӣ аст

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Дар ҳамин ҳол, хонаводаи Раҳматилло Зоиров хабари бистарӣ будани ӯро дар бемористон тасдиқ карданд. Мавзуна Каримова, ҳамсари Раҳматилло Зоиров, дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, “дар воқеъ, Зоиров бемор аст ва дар шифохонае берун аз шаҳр бистарӣ аст”.

Ҳарчанд Каримова аз бемористон ном набурд, гуфт, бемории вай бармегардад ба ҳамлаи ахир дар моҳи ноябр, ки дар пайи он Раҳматилло Зоиров аз дасти рост, китф ва тахтапушташ ҷиддан лат хӯрда буд. Ӯ гуфт, Зоировро дар бемористон аёдат кард ва ӯ таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад. “Аммо телефонаш хомӯш аст ва барои муддате намехоҳад касе музоҳимаш шавад. Чун мехоҳад ба таври ҷиддӣ муолиҷа шавад”, - гуфт ӯ.

Мо низ бо чанд шумораи телефони Раҳматилло Зоиров дар тамос шудем, вале гӯшиаш хомӯш буд.

Қатъи таҳқиқи ҳодиса

Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон дар се моҳи пеш мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта буд. Худи Зоиров дар сӯҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳамла шаби нуҳуми ноябр, ҳангоме сагашро ба берун баровард, дар болои пул ё купрӯки маҳаллаи 103-юми пойтахт иттифоқ афтод. Сиёсатмадор ин ҳамларо тарҳрезишуда донист ва гуфт, дар пайи он дасти рост, китф ва тахтапушташ осеб дид. Раҳматилло Зоиров моҳи октябр аз Қазоқистон ба Душанбе баргашт.

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:28 0:00
Линки мустақим

Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, дар бораи латту кӯб ва таҳқир диданаш ба мақомоти интизомӣ муроҷиат кард ва як намояндаи мақомот бо ӯ дар ин бора суҳбат дошт. Ҳамакнун бо гузашти се моҳ мақомоти Тоҷикистон натавонистанд омилони ин ҳамларо ошкор кунанд. Ҳатто қаблан эълон карданд, ки таҳқиқи ин ҳодиса қатъ шудааст.

Дар гузашта як гурӯҳе аз занон ба коргоҳ ё идораи ҳизби Раҳматилло Зоиров рафта, ӯро барои гӯё ташкили беназмӣ дар кишвар муттаҳам карда буданд. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон яке аз ҳафт ҳизби сиёсӣ дар кишвар аст. Ин ҳизб ягона ҳизби мухолиф дар кишвар дониста мешуд, ки гоҳе дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ мавзеъгирии интиқодӣ мекард.

Навор аз бойгонии Озодӣ.Зоиров: "Ин чӣ гап? Ба ҳизб ва раисаш 11 бор ҳуҷум карданд"

Зоиров: "Ин чӣ гап? Ба ҳизб ва раисаш 11 бор ҳуҷум карданд"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:56 0:00

Раҳматилло Зоиров аз соли 1998, замони таъсиси ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон то кунун раёсати ин ҳизбро бар ӯҳда дорад. Вай баъд аз хатми мактаб дар солҳои 1977-1979 дар Олмон дар ҳайати артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Фориғуттаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Харкови Украина буда, дар онҷо ду сол ба сифати омӯзгор фаъолият доштааст.

Аз соли 1986 то 1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти омӯзгориро идома дода, аз соли 1989 ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуд. Дар соли 1992 тарҳи алтернативии Қонуни асосии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод карда буд. Вай аз соли 2001 то соли 2003 ба ҳайси мушовири аршади раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ кор кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG