Пайвандҳои дастрасӣ

Саидзода рафт, Саидзода омад. Таъйини муовини нави Рустами Эмомалӣ


Фирдавс Саидзода

Фирдавс Саидзода муовини раиси шаҳри Душанбе оид ба умури нақлиёт таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Қурбон Саидзода гардид, ки тайи беш аз як соли охир дар ин вазифа кор мекард ва ҳафтаи гузашта аз кор рафтааст.

Фирдавс Саидзода рӯзи 29-уми май бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва бо ризояти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақом таъйин шудааст. Мақоми Фирдавс Саидзодаро бояд Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ намояд.

Баъзе аз сокинони пойтахт мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо дар як соли охир ҳанӯз мушкили нақлиёт дар Душанбе пурра ҳал нашудааст.

Фирдавс Саидзода рӯзи 29-уми май дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи нақшаҳои кориаш баъдан сӯҳбат хоҳад кард. Фирдавс Саидзода то таъйин шудан ба мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе, сардори идораи "Душанбенақлиётхадамотрасон" -- ниҳоди танзимкунандаи бахши нақлиёт дар пойтахт буд.

"Пас аз ҷарроҳӣ дигар кор кардан натавонист"

Хабари истеъфои Қурбон Саидзодаро рӯзи 29-уми май дар дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Масъулини шаҳрдорӣ гуфтанд, "Саидзода дигар муовини Рустами Эмомалӣ нест". Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, Қурбон Саидзода ҳафтаи гузашта аз кор рафт. "Вай пас аз ҷарроҳӣ дигар натавонист ба кор баргардад. Ҳоло бемор ва дар хонааш аст, табобат мегирад. Раиси шаҳр аризаи ӯро тасдиқ кард ва Саидзодаро аз вазифа озод намуд", - афзуд ӯ.

Қурбон Саидзода.
Қурбон Саидзода.

Талошҳои мо барои сӯҳбат бо худи Қурбон Саидзода бенатиҷа буд. Дар бахши нақлиёти шаҳрдори Душанбе аз ӯ ҳамчун сардори муваффақ ном бурданд, ки тавонист дар умури нақлиёти пойтахт тағйиротҳои зиёде анҷом диҳад.

"Норозигии сокинон бартараф нашуд"

Қурбон Саидзода муовини раиси шаҳри Душанбе дар умури нақлиёт, яке аз соҳаҳои пур аз мушкили пойтахт, буд. Моҳи январи соли 2017, баробари ба мақоми шаҳрдори Душанбе расидани Рустами Эмомалӣ, ба ҳайси муовини ӯ таъйин гардид. Аз замони раёсати Рустами Эмомалӣ дар ҳукумати шаҳри Душанбе ин нахустин муовинаш аст, ки аз мақом меравад.

Нозирони умури нақлиёти Душанбе мегӯянд, бо инки ӯ тавонист дар ин бахши шаҳрдорӣ тағйиротҳои зиёд биорад, аммо танзими пурраи соҳа ба ӯ даст надод. Дар якуним соли роҳбарии Қурбон Саидзода дар бахши нақлиёти шаҳри Душанбе дар ин соҳа тағйиротҳои зиёд сурат гирифт. Аз ҷумла даҳҳо автобуси ISUZU бо харҷи 3,4 миллион евро аз Туркия ба Душанбе оварда шуда, ҳаракати таксиҳои маъруф ба "3 сомонӣ" манъ гардид. Инчунин, ҳаракати "Старекс"-ҳо дар роҳҳои марказии пойтахт манъ ва низоми нави пардохти роҳкиро ҷорӣ шуд.

Мавзунаи Муҳаммадалӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки ба ронандаҳои хатсайрҳои Душанбе дарси фарҳанги муошират мегӯяд, дар замони роҳбарии Қурбон Саидзода бар умури нақлиёти шаҳрӣ норозигии сокинони пойтахт аз ин соҳа бартараф нашуд. Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, бо инки дар ин соҳа пешравиҳои мусбат ҳам зиёд ба чашм мехӯрад, аммо пурсишҳои онҳо нишон медиҳад, ки сокинони пойтахт то ҳол аз вазъи нақлиёти шаҳрӣ розӣ нестанд.

"Масалан як рӯз дар нақлиёти ҷамъиятӣ нишаста будам, ки ронанда ба истгоҳ омада, аз миқдори курсиҳо зиёд мусофир нагирифт. Аз ин ҳолат як зане норозигӣ кард, ки ҳамон "старекс"-ҳо хуб буданд, ки зиёд мусофир ҳам гиранд, аммо дар кӯча намегузоштанд. Ҳозир шумораи нақлиётҳо камтар шуд, пештар агар саривақт меомад, ҳоло дар истгоҳ мардум мунтазир мешванд. Агар саҳарии барвақт набароем, нақлиёт ёфтан мушкил мешавад",-мегӯяд Мавзунаи Муҳаммадалӣ.

Бо ин вуҷуд, Мавзунаи Муҳаммадӣ мегӯяд, давоми якуним соли роҳбарӣ Қурбон Саидзода тавонист баъзе аз мушкилиҳои бахши нақлиёти шаҳриро бартараф кунад. Аз ҷумла то ҷое аз байн рафтани тамбашавии нақлиётҳои худрав, баровардани автобусҳои нав ба хатсайрҳо ва беҳтар шудани одоби ронандаҳо мебошад.

"Боло бурдани роҳкиро: тағйироти аслии Саидзода"

Яке аз тағйиротҳои аслии Қурбон Саидзода, ки ба қавли коршиносон норозигии аҳолиро бештар кард, ин ба таври назаррас боло бурдани қимати роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе аст. То моҳи марти соли ҷорӣ қимати роҳкиро дар нақлиётҳои хурдҳаҷм аз 80 то 1,60 дирам ва дар автобусу троллейбусҳо 70 дирам буд. Аммо се моҳи пеш шаҳрдорӣ қиммати роҳкиро барои нақлиётҳои хурдро 1,60 дирам ва дар автобусу троллейбусҳоро 1-1,20 дирам муқаррар кард.

Шамсулло Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, ки мавзӯъҳои нақлиёти шаҳриро зиёд пайгирӣ кардааст, мегӯяд, дар давраи Қурбон Саидзода мушкили нақлиёт дар кӯчаҳои марказии пойтахт то ҷое ҳал шуд, аммо дар канораҳои Душанбе мушкил ҳамчунон боқӣ монд.

Нақлиёти шаҳрӣ аз камтарин бахшҳои кори шаҳрдории Душанбе аст, ки ҳама вақт зери интиқод қарор дорад. Дар гузашта шаҳрдори собиқ Маҳмадсаид Убайдуллоев низ пайваста аз кори нақлиёти шаҳрӣ интиқод мекард ва сари чанд моҳ масъулони ин бахшро огоҳӣ медод ва ё аз кор озод менамуд.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҳам, ки моҳи январи соли гузашта ба ин мақом расид, корашро аз танзими нақлиёти ҷамъиятӣ оғоз кард.

Баъзе аз сокинони пойтахт мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо дар як соли охир ҳанӯз мушкили нақлиёт дар Душанбе пурра ҳал нашудааст. Ҷадвали номушаххаси ҳаракати мусофирбарҳо, автобусҳои пуропури одам, муносибати начандон хуби ронандаҳову нозирон ва камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷумлаи чунин мушкилҳо шумурда мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG