Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи аҳолӣ аз барқ 600 миллион сомонӣ кам шудааст

Дар як соли ахир қарзи аҳолии Тоҷикистон аз барқ ҳудуди 600 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Тибқи омори ахир, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об 10-уми июл нашр кард, аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи барқ 1,1 миллиард сомонӣ қарздор ҳастанд. Як сол пеш қарзи аҳолӣ аз барқ 1,7 миллиард сомонӣ эълон шуда буд.

Омори мақомот дар бораи қарздории аҳолӣ аз барқ солҳост, ки шубҳаву гумонҳоеро ба миён овардааст.

Хабарнигорон борҳо ин мавзӯъро бо намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" баҳс кардаанд. Намояндагони "Шабакаҳои тақсимоти барқ" пештар гуфта буданд, беш аз 1 миллиард сомонӣ, қарзе мебошад, ки солҳои гузашта ҷамъ шудааст. Мустақилона тасдиқ кардани ин ҳарфҳо мушкил аст.

Ба гузориши ахири Вазорати энергетика, баъди аҳолӣ калонтарин қарздор аз барқ "Ширкати Алюминийи Тоҷик" мебошад, ки қарзаш ба 991 миллион сомонӣ расидааст. Як сол пеш қарзи ин корхона аз барқ 718 миллион сомонӣ буд.

Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ бо 322 миллион сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо 100 миллион ва Корхонаҳои обу корез бо 126,4 миллион сомонӣ, аз қарздорони калон дар назди идораи барқ будаанд.

Таҳлили омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар як соли ахир ба ҷуз корхонаҳои буҷетӣ, қарзи Оҷонсии беҳдошти замин ва корхонаи обу корез ба таври назаррас зиёд шудааст.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG