Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти мансуб ба амири Қатар ҷанҷолбарангез шуд


Амири Қатар.

Тибқи гузоришҳо, ҷанги лафзӣ байни Қатар ва шуморе аз кишварҳои шайхнишини ҳошияи Халиҷи Форс бар сари изҳороте, ки ба амири ин кишвар нисбат дода шудааст, афзоиш ёфтааст. Қатар рӯзи чаҳоршанбеи 24-уми май эълон карда буд, ки хабаргузории давлатии ин кишвар ҳакк шуда ва изҳороте ба нақл аз Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дар интиқод аз Амрико ва дар ситоиш аз Эрон, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "Ҳамос" ва "Ихвон-ул-муслмин", дар ин хабаргузорӣ мунташир шудааст.

Гуфта шуда буд, ки амири Қатар дар як маросими артиш, ин изҳоротро баён кардааст. Ҳукумати Қатар гуфтааст, ки ин изҳорот "сохта ва ҷаълӣ" аст ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ чунин суханонеро нагуфтааст. Бо вуҷуди он, ки ҳукумати Қатар ин хабарро радд кард, аммо расонаҳои Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамчунон изҳороти Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро мунташир мекунанд.

Дар соли 2013 Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн -- се увзи Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар пайи ихтилофи назар бо Қатар, Доҳаро ба ҳимоят аз исломгароён муттаҳам ва сафирони худро аз Қатар фаро хонда буданд.

Хабаргузории "Рейтерз" менависад, таниши нав байни Қатар ва се кишвари ҳошияи Халиҷи Форс баёнгари он аст, ки эҳтимолан ихтилофот байни ин кишварҳо дар пушти парда дар ҳоли афзоиш аст. Қатар чаҳор сол пеш низ бо Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн дучори мушкилот шуда буд.

Баста сайтҳои хабарӣ

Дар баёнияи расмии як мақоми вазорати умури хориҷии Қатар дар рӯзи чаҳоршанбе омадааст, "мо дар тааҷҷуб ҳастем, ки чаро бо вуҷуди радд кардани хабар, ҳанӯз бархе аз шабакаҳои телевизионӣ ва хабаргузориҳо ин хабари ҷаълиро бознашр мекунанд. Як сухангӯи ҳукумати Қатар низ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, ки "амири Қатар аслан дар он маросими артиш, суханронӣ накардааст."

Ин дар ҳоле аст, ки расонаҳои Арабистони Саудӣ ба шиддат ба амири Қатар ҳамла кардаанд. Рӯзномаи "Укоз" - чопи Арабистони Саудӣ навиштааст, ки "Қатар бо ҷудо шудан аз саф, дар канори душманони миллат (араб) истодааст. "Араб Нюс" чопи Риёз низ навиштааст, ки ин изҳороти амири Қатар хашми кишварҳои Халиҷи Форсро барангехтааст.

Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сайти шабакаи "Ал-Ҷазира" вобаста ба Қатарро бастаанд. Ба гузориши "Рейтерз", телевизиони "Ал-Арабия" вобаста ба ҳукумати Арабистони Саудӣ барномае бо номи "Санади ин, ки хабаргузории Қатар ҳакк нашуда буд", пахш карда ва гуфтааст, "изҳороти Амири Қатар на танҳо дар хабаргузориҳои давлатӣ, балки дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ ва "Инстогарм"-и хабаргузории давлатии ин кишвар, низ мунташир шуда буд.

"Ал-Арабия" ҳамчунин аз қавли як мақоми вазорати умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфтааст, ки ҳама вебсайтҳои хабарии Қатар дар Иморот масдуд шудаанд. Як дипломати ғарбӣ дар Доҳа ба "Рейтерз" гуфтааст, "воқеият ин аст, ки минтақа дар остонаи афзоиши танишҳо аст ва ин ҳараҷу мараҷи комил аст."

Изҳороте, ки ба амири Қатар нисбат дода шудааст, чанд рӯз пас аз ҳузури вай дар дидор бо сарони кишварҳои исломӣ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар Арабистони Саудӣ, мунташир шуд. Доналд Трамп дар суханронии худ дар ин нишаст бо сарони кишварҳои исломӣ, гуфта буд, ки Эрон омили бесуботӣ дар минтақа аст.

Дар соли 2013 Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн -- се увзи Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар пайи ихтилофи назар бо Қатар, Доҳаро ба ҳимоят аз исломгароён муттаҳам ва сафирони худро аз Қатар фаро хонда буданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG