Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хунук ва чиркин". Шикоятҳо аз шароити “карантин” дар Тоҷикистон. ВИДЕО, САДО


Аксро аз маҳалли карантин дар Зимчуруд фиристоданд
Аксро аз маҳалли карантин дар Зимчуруд фиристоданд

Беш аз 500 нафаре, ки субҳи 21-уми март аз Маскаву Дубай ба Тоҷикистон баргаштанд, дар Харангон ва лагери кӯдаконаи Зимчуруд дар ҳудуди ноҳияи Варзоб таҳти "карантин" қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи як шоҳиди айнӣ, мусофиронро аз дарвозаҳои минтақаи "Фурудгоҳи куҳна" бо автобусҳо ва таҳти муроқибати кормандони милиса ва мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" ба маконҳои карантинӣ расондаанд.

Чанде аз афроди таҳти карантин ва наздикони онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар номаву наворҳои ҷудогона ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки шароити лагерҳо барои нигоҳ доштани одамон муносиб нест ва баръакс, метавонад одамонро бемор кунад.

Дар чанде аз ин наворҳо пизишкон ва намояндаҳои мақомот ҳам тасвир ёфтаанд, ки то ҷое муносиб набудани ин маконро барои "карантин" дуруст меҳисобанд, вале иқрор мекунанд, барои омода кардани ҷойи муносиб фурсат надоштанд. Мақомот ваъда додаанд, ки мушкилро ҳал мекунанд.

Ин видеоҳоро корбарон фиристодаанд:

Шикоятҳо аз шароити “карантин” дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Нигора Бобоҷонова шаби 20 ба 21-уми март аз Маскав ба Душанбе омад ва, ба гуфтаи худаш, онҳоро ба дараи Харангони ноҳияи Варзоб бурданд. Бобоҷонова шароити маҳалли карантинро ингуна тасвир кард: "Дар як ҳуҷра то 45 нафар занро ҷойгир карданд. Ҳоҷатхона дар берун, об, собун... ягон хел тозагӣ дар инҷо нест. Хонаҳо сард. Як гармкунак дар як ҳуҷраи калон. Об нест. Табибон доруҳои заруриро надоранд ва танҳо фишору ҳароратро месанҷанду бас."

Вай илова кард, ки дар фурудгоҳ баъди гирифтани бағоҷ онҳоро аз даромадгоҳи эҳтиётӣ бо мусофирбарҳо ба Варзоб бурданд. Дар роҳ, ба гуфтаи Нигора Бобоҷонова, онҳо азоб кашиданд, чун ҳамроҳашон кӯдакон ва афроди бемор низ буданд.

Аксро аз маҳалли карантин дар Зимчуруд фиристоданд
Аксро аз маҳалли карантин дар Зимчуруд фиристоданд

Айни ҳамин шикоятҳоро онҳое низ мекунанд, ки шаби гузашта аз шаҳри Дубай ба Душанбе баргаштанд. Ваикли мудофеъ Дилрабо Самадова мегӯяд, баъди бозгашт аз Дубай онҳоро дар Зимчурӯди Варзоб ҷойгир карданд. Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 21 март Самадова афзуд, онҳоро ба лагере оварданд, ки ҳанӯз таъмир мешавад ва обу гармӣ надорад.

Ба гуфтаи Самадова, шикоятҳои зиёдашон дар ин бора ба мақомот то ҳол бенатиҷа аст ва, ба қавли ӯ, мақомот ҳатто шиносномаҳояшонро гирифтаанд, то ба ҳеч куҷо рафта натавонанд.

“Барои дастшӯӣ об нест. Таъмири инҷоро тамом накардаанд, ноқилҳо насб нашудаанд, обгармкунак нест. Чанд бор рафта шикоят кардем, агар як кас байни мо касал бошад, ҳама касал мешавад. Ду нафар дар миёни мо баъди ҷарроҳӣ дар хориҷа ба инҷо оварда шудаанд,” - гуфт Дилрабо Самадова.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ҳол ба ин интиқодҳо посух надодаанд, ҳарчанд дар як навор дида мешавад, ки онҳо дар яке аз лагерҳоро бо афроди зери карантин суҳбат кардаанд.

Талошҳои мо рӯзи 21-уми март барои гирифтани назари масъулини Вазорати тандурустӣ бенатиҷа буд ва онҳо ба зангҳои мо посух надоданд. Аммо онҳое, ки аз Русия оварда, дар Харангон нигоҳдорӣ мешаванд мегӯянд, масъуле аз Вазорати тандурустӣ ба онҳо гуфтааст, ки беморхонаҳо пур шудаанд ва талош мекунанд мушкили онҳоро низ ҳал кунанд.

Акс аз хабарнигори тоҷик Шаҳноз Комилзода
Акс аз хабарнигори тоҷик Шаҳноз Комилзода

Мақомот дар ҳоле афроди бозгашта аз Русия ва Имороти Муттаҳидаи Арабро ба карантин мефиристанд, ки пештар дар ин бора расман хабар надода буданд.

Ду рӯз қабл эълон шуда буд, афродеро ба карантин мефиристанд, ки дар Чин, Эрон, Италия, Ҷумҳурии Корея, Афғонистон, Фаронса, Испания, Шветсия, Швейтсария, Британияи Кабир, Норвегия, Нидерланд, Олмон, Белгия, Дания ва ИМА қарор доштанд.

Шикоят аз шароити "карантин" дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим

Дар ҳамин ҳол, шикоятҳо дар бораи аз маҳалли карантин берун рафтани чанде аз сокинон ҳам расонаӣ шудааст. Мусофирони ҳавопаймои Истанбул-Душанбе, ки рӯзи 19-уми март ба кишвар расида, дар таваллудхонаи Варзоб ҷойгир шудаанд, мегӯянд, бархе афрод низоми карантинро риоя намекунанд ва бо воситаи шиносҳояшон ба берун мераванд.

Сомонаи АССА.media, ки бештар масоили Осиёи Марказиро ба баррасӣ мегирад, дар матлабе навишт, чанд манбаъ ба он хабар додаанд, ки бархе аз сокинони Тоҷикистон ду ҳафта дар карантин будан намехоҳанд ва бо ришва аз зери назорати пизишкон халос мешаванд.

Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манобеи дигар феълан ғайримумкин аст. Мақомот ҳам ҳанӯз вокуниш накардаанд. Аммо сомонаи АССА.media дар идома навиштааст, “мансабдорон ва намояндагони ниҳодҳои қудратӣ дӯстону пайвандони худро худсарона аз маҳалли карантин берун мебаранд. Коршиносон хавф доранд, агар дар миёни онҳое, ки маҳалли карантинро тарк карданд, ягон каси гирифтор ба вируси нав бошад, метавонад мардуми зиёдро гирифтор кунад.”

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Узбекистон рӯзи 21-уми март бо такя ба иттилои Вазорати адлияи он кишвар навиштанд, барои вайрон кардани қоидаҳои карантин ба сокинон 22 миллион сум ҷарима ё ҳашт соли зиндон таҳдид мекунад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори се рӯзи охир дар бораи афродеро, ки ба карантин фаро гирифтанд, эълон накардааст. Қаблан вазорат гуфта буд, аз моҳи феврал то 18-уми март тақрибан 1900 нафареро, ки аз хориҷа омада буданд, зери назорати пизишкон қарор доданд. Мақомот то ҳол борҳо гуфтаанд, ки ягон мавриди тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, вале бархе аз манбаъҳо ин изҳоротро зери шубҳа қарор додаанд. Дар ду ҷаласаи хос барои пизишкон мақомот гуфтаанд, ки маълумоти тоза ва дақиқ баъд аз поёни ҷашни Наврӯз эълон хоҳад шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG