Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибтикори радиои "Имрӯз": Нахустин барномаи радиоӣ бо забони шуғнӣ (ВИДЕО)


Студияи забонҳои помирии радиои "Имрӯз"
Студияи забонҳои помирии радиои "Имрӯз"

Барои нахустин бор радиои «Имрӯз» пахши барномаҳои худро бо забони шуғнӣ оғоз кардааст.

Меҳрангез ва Темуршо аз аввалин ровиёни родиои «Имрӯз» бо забони шуғнӣ ҳастанд. Барномаҳои шуғнии ин радио, ҳар рӯз тӯли се соат барои сокинони Хоруғ ва деҳоти атрофи он пахш мешавад.

Темуршо Ҳиматшоев, ровии барномаҳои радиои «Имрӯз» бо забони шуғнӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳамарӯза дар барномаҳои худ мавзӯъҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиро бо шунавандаҳо дар миён мегузорад. Аммо ҷаноби Ҳиматшоев мегӯяд, онҳо дар барномаашон мавзӯъҳои сиёсиву мазҳабиро баҳс намекунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ: «Барои бахши барномаҳои сиёсӣ барои мо сиёсатшиносон лозиманд. Мутаассифона ва ё хушбахтона, мо сиёсатшинос нестем, барои ҳамин аз пахши барномаҳои сиёсӣ худдорӣ мекунем. Дуюм, мавзӯъҳои мазҳабӣ мебошанд. Мо ба он хотир аз мавзӯъҳои динӣ худдорӣ мекунем, ки дар ҳоли ҳозир 80 дарсади мардуми Бадахшон исмоилимазҳаб буда, боқӣ аз мазҳабҳои дигар пайравӣ мекунанд. Вале мо ғайр аз ин ду мавзӯъ тамоми масоили ҳаёти ҷомеъаро баррасӣ мекунем.»

Азорабек Азорабеков.
Азорабек Азорабеков.
Масъулони радиои «Имрӯз» мегӯянд, иҷрои ин тарҳ аз 31 декабри соли 2013 ба ин сӯ озмоиш ва оғоз шудааст. Азорабек Азорабеков, раҳбари тиҷоратии ширкати «Ориёно Медиа» рӯзи 15-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир шунавандагони радио барномаҳоро бо забони шуғнӣ метавонанд ҳар рӯз аз соати 12 то 15 рӯи мавҷи 107.4FM дар шаҳри Хоруғ бишнаванд. Азорабеков мегӯяд, ин аввалин барномаҳои радиоӣ бо забони шуғнист, ки дар Тоҷикистон пахш мешаванд. Ҳадаф аз роҳандозӣ шудани барномаҳои радиоӣ бо забони шуғниро ин масъули радиои «Имрӯз» ба ҳифзи забонҳои помирӣ, аз ҷумла шуғнонӣ марбут медонад, ки бештар роиҷ будааст.

«Эфири радиои «Имрӯз» дар Душанбе ва Хоруғ каме фарқ мекунад. Яъне, пахши барномаҳо барои Хоруғ бо сурудҳо каме фарқ мекунад. Мо тасмим дорем вақти барномаҳоро бо забони шуғнонӣ бештар кунем. Шояд дар оянда бахшҳои хабарӣ низ бо забони шуғнонӣ омода ва пахш карда шавад,» - гуфт Азорабеков.

Дар бораи нахустин барномаҳои шуғнии радиои "Имрӯз" як шунаванда бо номи Сайёра мегӯяд: «Дар Бадахшон ин аввалин радио ҳаст, ки бо забони шуғнонӣ пахш мешавад. Радиои «Имрӯз» ки дар Хоруғ пахш мешавад, барои мардуми онҷо хеле муҳим аст. Аслан ин барномаҳо, ки бо номи «Суханони падар» пахш мешавад, тарбиявӣ буда, барои аз байн нарафтани забонҳои мардуми Бадахшон мусоидат мекунад.»

Забоншиноси тоҷик Шодихон Юсуфбеков мегӯяд, вазъи забони шуғнӣ дар миёни забонҳои дигари Бадахшон нисбатан беҳтар аст, чунки шуғнӣ, ба ҳар сурат, забони маркази вилоят ва ҳам забони тиҷорат дар ин минтақа аст. Вале ҳеҷ кадоме аз ин забонҳо забони илму мактабу коргузорӣ нест. Аз ин рӯ, ба ақидаи Юсуфбеков, ба тамоми забонҳои нодири Бадахшон марг таҳдид мекунад. Юсуфбеков аз пахши барномаҳои радиои «Имрӯз» бо забони шуғнӣ истиқбол кард ва гуфт: «Ҳарчанд кӯшишу талошҳои зиёдро талаб мекунад, аммо бояд гӯям, ки ин аллакай метавонад заминаеро барои маҳфуз доштани ин забонҳо фароҳам биёрад, ки он аз соли 1989 бояд амалӣ карда мешуд.»

Аҳолии Бадахшон наздик ба 250 ҳазор нафар буда, ба ақидаи забоншиносон 170 ҳазор нафари онҳо ба забонҳои помирӣ гуфтугӯ мекунанд. Шодихон Юсуфбеков, мегӯяд, «ҳамаи 8 забоне, ки дар Помир ҳаст - шуғнӣ, ишкошимӣ, рӯшонӣ, язғуломӣ, вахонӣ, рошарвӣ, бартангӣ, сарикӯлӣ- забонҳои таҳти табъизанд. Чунки ба ин забонҳо таълим нест, ягон барномаи радиоӣ ё телевизионӣ вуҷуд надошта, ягон газета чоп намешавад».

То оғози пахши барномаҳо дар Хоруғ, радиои «Имрӯз» тавонистааст бозпахши барномаҳояшро дар Хуҷанду Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба роҳ монад.

"Имрӯз" бо забонҳои Бадахшон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00
XS
SM
MD
LG