Пайвандҳои дастрасӣ

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа – маркази вилояти Хатлон – аз кор бозмонда, беш аз 120 нафар кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристодааст. Дар ин фурудгоҳ то 200 нафар фаъолият мекарданд.

Аксар муҳоҷирон дар оғози баҳор мераванд ва тирамоҳ бармегарданд. Аз ин рӯ дар аксари рейсҳо аз як самт пур мешаванд ва ширкат маҷбур аст, хароҷоти ду самтро ба нархи билети якҷониба зам кунад

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 12-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ягона ширкати русие, ки дар масири Қӯрғонтеппа-Маскав-Қӯрғонтеппа парвоз анҷом медод, аз ин масир ҳам даст кашид. Ин парвоз ягона манбаи даромади фурудгоҳ буд.

Яке аз муҳандисони Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “то моҳи майиимсол ширкати русии “Вим Авия” дар масири Маскав-Қӯрғонтеппа ва Қӯрғонтеппа-Маскав парвоз анҷом медод. Аммо ин ширкат парвозҳояшро қатъ кард ва маъмурияти фурудгоҳ бинобар набуди даромад ва қарздорӣ аз андоз маҷбур шуд аксарияти коргаронро ба рухсатии бемузд фиристад.”

Манбаъ гуфт, ӯ низ дар қатори беш аз 120 нафар ба рухсатии бемузд фиристода шудааст ва аз моҳи август инҷониб бекор аст.

Фурудгоҳи Қӯрғонтеппа. Акс аз бойгонӣ
Фурудгоҳи Қӯрғонтеппа. Акс аз бойгонӣ

Чанде аз кормандони дигари собиқи ин фурудгоҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд. Кормандон умед доранд, ки бо расидани мавсими бозгашти муҳоҷирон дар моҳи октябр ва ноябр парвозҳо ба самти Қӯрғонтеппа аз сар гирифта шуда, коргарон низ метавонанд дубора ба кор баргарданд.

Аммо дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа гуфтанд, ки ҳанӯз бо ширкате шартнома надоранд ва маълум нест оё ягон ширкат ба ин фурудгоҳ парвоз анҷом медиҳад, ё не. Елена Федорова, роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ширкати “Вим-Авиа” дар Маскав, рӯзи 12-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бинобар кам будани мусофирон ва напӯшондани харҷи парвозҳо мудирияти тиҷоратии ширкат тасмим гирифт, ки парвозҳоро ба самти Қӯрғонтеппа қатъ кунад.”

Ширкати “Вим-Авиа” аз соли 2014 нахуст ҳафтае панҷ бор ва баъдан ду дафъа мусофиронро ба пойтахти Русия мерасонд ва аз онҷо мусофир меовард. Он замон хатсайрҳои дигар ҳам ба самти Маскаву Сочи ва Хуҷанд низ амал мекарданд.

Вале бӯҳрони иқтисодии Русия дар соли 2014 ҳамаи ин барномаҳоро таҳрир кард. Русия баъд аз ғасби нимҷазираи Қрим ва шурӯи мухолифатҳои низомӣ дар шарқи Украина мавриди таҳрими Ғарбу Аврупо қарор гирифт, иқтисодаш осеб дид, кору даромади муҳоҷирон то 50 дарсад кам шуд ва бисёр ширкатҳои ҳавоӣ ҳам аз парвоз монданд. Муҳоҷирон дигар пули зиёд надоранд, ки аз роҳи ҳавоӣ ҳаракат кунанд.

Нодир Расулов, ки чанд сол намояндаи ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро дар Тоҷикистон ба уҳда дошт ва айни замон ба фурӯши билетҳои ҳавопаймо машғул аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “вижагии бозори парвозҳо дар Тоҷикистон ин аст, ки сафари аксарияти мусофирони мо яксамта (яктарафа) аст. Яъне, аксар муҳоҷирон дар оғози мавсим мераванд ва тирамоҳ бармегарданд. Аз ин рӯ дар аксари рейсҳо аз як самт пур мешаванд ва ширкат маҷбур аст, хароҷоти ду самтро ба нархи билети якҷониба зам кунад”.

Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ аз кор монда буд, соли 2010 дубора ба кор даромад ва тавассути он асосан ширкати “Ист Эйр”-и Русия дар як ҳафта аз 8 то 16 парвозро ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Самара анҷом медод.

Вале дар пайи бӯҳрон муштариёни парвозҳои якҷониба ҳам шадидан коҳиш ёфтанд. Бинобар омори охирини Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар ним соли ҷорӣ шумори муҳоҷирон 21 дарсад нисбат ба соли қаблӣ коҳиш ёфта, ҳамагӣ каме беш аз 242 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд.

Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ аз кор монда буд, соли 2010 дубора ба кор даромад ва тавассути он асосан ширкати “Ист Эйр”-и Русия дар як ҳафта аз 8 то 16 парвозро ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Самара анҷом медод. Аммо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон муҷаввизи ин ширкатро қатъ кард ва “Ист Эйр” ночор аз бозори Тоҷикистон берун рафт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG