Гузориши Радиои Озодӣ “Чаро Шоҳмурод бародарашро ба мақомот супурд?” дар байни гузоришҳои бахшҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гузориши беҳтарини соли 2017 эътироф шуд ва ҷоиза ба даст овард.
Ин гузориш аз сарнавишти бародаре ҳикоят мекард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамоиши додараш ба гурӯҳи тундрави “Давлати Исломӣ” тасмим гирифт ӯро ба мақомот таслим кунад.
Бо ин тасмим ӯ худро дар баробари норозигии тамоми хонавода қарор дод, аммо мутмаин аст, аз он ки бародараш бо ин гурӯҳи террористӣ ҳамоиш меёфт ва ҳазорҳо километр дуртар аз ватан кушта мешуд ва ё сабаби марги дигарон мегардид, беҳтар аст дар зиндон бимонад ва зинда баргардад.
Гузоришро хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб Маҳмудҷон Раҳматзода ва дар Прага, Тоҳири Сафар ва Мӯъмин Аҳмадӣ таҳия кардаанд.
Гузоришро дар ин ҷо тамошо кунед: