Пайвандҳои дастрасӣ

Табдили номи Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва Сарбанд – ба Леваканд


Вакилони маҷлиси вилояти Хатлон аз тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппаву Сарбанд ва ноҳияи Бохтар пуштибонӣ карданд. Номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар иваз шуда, ноҳияи Бохтар исми Кушониёнро хоҳад гирифт. Шаҳри Сарбанд номашро ба Леваканд табдил медиҳад. Дар ҳоле ки мақомот гуфтанд, сокинони минтақа дар як назарпурсӣ ба ин тағйирот розигӣ дода, номҳои таърихӣ дубора зинда хоҳанд шуд, коршиносон чунин пешниҳодро дар ин шабу рӯз номувофиқ донистанд.

Ин кори хуб нест, на аз дидгоҳи илмӣ ва на аз дидгоҳи миллатсозӣ. Чунин шеваи номгузорӣ дуруст нест

“Пешниҳод ба порлумон фиристода шуд”

Як масъули бахши таҳлил ва иттилоотии ҳукумати Хатлон, рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пешниҳоди тағйири номи ду шаҳру як ноҳия дар сатҳи вилоят ниҳоӣ шуда, барои баррасӣ ба ҳукумат ва порлумони кишвар ирсол гардидааст. Қарори ниҳоиро дар ин замина Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумон – гирифта, бо имзои раиси ҷумҳур мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.

Панҷ моҳ пеш як гурӯҳ аз донишмандону шоирон ва нависандагони тоҷик бо шумули Фарҳод Раҳимӣ, Юсуфшоҳ Яъқубов, Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, Низом Қосим, Абдулҳамиди Самад, Муҳаммад Ғоиб, Барот Абдураҳмонов, Назри Яздон, Қиёмиддин Сатторӣ ва дигарон ба водии Вахш сафар намуда, иваз кардани номҳои ин шаҳру ноҳияҳоро ба ҳукуматҳои маҳаллӣ пешниҳод карда буданд. Қиёмиддин Сатторӣ, узви ин ҳайат қаблан дар як матлаб навишт, ки “ба андешаи мо, маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа бо номҳои Вахш, Вахшон, Вахшканд, Вахшур, Вахшор, Вахшгирд, Вахшобод ва ғайра иваз карда мешуд, ҳақиқати таърихӣ барқарор мегардид.” Ҳоло маълум нест, бо чӣ далел номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва Бохтар ба Кушониёну Сарбанд ба Леваканд иваз карда мешавад.

Тарафдорону мухолифон

Тасмими тағйири номҳои деҳоту маҳалла ва шаҳру ноҳияҳо Тоҷикистон тарафдор доранд, вале мухолифони ин гуна тасмимҳо низ кам нест. Ин мухолифон мегӯянд, номҳое, ки аз қадим омадаанд, таърихи ба вуҷуд омадани ҳамон маҳалро дар худ доранд ва бояд бимонанд.

Гурӯҳи дигар мегӯяд, қарорҳои ҳукумат барои тағйири ном мисли он аст, ки хонаи вайронаеро берунашро тармим мекунанд ва дар дохилаш на об дорад, на барқ ва на шароите барои зиндагӣ. Ба гуфтаи мухолифон, ба ҷойи тағйири ному харҷи изофӣ барои таҳияи санадҳои наву ислоҳ кардани харитаҳо беҳтар аст, барои мисол, “Юмсуроқ” бо ҳамон номаш бимонад, вале барои сокинонаш ҷойи кор муҳайё созанд.

Умеди Ҷайҳонӣ, таҳлилгари тоҷик, низ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ ниёзе ба ивази номи се шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон нест. Ӯ рӯзи 29-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин ҷойномҳо номҳои таърихӣ ҳастанд. Номҳое ҳастанд, ки аз ҳафтод, сад ё дусад соли пеш гузошта шудаанд ва ҳар кадомашон барои худ таърих доранд. Ин кори хуб нест, на аз дидгоҳи илмӣ ва на аз дидгоҳи миллатсозӣ. Чунин шеваи номгузорӣ дуруст нест.”

Умеди Ҷайҳонӣ гуфт, зоҳиран тағйири номҳои ҷуғрофӣ бо пешниҳоди раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ сурат мегирад, ки дуруст нест. Ӯ гуфт, бояд ин кор ба зиммаи пажӯҳишгарон гузошта шавад.

Баҳси солҳои 80-ум

Пешниҳоди тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа бори нахуст дар солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби шуморе аз донишмандон дар матбуоти вақт ироа шуда буд. Минбаъд пешниҳод ва назару андеша дар мавриди тағйири номи ин шаҳр борҳо дар матбуот мунташир шуд. Дар ин авохир ҳам ин мавзӯъ дубора мавриди баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо қарор гирифт.

Қӯрғонтеппа маркази вилояти Хатлон дар ҷануб-ғарби Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш ва дар 100-километрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ин шаҳр бо беш аз 100 ҳазор аҳолӣ, севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон мебошад. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, ақаллияте аз узбакҳо ва русҳо низ зиндагӣ мекунанд.

Суғд, Спитамен, Ҷайҳун...

Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли пеш ба тағйири номи ноҳияву маҳаллаҳои аҳолинишин шурӯъ кард ва пеш аз ҳама номҳои мероси замони Шӯравиро тағйир дод, аз ҷумла бузургтарин вилоят, ки Ленинобод буд, номи қадимии Суғдро гирифт. Ноҳияи Нов ба Спитамен, Пролетар ба Ҷаббор Расулов иваз шуда, Табошаҳр ба Истиқлол табдил шудааст. Ноҳияи Куйбишеви пешин ҳоло номи Абдураҳмони Ҷомиро дорад.

Дар охирин мавҷи тағйири номҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон соли гузашта номи шаш ноҳия – Ҷалолиддини Румӣ, Ҷилликӯл, Қумсангир, Шӯрообод, Тавилдара ва Ҷиргатол табдили ном карданд. Ҷалолиддини Румӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷилликӯл ба Дӯстӣ, Қумсангир ба Ҷайҳун, Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ноҳияҳои Тавилдара ба Сангвор ва Ҷиргатол ба Лахш иваз карда шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG