Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳбари радиои "Азия плюс" иваз шуд


Акси Манижа Ахмедова аз саҳифаи Фейсбуки ӯ гирифта шудааст.

Раҳбарияти радиои мустақили "Азия плюс" дар Тоҷикистон нав шуд. Манижа Ахмедова, хабарнигори ин радио айни замон раҳбар таъин шуда, дар ин мақом Парвона Аҳрориро иваз кард. Парвона Аҳрорӣ аз соли 2008-ум ба ин ҷониб раҳбарии ин радиоро бар дӯш дошт.

Манижа Ахмедова рӯзи 16-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ ӯ роҳбарии ин радиоро бар дӯш гирифт. Хонум Ахмедова то ин замон ба ҳайси муҳаррири барномаҳои радио фаъолият дошт.

Радиои мустақили "Азия плюс" соли 2002-юм таъсис ёфта, ҷузъе аз медиа-ҳолдинги хабарии "Азия плюс" ба шумор меравад.

Радиои мустақили "Азия плюс", ки аз соли 2002-юм ба кор шурӯъ кардааст, бештар барномаҳои тафреҳӣ ва бахшҳои кӯтоҳи хабарӣ пахш мекунад. То ин замон бештари барномаҳо бо забони русӣ пахш мешуданд. Манижа Ахмедова, раҳбари тозатаъини ин радио мегӯяд, дар ояндаи наздик тағйирот дар сиёсати пахши барномаҳои ин радио сурат хоҳад гирифт.

"Мо ҳоло ба омӯзиши бештари хостаҳои аудиторияи худ шурӯъ кардем. Вале аз ҳоло ният дорем, шумори барномаҳоро бо забони тоҷикӣ бештар кунем. Ҳамакнун аксари барномаҳои ин радио бо забони тоҷикӣ таҳия хоҳад буд. Бар замми ин, мо мехоҳем дар эфири радио барномаҳои таҳлилӣ бештар шаванд",- иброз дошт Ахмедова.

Радиои "Азия плюс", ки дар мавҷи 107 FM пахш мешавад, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Душанбе ва бархе ноҳияҳои тобеи марказ дастрас аст. Ба гуфтаи масъулон, мавҷи ин радио то 70 дарсади қаламрави кишварро фаро мегирад. Феълан дар минтақаҳои Тоҷикистон 33 шабакаи мустақили радиоиву телевизионӣ фаъолият мекунанд.

Парвона Аҳрорӣ
Парвона Аҳрорӣ

Радиои мустақили "Азия плюс" соли 2002-юм таъсис ёфта, ҷузъе аз медиа-ҳолдинги хабарии "Азия плюс" ба шумор меравад. Ин медиа-ҳолдинг бо роҳбарии Умед Бобохонов, оҷонсии иттилоотии "Азия плюс", нашрияи "Азия плюс" ва маҷаллаи VIP Zone-ро дар бар мегирад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG